Ҳунарҳои мардумии Ванҷ

  Аз тарафи президенти ҷумҳурӣ эълон гардидани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин маврид барои зинда кардани ҳунарҳои ба қавле бобогӣ барои мардуми ҳар як ноҳия минтақа ва вилоёти кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад. Гарчанде ноҳияи Ванҷ қисмате аз Тоҷикистони азиз ва мо нохуне дар гӯшти тоҷикони ҷаҳон мебошем, аммо чун дигар тоҷикони гирду канори олам ва манотиқи дигари кишвар одот ва ҳунарҳои ба худ хосеро соҳибем. Мусаллам аст, ки тоҷикони ҳар кунҷу канор дар тӯли қарнҳо роҳҳоеро тай намуда, вобаста ба ҷуғрофиё, торих ва фазо одот ва ҳунарҳои хосеро ба худ касб намудаанд, ки дар маҷмӯъ фарҳанги мардуми тоҷик ва фаротар аз он иронӣ ва ориёӣ ном гирифтааст.Hnarmardm
  Тасмим гирифтем инҷо каме дар доираи ҳунарҳои тоҷикие, ки байни мардуми Ванҷ авлавият ва афзалият пайдо намудаанд ҳарф бизанем то шояд сабабе барои барқарор ва зиндагардонидани баъзе аз оддоти фаромӯшшуда бигардад.
  Гӯштингирӣ ё ба қавли фарҳангҳои қадимтар кӯштӣ. Гӯштингирӣ ва паҳлавонӣ аввалин тасаввуре мебошад, ки баъди шунидани номи Ванҷ ва ванҷӣ дар сари ҳар шунавандае чарх мезанад. Ин варзиш агар дар дигар манотиқи кишварамон хоси паҳлавонҳо ва ё ба қавле бачаҳои толори варзиш бошад, дар мардуми Ванҷ хоси кӯдаку духтар ва зану мард аст. Борҳо аз занҳои калонсол мешунавем, ки солҳои пеш ҳангоми мактаббачагӣ ва ҳатто вақти корҳои ҳашар бо ҳамдигар гӯштин мегирифтаанд ва то ҳол ёдоварӣ мекунанд, ки чи гуна фалониро аз тори сар оварда ба замин задаанд. Ҳамин, ки баҳор шуд ба таври худкор кӯдакони Ванҷ болои рашае (алафзор) ба ҳамдигар даст ба камар шуда, гӯштингирӣ менамоянд. Ҳатто мани ногуштингир ҳам ҳар баҳор ҳангоми кишту кори баҳорӣ шавқ пайдо намуда, бо ёру рафиқ ва биёрзову хуварзодаҳои барои коре ҳашаркардашуда часпида соатҳо кашокаш меномоем ва ин ҳодисаро тақрибан дар бештари ҳашарҳои баҳорӣ дар кунҷу канори Ванҷ дидан мумкин аст. Дар мавиди гӯштингирӣ ва майдондории ванҷиён фикр мекунам, ҷои баҳс нест ва ин ба касе пӯшида нест. Бандкашӣ, вазнбардорӣ, давидан ва аспсаворӣ низ намуди варзишҳое мебошанд, ки пас аз гуштин дар Ванҷ машҳур мебошанд.Дафоқумбак ё ба қавли мардуми дигар доирабазм.
  Дафоқумбаки ванҷӣ агарчӣ чун гӯштингирӣ нишонае аз Hnarimardmмардонагӣ паҳлавонӣ ва майдондорист, аммо дар он фарқ мекунад, ки танҳо хоси мардуми Ванҷ ва ванҷиҳоҳо буда, аз тарзи доирабазми масалан Хатлону Рашту Суғд ва ҳатто ноҳияҳои дигари Бадахшон низ ба куллӣ фарқ мекунад. Мутаассифона, иҷрокунандагони хуби ин намуди санъат ё дунёро падруд гафтаанд ё дар айёмӣ пирӣ қарор доранд, ки бими нобудшавии онро пеши рӯ меорад.
