Шаҳрияи Аҳтамзод

  Давраи тифлӣ дар деҳаи Ширговади ноҳияи Ванҷ гузашта, баъдан мактаби миёнаро дар маркази ноҳия ба итмом расондааст. Хатмкунандаи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик аст.
  Муддати зиёде дар нашриёти «Маориф» ба ҳайси муҳаррири китобҳои дарсӣ фаъолият намуда, сазовори унвони ифтихории «Аълочии матбуоти тоҷик» мебошад.
Аз ҷавонӣ ба навиштани шеър оғоз намуда, ранҷкашидаҳои қаламаш дар китобҳои «Бӯсаҳои маҳтобӣ», «Шамимаи Нур», «Зан дар асорати танҳоӣ», «Дар канори шеър», «Меҳри шеър», «Таманно», «Ашки шақоиқ», «Таронаи сабз», «Ниёиши Истиқлол» вачандин маҷаллаву китобҳои дастҷамъӣ дигар дарҷ гардидаанд, ки хеле муассиру хонданианд.
Шаҳрия воқеан бо завқи баланду табъи болида ба олами ҳастӣ, ба ду- нёи безаволи суханварӣ ворид шудааст. Ин зани саропо ҳунару истеъдод аз ғаму шодии шахсии худ ва муҳите, ки ӯро иҳота кардааст, сухан мегӯяд. Меҳри ватани маҳбубро пайваста месарояд. Парвози шеъраш бештар ба самти ватандориву ифтихори миллист.
Гарчанде ашъораш гуногуннавост, вале собит гашта, ки ӯ маҳз барои сароидани ғазал офарида шудааст. Барои ороиши ғазал ӯ қофияву радифҳои муносибро ҷустуҷӯву пайдо мекунад ва дар зебоишиносӣ маҳорати беандоза дорад. Ғазалояш чун ғазалҳои Симину Фарзона самимианд.
  Маҷмӯаи ашъораш бо унвони «Ҳамосаи зан» – сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Турсунзода дониста шудааст. Шаҳрия дар шоҳроҳи назми муосири тоҷик роҳи худро пайдо кардааст. Пайравонаш зиёду мухлисонаш тамоми форсу-тоҷикзабононанд. Чун шоираи нозукандеш ниҳоят ҳассосу самимияташ аз он бештар аст.
  Ӯ ошиқ аст, ошиқи Ватану диёр, ошиқи зиндагӣ, ошиқи сухани воло, ишқаш заминист, инсонист, ишқи занест, модарест, ки дилаш поку пур аз андешаю орзуст.
  Дар чанд чакида аз ашъори ин шоира, ки чун намунаест аз китобҳои мукаммалаш ишқу эҳсоси худро нисбати диёр чунин баён месозад.

Ванҷи ман

Сӯи хоки рӯҳбахшат саҷда орам, Ванҷи ман,
Эй ҷалолу маснади пурифтихорам, Ванҷи ман.
Нури яздон метаровад аз нигоҳи мардумат,
Кинаи шайтониро дар дил надорам, Ванҷи ман.
Шӯри шеър ангехтӣ андар ниҳодам ҷовидон,
Аввалину охирин омӯзгорам, Ванҷи ман.
Шеваи номардумӣ аз баҳри ту бегона аст,
Сарзамини мардхезу марддорам, Ванҷи ман.
Андар ин дунёи пуршӯру қиёмат ғайри ту,
Ман надорам такягоҳе, такядорам, Ванҷи ман.
Сураи нурат бихонам ман миёни зулмате,
Офтоби нурбахшу нурборам, Ванҷи ман.
Лаҳзаҳое ки гузашт андар лаби домони ту,
Беҳтарин ганҷинаи умрам шуморам, Ванҷи ман.
Роҳ паймудам зиёду ҳосилам ҷуз ғам нашуд,
Оқибат бар ҷониби ту рӯ биорам, Ванҷи ман.
Домани ин шаҳрро як рӯз бигзорам равам,
Рӯи домони шарифат сар гузорам, Ванҷи ман!

Катибаҳои дил

Ҷоно, катибаҳои диламро китоб кун,
Шаҳбайти абрӯвони маро интихоб кун.
Бинӣ агар вуболи муҳаббат ба нози ман,
Дар созу сӯзи ишқ ту кори савоб кун.
Ҳарчанд талхкомаму лабташнаи ҳавас,
Ҳар шаб ба хандаи ширин қимоб кун.
Фардо ба кофтан ту наёбӣ ҳисоби дид,
Имрӯз мӯйи бофтаамро ҳисоб кун.
Ҷонам ба оҳи сарди дили зори ман мапеч,
Чун хуни гарм дар тани ман инқилоб кун.
Хоҳад дилам баҳори худ аз тирамоҳи умр,
Аз нав маро шукуфаи аҳди шубоб кун.
Эй бе ту ҳеҷ рӯзи сафедам намерасад,
Ову шаби сиёҳи маро моҳтоб кун.
Имшаб, ки Шаҳрзоди ту афсона гӯядат,
Бедор бахти хуфта зи афсуни хоб кун!

