Корду ғилоф

  Дар водии Ванҷ барои шахсони ба балоғатрасида бо худ гардондани корд ва ғелофу камарбанд аз давраҳои пеш як амали маъмулӣ ва то ҷоеро ҳатмӣ ҳам будааст. Ба гуфти кӯҳансолон шахсе, ки гӯё дар ҳузураш чорвое ҳаром мемурдааст, шахси бемасъул ва то ҷоеро он қадар мардаки мукаммале ҳам набудааст. Расми гардондани корд бо худ то даврони шуравӣ ҳам вуҷуд дошт, аммо аз сабаби он ки кордҳои дутарафа тезкарда шуда ва дамашон дарозтар ва дар мобайни дамаш новачадошта мувофиқи қонунгузории ин давлат ба қатори яроқҳои сард дохил мешуданд, мардуми ин минтақа қисман ба истифодаи кордчаҳои магазинии қатшавандаKordugelof гузаштанд ва ин расм то солҳои пошхӯрии шуравӣ дар байни миёнсолон ва мӯйсафедон боқӣ монда буд.
  Ёд дорам, мӯйсфедон аз кордҳои худ ифтихор ҳам мекарданд. Дар вақти маъракаҳо баъди пӯст кардани себе ё реза кардани пораи гӯште дуру дароз кордҳои худро таърифу тасвиф карда, бо якдигар  – “Корди ман аз корди ту тезтар ё бақувватар аст” – гуфта, гоҳ-гоҳ баҳс ҳам мекарданд. Мӯйсафедон кордҳои қатшавандаи худро дар ғилофҳои мувофиқи завқу шавқи худ сохтаи чармӣ, ки дар поёнашон шилшилак доштанд ва баъзе пурра дӯхтагӣ доимо ва дар ҳама маврид бо худ мегардониданд. Аммо, ин расм солҳои охир дар водии Ванҷ аз байн рафтасту дар деҳаҳо шахсони дар камарбандашон корду ғелофдор кариб, ки ба чашм намерасанд, гӯем ҳам хато намекунем. Азиз Қадам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.