  Сарояндагӣ ё ҳофизӣ. Сарояндагӣ ва ҳофизии ванҷӣ низ хосиятҳои хосеро доро буда, тарзу усулҳои хосаро дорост. Чанд мушоҳидаи худро ҳамчун на як мутахассиси соҳа, ҳамчун як инсоне, ки гоҳ-гоҳ ванҷигихониро дидаву шунидаам, аз фарқият бо сарояндагии дигар манотиқ мегузорам:
  1) гузаштагони мо сурудҳоро бо далел мехонданд ва шеърро низ вобаста ба сабаби базм. Масалан, рӯзҳои тӯй, вақти баромадани шаҳ “Барор-барор”, вақти ба хонаи арӯс рафтан “Шоҳи мо ҳаминай” ва ғайра;
  2) шеъри пастро интихоб намекунанд. То ҳол аз пирон ягон шеъре нашунидаам, ки бемазмун, паст ва фаҳш бошад;
  3) чанд намуди сароидан вуҷуд дорад, ки танҳо ва танҳо дар ноҳияи Ванҷ иҷро карда мешаванд.
  4) олоти асосии сарояданҳои мардумии Ванҷ асосан даф ба ҳисоб мерафт ва оҳанги тез дар ин сароиданҳо тақрибан дида намешуд;
  5) раққосӣ ва раққоса камтарин саҳмро дар фарҳанги мардуми Ванҷ касб мекунад. Чаро, ки то ҳанӯз шахсан ман нашунидаам, ки бигӯянд модар ё холаи фалонӣ бисёр раққосаи хуб буд. Аммо таърифи рақси мардонаро шунидаем ва низ дидаем. Он низ дар фарқият, масалан аз рақси хатлонӣ беҷунбонҷунбон, бовиқор ва ҷиддӣ иҷро мегардид.
  Коргаҳ ва оҳангарӣ. Фикр мекунам қадимтарин ҳунари истеҳсолие, ки дар байни мардуми Ванҷ ривоҷ ёфта буд, ин коркарди оҳан ва истеҳсоли маҳсулот аз он буд. Инро дар осори таърихӣ низ дидан мумкин аст. Тақрибан, дар ҳар деҳа то ҳанӯз коргаҳҳо, ки аслан ба истеҳсоли маҳсулот аз оҳан машғул буданд, вуҷуд доранд, аммо, мутаассифона, аз бештари онҳо фақат ном мондаасту халос.
  Волейбол. Яке аз варзишҳое мебошад, ки солҳои охир байни мардуми Ванҷ равнақ ёфт ва мухлисону бозингарони бештар пайдо намуд, ки сазовор аст, агар ба яке аз варзишҳои авлои ноҳия шомилаш бигардонем…

Хулоса

  Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо агарчанде рафтори аксарият беарзиштар аз одоти аққалият бошад ҳам, ба сари аққалият таҳмил мегардад. Албатта, мо метавонем арзишҳои дигаронро, ки сазовортаранд барои худ қабул кунем, аммо бархе аз одотеро, ки ба таърих ва одоти мо камтар алоқамандӣ доранд, беҳтар аст ба ҷои худ гузорем. Интиқол ёфтани арзишҳои як минтақа ба тамоми гӯшаву канори мамлакат гуногунии таркибии ҳунарҳои миллати тоҷикро коста мегардонад. Аз ин хотир, ҳоло, ки дар омад-омади ҷашни Наврӯз қарор дорем, беҳтарин фурсат аст, агар мо ҳангоми ҷашнгирӣ афзалият ба ҳунарҳои таҳҷоӣ бидиҳем, то онҳоро барқарор созем ва фарҳанги миллати тоҷикро ғанитар гардонем. Камолиддин Бозӣ.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.