Ватан

Шаҳҷоизаи ягонаи ман ватан аст,
Шаҳномаи пурфасонаи ман ватан аст.
Бе номи ватан на ном дорам на нишон,
Шаъну шарафу нишонаи ман ватан аст.
Дар боғи ҷаҳон ҳазору як гул рӯяд,
Садбарги пур аз ҷавонаи ман ватан аст.
Аз ҳар тапиши дилам шунав овояш,
Ангезаи ошиҳонаи ман ватан аст.
Мазмуни таронаҳои ман ишқу вафост,
Шеъри тару ошиқонаи ман ватан аст.
Натвон зи қаламраваш даме дур равам,
Кошонаи ҷовидонаи ман ватан аст.
Бо ӯст маро фазои обӣ олам,
Парвози кабутаронаи ман ватан аст.
Бо гимну нишону парчамаш менозам,
Олам-олам хизонаи ман ватан аст.

Ҷавоби ишқ

Ман дар ҷавоби ишқи ту, меҳру вафо мебахшамат,
Аз боғи домони дилам, ёсу ҳино мебахшамат.
Дар зулмати шабҳо дигар, танҳо нахоҳам буданат,
Чашмони худро ҳадяе фардонамо мебахшамат.
Ҳарфу ҳиҷои марҳабо, аз лаб агар афтодааст,
Пушти дари ҷонам биё, сад марҳабо мебахшамат.
Охири тилисми хоҳиши ҷони туро хоҳам шикаст,
Бо ҷилваҳои дилбарӣ, шӯру наво мебахшамат.
Бо лутфи некӯ гар назар созӣ зи сар то пои ман,
В-он гаҳ зи дӯкони дилам, сар то ба по мебахшамат.
Садҳо гиреҳ афтода буд аз умр дар банди дилат,
Ҳар чоршанбеи дилам, мушкилкушо мебахшамат.
Бар номи некат ҳеҷ гаҳ, ҷоно наорам ҳарфи бад,
Рӯзе агар таркам кунӣ, як каф дуо мебахшамат.

Дилшикастаи ишқ

Мани дилшикастаи ту ба куҷо занам сарамро,
Ки дубора боз ёбам дили зору музтарамро?
Фараҳи дигар надорам зи ниҳеби нотавонӣ,
Ки ба дӯши худ кашам ман ғами дарди пайкарамро.
Ба ҷуз аз саодати ишқ набувад маро давое,
Чу хиёнате ту кушта нафаси муанбарамро.
Зи нигоҳи рӯшани ту гули нур мерабудам,
Ба канори шаб фикандӣ ту дили мунавварамро.
Лаби ман чу ғунчае буд ба садои ошноӣ,
Ба лабам ту талх кардӣ ғазали чу шаккарамро.
Ҳаваси дигар надорам ба ҷуз он ки зевар орӣ,
Зи гули сафеди марям сари гӯри мармарамро.

Ту аз манӣ

Они манӣ ту, эй азиз, бар дигарат намедиҳам,
Ҷони манӣ, ту эй азиз, барҳадарат намедиҳам.
Гар бичакад ба коми ту косаи давр оби заҳр,
Ман зи пиёлаи лабам ҷуз шакарат намедиҳам.
Они маниву дар лабам баста бувад паёми ту,
Уқдаи дарди ман кушо, дарди сарат намедиҳам.
То ки зиё биафканам зулмати ҷовидонаро,
Ман зи ду чашми хештан ҷуз шарарат намедиҳам.
Рӯи мазори дарди ту гиря кунам ба ҳоли худ,
Хандаи сабз бахшамат, чашми тарат намедиҳам.
Баҳра зи ошиқӣ, бимон, ҳеҷ насиби ман мабод,
Олами ишқ бахшамат ман, ки зарат намедиҳам.
Бо ту баҳори ман хуш аст, ову хазони ман бубар,
Варна дар ин баҳор ман гулшакарат намедиҳам.
Лек агар хазон кунӣ нахли баҳори ишқи ман,
Дон, ки ба ҳеҷ мазрае ман самарат намедиҳам.

(Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшо).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.