Ҷоизаи Ҷаҳонгир

Ҷоизаи Ҷаҳонгир: аз хотираҳои соли 2014 то мушкилоти олимпиадаи фаннии мактаббачагон 

  JahtulforҶаҳонгир Тулфоров беҳтарин барномасози ҷавони соли 2017 гардида, Ҷоизаи барномасози ҷавонро соҳиб шуд. Бар Ҷаҳонгир муборак бод! Ҷаҳонгир Тулфоров аз шумори ҷавононест, ки дар саҳму муаррифӣ ва мақоми илми диёр, минҷумла, фанҳои дақиқ мақоми беназир дораду бо кушишҳои пайгирона дар пайи дастовардҳои созандаву беҳтарин аст. Ин ҷавони хоксорро аз овони толибилмӣ мешинохтаму бо ҳам дӯст, бародар ва иштирокчиёни ҳаракати олимпии мактаббачагони диёр будем.
  Каме агар дуртар аз Ванҷи диёрамон назар кунем дар сатҳи вилоятӣ рақибе наёфт, ки сабқати фанниву илмӣ кунад. Билохира, мақоми аввалро аз фанни физика ба даст овард. Баъзан, ӯро бо номи Эйнштейн садо мекардем. Омӯзгоре, ба фикрам аз ноҳияи Ишкошим бо таассуфу ҳасрат гуфта буд: – “Мутаассифона, имсол Эйнштейн аз Ишкошим ба Ванҷ рафт”. Чунки ҳамон соли 2014 ҳам аз синфи 10 ва ҳам 11-ро толибилмони боғайрату фидокори роҳи илму фанни диёр соҳиб шуданд. Сипас, Ҷаҳонгир роҳро ба самти ҷумҳур пеш гирифт.
 Дар даври ҷумҳуриявӣ баъзе нотавонбиниҳо ба истилоҳи имруза “амакбачаву”, “тағабозиҳо” шуданд, ки мехостанд аз мақомҳои ифтихорӣ ӯро бенасиб кунанду чунин дурдонаи зеҳниву сармояи инсонии диёрро бенасиб аз ҷой гирифтан кунанд. Аммо, боз бо ҳамон ҷуръати худ, дониши худ, боварии худ устувор будан имконаш даст дод, ки аппелятсия ё аризаи норозият аз баҳои ҳакамону профессорон (дар сатҳи ҷумҳуриявӣJahtuljoiz тафтишгарон ё баҳогузорон аз ҳисоби профессорони фанҳои марбута ҷалб мешаванд) навишту то мақоми 3-юм бо медали биринҷӣ худро мушарраф сохт, дар ҳоле аз шарафёбӣ маҳрумаш сохтанд. Аввалин муждаи медали ба қавле олимпии фаннии ҷумҳуриявиро бар зодгоҳ, Ванҷи пурганҷ оварду ба дастаи фанҳои гуманитарӣ як кушоиши кору барорӣ гардид. Ҳамин муждаи нек ва илҳоми овардаи Ҷаҳонгир буд, ки баъди як ҳафта боз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ се тан аз толибилмони диёр аз фанҳои гуманитарӣ-ҷамъиятӣ Бачамардов Абубакр аз фанни забон ва адабиёти тоҷик мақоми 2-юму соҳиби медали нуқра, Муҳаббатова Шарифа аз фанни ҳуқуқ мақоми 3-юму соҳиби медали биринҷӣ ва Гулбаҳори Амриддин аз фанни таърихи халқи тоҷик мақоми 3-юму соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Яъне, дар ҳамон сол ба хазинаи медалҳои олимпиадавии фаннӣ 4 медал зам гардид, ки дар таърихи солҳои охири н. Ванҷ беназиру бесобиқа буд ва боиси мақоми баланди маорифи ноҳия ҳам дар вилоят ва ҳам дар ҷумҳурӣ гардид.
  Оё ҳамон солро ва аз он болотарро имкони такрор аст? Мушкилоти моливу фаннӣ ва моддию кадрии таълимӣ чӣ гуна бартараф мешаванд? Сарҷамъона бояд амал кунем, то чеҳраҳои кашфношударо кашф кунем!? Муассисаҳои таълимӣ дар ин самт чӣ кор кунанд? Садҳо савоҳои дигар ҳаст, ки чӣ боядҳо кунему набоядҳо кунем…

Абубакр Бачамардов.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.