Паҳлавоне аз макони тулӯи хуршед

  ShahryoridrАслан бо паҳлавони номвари диёр Шаҳриёр Идрисов дар зиндагӣ ду-се бор вохӯрдаам, Шаҳриёршоҳ зоҳиран ҷавонмардест, шонапаҳну дасту бозудор ва ботамкин, хоксору бештар гирифтори андеша, чунки шаҳди парвози баланди уқобони тезчанголи кӯҳистонро уқобвор чашидааст ва дар зиндагӣ аз онҳо рамуз гирифтаасту чун уқобҳо ҳамеша дар андешаи парвози баланду расидан ба ҳадафҳои бехатои хеш аст.
  Шаҳриёршоҳ воқеан собит сохт, ки шер дар ватани мардум ҳам шер асту қуввату қобиляти ҳамлаи шерона ва ба шӯр овардани майдони ҳарбу зарби матонату далериро дар ҳамаи давру замон ва дар ҳар макон дорад. Ин ҷавони сарбаланди диёр дар тӯли нимаи як моҳи охир дар давлати хамсоя Қирғизистон ду маротиба дар мусобиқаҳои самбои размӣ ва ҷиуҷитсу бар ҳама ҳарифонаш дар вазни 100кг ғолиб омада, сазовори медоли тилло ва дар вазни 100кг ба унвони Қаҳрамони мутлаки ин кишвар ноил гашт.
  Ин корнамои ҳамдиёри мо дар ҷодаи варзиши бешак лоиқи садхо таҳсину офаринҳост ва чун Шаҳриёршоҳ ханӯз ҳам ҷавон хасту саршор аз нерӯ, барои фатҳи қуллаҳои баланди варзишӣ ба ӯ комёбиҳо таманно мекунем. Азиз Қадамов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.