Нуқраи Суннатниё

 Ба навиштани шеър аз овони ҷавонӣ шуғл варзада, шеърҳояш дар бисёр китобҳои дастҷамъии шоирони имрӯзаи тоҷик аз он ҷумла «Бӯи ҷӯи муллиён», «Наврӯзи Роғун», «Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе», «Гулбонги Истиқлол», «Бахтофарин», «Ҷилваи Наврӯз», «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз» ва ғайраҳо чоп шудаанд.
   Китобҳои алоҳидааш «Чашмаи Роғ», «Шогуна», «Сояи абр», «Нафаси хаёл», «Атри гули ёс» дар солҳои гуногун ба дасти хонандагон расида,аз ҷониби муҳаққиқон, олимони адабиётшинос мавриди таҳқиқ ва баҳои баланд гирифдаанд. Дар воқеъ Нуқраи Суннатниё чун шоири баркамолу соҳибравия дар Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони бурунмарзӣ маъруфияти назаррас соҳиб гаштааст.
  Намунаи шеърҳояш бо забонҳои русӣ, узбекӣ ва арабӣ тарҷума шудаанд, ҳамчунин силсилаи шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриҳои ҳамзабони Эрон ва Афғонистон ба табъ расидаанд.
  Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1996 инҷониб мудири шӯъбаи кадрҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
  Барои маҷмӯаи «Атри гули ёс» соли 2011 барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
  Хизматҳои бисёрсолааш аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶТ ва медали «Хизмати шоиста» қадр карда шудаанд.

Ватан

Кай кашидӣ интизории маро,
То ки оям рӯи хокат, эй Ватан?
Хуб медонам, накардам интихоб
Бо сари худ хоки покат, эй Ватан!
Кош ман чун ҳадя бошам баҳри ту,
Баски беҳин тӯҳфаи аз баҳри ман.
Аз азал бо ҳамдигар ҳамқисматем,
Ҳамгилему ҳамдилу ҳамҷону тан.
Аз азал чун модари аз баҳри ман,
Ман чу фарзанди азиз аз баҳри ту.
Нуқраи покизаи ҷисми туям,
Мисли ҳар як деҳаи ту, шаҳри ту.
Ҳеҷ касро нест, имкон,ки кунад
Модари хешу Ватанро интихоб.
Мояи тақдир бошад ин ҳама
Бахти кас бедор бошад, ё ки хоб.
Шукр гӯям қисмати некӯи худ,
Шукри он, ки бахти бедори манӣ.
Озмудам раҳ ба раҳ сад ранг дӯст,
Тоҷикистон беҳтарин ёри манӣ.

Ванҷ

Дар деҳи кӯҳистони Ванҷ
Аз хок ҳам беш аст санг.
Дар пойдории ҷаҳон
Бо ҷони мо хеш аст санг.
Аз санг девори баланд,
Аз санг айвони кушод.
Дар боғҳои серсанг
Аз санг сархоникушод.
Санг аст дар пойи мазор,
Аз санг лавҳи гӯрҳо,
Аз чашми моҳи шоми деҳ
Бар санг лағжад нурҳо.
Дар домани кӯхи баланд,
Бе санг марзи танг нест.
Сад шукр, аммо мардумаш
Дилтанг ё дилсанг нест.
Дар деҳи кӯҳистони Ванҷ
Гар нест дарёи калон…
Дар доманаш мепарварад
Дарёдилони ташнаҷон!

Эй, ки аз оғоз туро меҷӮям

Кистӣ, Эй, ки аз оғоз туро меҷӯям,
Раҳи ман кӯр шуду боз туро меҷӯям?
Медамад аз дили сетор шигарф оҳанге,
Меравам дар дили овоз туро меҷӯям.
Баски дар оина чашмони туро мебинам,
Ман дар ин оинаи роз туро меҷӯям.
Шона чун панҷаи ту даст ба мӯям бикашад,
Ман дар ин ҷилваю пардоз туро меҷӯям.
Андар он шӯъла, ки парвона параш месӯзад,
Мезанам болу шаҳи ноз туро меҷӯям.
Дар сари роҳи ҷаҳон роҳи туро мепоям,
Кистӣ, эй, ки аз оғоз туро меҷӯям!?

Бадахшонӣ

Ба рӯи санг бигзорад намозашро бадахшонӣ,
Ба чашмам доғи ҳар сангаш намояд нақши пешонӣ.
Зи оби новадонаш бишнавам пайғоми пайғамбар,
Лаби ҷар чолёбашро гуморам тахти султонӣ.
Барорад об аз чашму биёрад хок дар мижгон,
Ба фарқи хора сабзонад ҳинову усмаву райҳон.
Дуторашро занад нохун чу Зӯҳра дар бари гардун
Ба санги тахт густурда барои меҳмонаш хон.
Ба арзон мебаранд аз ӯ агарчи лаъли яздонӣ,
Чӣ қиммат меканад, аммо бари кӯҳу камар ҷоне.
Бубин то қуллаҳо роҳаш баровардаст бо ханҷор
Барои хӯшаи гандум, барои пораи ноне.
Ба мисли тоқии шуғнӣ бари як қӯллае чанбар
Кунун ҳам деҳаи хурде зи аҳди Нуҳи пайғамбар.
Зи боми хонааш чашми дарича сӯи гардун боз,
Фурӯзонад ҷаҳонашро шабонгаҳ нури як ахтар.
Нанолад лек аз бахту надорад шиква аз гардун,
Ба оби чашмааш шӯяд ғубори дил бадахшонӣ.
Миёни хонаи сангӣ, ба даври оташи қудсӣ,
Адолатро, муҳаббатро, ҳақиқатро кунад бонӣ!

(Аз китоби “Ванҷи ман”- Ҳ. Пирумшо).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.