Саховатмандӣ ва дастархондории ванҷӣ

  HizatkЯке ай хислатои бениҳоят хубе, ки дар мардми Ванҷ нисбат ба дигар манотиқ воҷибияти бештар пайдо караст (ай мшоҳидоои хдм) дсторхундорӣ ва меҳмундӯстдорист. Исботи ин гфтоо наминай, ки дилхоҳ инсон новобаста ай шнос ва ношносиш вақте ай дари хуна ва ё ам райи мошин мегзара, ҳар одами маҳаллӣ “чой бгирем”, “чой тиёрай”, “вахти обедай” ё ҳар чзи дигар ва амин маъно садош мекнан.
  Мн шахсан вахте ки кӯдакакои мактабхун ва ҳатто то ҳафтсола хешу табор, бобиву ббӣ ва ё ягун вегунаи гара мебинану “ҳамак ё бобӣ, биё чой бхр” гфта, даъватш мекнан, пр роҳат мекнм ва Худора шкр мекнм, ки амтарӣ одата кӯдакои мо ай хрдӣ ба хд касб мекнан. Хшрӯ дар ёд дорм, вахте ки кӯдак бием, дар пуни деҳа маҳалаи Дашт змини тамокӣ доштем, ки ай пеши хунаи хдмун каме дуртар ҷойгирай. Вахте бобайном змин кор мерафтан, мардми Дашт ҳатман як дсторхун, чойнику пиёлаву як нун ва тачойиш миёварану дар рашаи лави амун змин мепартофтан ва длхоҳ мардми рагзари маҳалӣ ва меҳмун даъват мешӣ ва як пиёла чоям мегрфт. Моам, ки кӯдак бийем, ай чою тачоийи сари змин нуши ҷун мекарем. Дар ун давра иқа ҳис намекарем, некӣ олӣ ҳар вахте ки байти “…Ту ғанимат шумар ин сояи беду лаби кишт”-а мехунм, дар ёдм амун лаҳзоои дсторхуни болои рашаи лави змин дар ёдм мезана. Воқеъан, сояи беду лави кишт лаззате дора, ки ҳар касе агар ҳисш бкна роҳат мекна.
  Хрсандиовай, ки дар амин Душанбашаҳрам гоҳ-гоҳе амин одоти ванҷигарӣ ай тарафи мардми Ванҷ ба чашм мехран ва то андозае ба дигар ҳамсоё низ таҳмил мегаранд. Масалан, доктор акаи Мҳаммадгиё, Худо бараката дар сарш брезуна, вахте ки ҳамсояи мо бӣ, ам як ванҷи га дар минтақаи Моҳи нави Душанбе бӣ. Ага масалан, сими барқ дар берун месӯхт ё ягон ҳашари нҳолшунӣ дар берун мешӣ, ҳатман дсторхуни акаи Муаммадгиё қати тачойиш мерасӣ. Оли амин одат дар ҳамаи ҳамсоямаракои акаи Муҳаммадгиё дида мегара. Гоҳ-гоҳ дар берун дсторхун мепартовану чой менӯшан.
  Ага ба ашъори мардми Ванҷам назар бкнем, дсорхундорӣ ва ҳизаткнӣ яке ай нишуноои инсонӣ ва мардонагист, дар ашъори тамоми шоъирои ванҷӣ ба ин ишора шиягӣ аст. Хулосаи ҳамаи ина мехоҳм дар чор мисраи акаи Иззатманд Саломиён, ки воқеъан ҳам як ванҷӣ ба тамоми маънош мебоша, пешкаштун кнм, ки мефармоя:
Ванҷиро дӯстиву душманӣ дар парда мабод,
Амалаш кори биҳиштист ва аърофӣ нест.
Охарин луқмаи худ он ки ба меҳмон надиҳад,
Номи ӯ сабт дар он дафтари аърофӣ нест.
  Мақсад ай гфтоои боло ба ҳеҷ ваҷҳ таъриф, кибр ва болоншундии ванҷиё ай мардми дигар манотиқ нест. Мақсад инай, ки дсторхундорӣ ва саховатмандира, ки гзаштаҳо ба мо мерос гзоштан, мо ҳифз бкнем ва ба фарзандои хд солим брасунем.
  Суҳбата ва як чақ-чақи хуб мехоҳм анҷом бдм. Ба наздикӣ дар пайи як зминҷмбиш як бари хунаи ҳамаки Ҳафизло дар Баравн чапа шӣ. Вахте ки хешу табор ҳама хабаргириш мераван, ҳамаи мо, зани ҳамаки Ҳафизло ай зиқиша мегристаст. Йӯ мега: – “Э, ту чӣ грйимӣ, хб шӣ, ки хунат чапа шӣ, ин ага чапа намешӣ, найино хока хабаргиримун мевуман”. Мақсад инай, ки мемундорӣ ва дсторхунороӣ муҳимтар ай ин хунаву даран. Худо ин саховатмандира барои ҳами мо ато фармоя!. Камолиддин Бозӣ.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.