Шумқор Одинабек

  Сароянда ва ромишгари мумтоз Шумқор Одинабек зодаи деҳаи Баравни Водхуди ноҳияи Ванҷ буда, дар хонадони марди деҳқон Одинабеки Баравнӣ дар соли 1925 ба дунё амадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби деҳа гирифта, барои идомаи таҳсил ба Ғарм , ки он вақтҳо вилоят буд ва Ванҷ ба он дохил мешуд, рафт.
  Маълумоти пурраро дар мактаб-интернат гирифта, баьд таъсилро дар Омӯзишгохи омузгори Ғарм давом дода, онро соли 1940 хатм мекунад. Вай аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқи беандоза дошт, аз ин рӯ, дар маҳфилҳои мактабӣ ва омӯзишгоҳӣ фаьолона иштирок кард.
  Кормандони театри вилоятии Ғарм мактаб ба мактаб барои омӯзишгоҳ ҷавонони ҳунармандро ҷустуҷӯ карда, ба театр ҷалб менамуданд. Бахти Акашумқори ҷавон хандиду ӯ ҳам узви дастаи ҳунарии театр шуд. Ин орзуи деринаи ӯ буд. Дар як саф бо ҳунармандоне чун Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев хунарнамоӣ мекард.
  Соли 50-ум вилояти Ғарм барҳам хӯрд. Акашумқор ҳунарнамоияшро дар ансамбли дуторнавозони Филармонияи давлатии Тоҷикистон идома дод. Ӯ яке аз дуторнавозони машхури ҷумҳурӣ буда, иштирокчии фаьоли се даҳаи саньати Тоҷикистон дар шаҳри Москва буд. Вай то охири ҳаёт дар Филармонияи давлати Тоҷиктстон кор кардааст.
 Хизматхои ӯро ба инобат гирифта, соли 1983 ҳукумати ҷумҳурӣ Акашумқор Одинабекро бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонид. Мо хамдиёрон бо ӯ мефахрем. Ёдаш ба хайр бод. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.