Бозори дашти Вишхарвак

  BozorshxarЧанд сол қабл аз тарафи соҳибкор Гиёев Розиқ дар дашти фарохи Вишарвак бозоре бунёд гардид, ки фақат дар рӯзхои ҷумъа фаъол мегардид ва барои сокинони ҷамоати Рованд ин бозори навтаъсис қулай  буд. Зеро ки рӯзҳои ҷумъа аз тамоми деҳоти ҷамоати Рованд мардум дар ин бозор ҷамъ омада, маҳсулоти рӯзмарра ва маводи ғизоияшонро бо нархи дилхоҳ дастрас мекарданд.
  Ҳарчанд, ки бозор фақат дар рӯзҳои ҷумъа фаъолият мекард, савдогарон қариб аз тамоми ноҳия ва баъзан савдогарони шаҳрӣ ҳам молу маҳсулоти худро ба нархи дастрас пешкаши сокинони Ҷамоати деҳоти Рованд, ки ёздаҳ деҳаро дар бар мегирад, мекарданд. Бозор аз нуқтаҳои фурушӣ, павилиони беруна иборат буд, ҳама вақт серодаму сершӯру мағал буда, ба як маркази вохӯрии ин мардум ва ҷои мубодилаи афкор табдил ёфта буд.
  Дар шафати ин бозор тарабхона, сехи дӯзандагӣ ва сартарошхона фаъолият мекарданд. Тарабхона дар қабати дуюми ин бино воқеъ буда, толори барҳавое дошта, барои гузаронидани тӯйҳои хонадоршавии ҷавонони ин ҷамоат айни мудао буда, ташвиши тӯйдиҳандагонро дар мавриди нозу нузҳои табиати Ванҷ бо маротибае чанд осон карда, нисбатан аз тӯи дар хона гузаронда каммасрафтар мебошад. Чунки хӯрду хурок барои мардуми тӯякӣ аз тарафи ошпазҳои ин тарабхона ба микдори муайяни маҳсулоти овардаи тӯйдор омода ва пешкаши меҳмонон мегардад.
  Аммо дар равобитаи ба ҷавлони бӯҳрони иқтисодӣ таи чанд сол ва кам шудани интиқоли маблағ аз тарафи муҳоҷирони мехнатӣ, ки ягонаи қувваи пешбарандаи иктисодиёти ноҳия буданд, фаъолияи ин бозор солҳои охир суст гаштааст. Ин омилро таи чанд муддате, ки дар Ванҷ будам, мушоҳида кардам. Азиз Қадамов.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.