Чоҳи лахчасӯз ва қопдоз

  Дар поёнбоғи маҳаллаи мо чоҳи лахчасӯзе ҳанӯз аз давраи пеш боқӣ мондааст. Чуқурии дохили чоҳи лахчасӯзи мазкур тақрибан ду-дуюним метр буда, сохти дохилии чоҳ курашакл, аз поён то миёнаш ваъсетар ва аз миёна то болояш тангтару кӯрашакл аст. Дар замони шӯравӣ, тақрибан солҳои ҳафтодум то ҳаштодуми асри гузашта колхозчиёни деҳа барои сохтани кочу клахи (ашё)  рӯзгор аз қабили қаноҷу (метин) кланд ва кажку (каҷак) новк (новаки испор) ҳар сол дар ҳамин чоҳи лахчасӯз кундаи зиёдро месӯхтанд.
  Боре як ду рӯз баъди кундасӯзии навбатӣ миробҳои деҳа барои шодоб кардани заминҳои колхозӣ шабҳангом маҷрои обро дар ҷуйборе, ки аз тарафи рости чоҳи лахчасӯз мегузашт, дарётар мекунанд ва нимашаб об аз сабаби зиёд буданаш самти маҷорояшро дигар карда, ба воситае ба дохили чоҳи лахчасӯз роҳ ёфта, чоҳи лахчасӯзро то аз миёна болотар пур мекунад. Аз болои чоҳи лахчасӯз даромадани об ғайри мумкин буд, зеро чоҳи лахчасӯзро дар вақташ тавассути сангдевор дар болои замин сохта будаанд ва баъдан гирди чоҳро ба шакли тепача барҷаста карда, пури хоки замин карда буданд. Хулоса, об чоҳи лахчасӯзро аз мобайн андаке болотар пур карда, лахчаҳои дохили чоҳро боло бароварда буд. Оби аз дудаи лахча сиёҳшуда ва лахчаҳо рӯрӯи тамоми паҳнои дохили чоҳро фаро гирифта буд.
  Иттифоқан, пагоҳирӯзӣ, барвақттар, муйсафеде аз деҳаҳои ҳамсоя бо хараш барои бурдани лахча аз чоҳи лахчасӯзи мазкур меояд. Муйсафед аз омаданаш ба касе хабар надода, харашро дар танаи дарахти тути назди чоҳ баста, худаш қопчаҳои ҳолӣ дар даст ба тарафи чоҳи лахчасӯз меравад. Бечораи муйсафед оби сиёхи дудаолуд ва лахчаҳои сиёҳи ба тамоми паҳноии чоҳ рӯи об фарогирфтаро дида, чизеро пайхас намекунад ва рост “Бисмилло” гуфта, пояшро ба дохили чоҳ меандозад ва ҳамон замон то зери манаҳ дар оби сиёҳи лахчадори дохили чоҳ ғарқ мешавад. Муйсафеди бечора ҳарчанд доду фарёд мекунад, касе ба додаш намерасад.
  Мо бачаҳои маҳалла, ки боғаки сабзу хуррами назди чоҳи лахчасӯз ҷои бозии доимиамон буд, андаке дертар аз сар задани ин воқеа бо дискаҳои худ, ки тавассути симе чангак карда, онҳоро ба поёну боло рондаву сур карда, бозӣ мекардем, ҳарчанд, ки гоҳ-гоҳ аз тарафи чоҳи лахчасӯз овози хирросӣ ва беҳолу мадоре ҳам мешунидем, кам аҳамият медодему бо як шӯру шавқи кудакона саргарми бозии худ будем.
  Дар ҳамон замонҳо мо, ки воқеан кӯдаки бесару шӯху бебок будем, калонсолон ба хотири нарафтани мо ба назди чоҳи лахчасӯз ва сарозер нағалтиданамон ба дохили он моро доимо метарсонданд, ки ба ҳамон тараф наравед, дар он чо, қопдозе ҳаст, ки шуморо дохили копаш карда, дуздида, мебарад. Мо кӯдакони содда ба гапи калонсолон бовар карда, ба назди чоҳи лахчасӯз умуман намерафтем. Аммо овози имдодхоҳона ва беҳолу мадор аз тарафи чоҳи лахчасӯз меомаду меомад. Ҳисси кунҷкобии кудаконаамон боло гирифту ҳамакаса ба тарафи чоҳи лахчасӯз рафта, ба дохилаш аз боло нигаристем. Баробари дидани мо муйсафеди бечора, ки тамоми сару гардан ва ришу фашаш сиёҳолуд гашта буданд, ду дасташро бардошта, “Ёрӣ дихед!”, гуфта, аз дохили чоҳи лахчасӯз фарёди чонкоҳе кард.
  Баробари дидани муйсафед, ки тамоми сару руй ва гарданаш сип-сиёҳ буданду фақат чашмон ва дандонҳояш сафедӣ мекарданд, мо аз тарс дар ҷоямон шах монда, сипас, “Қопдооооз!” гуфта, доду фарёдкунон ба тарафи боло давидем. Доду фарёди изтиробомези моро Бобои Давлат (Хдованди бузург раҳматаш кунад), ки борчаи ҳезум дар пушт аз ҷониби ҷангали сангов меомад, шунида, “Чи гап шуда, боз чӣ наҳлатбоӣ кардед?” гуфта, моро пурсу пос кард. — “Бобӣ дар чоҳи лахчасӯз мо ,”қопдозро” дидем, рафтем шумо ҳам бинед” – гуфтем ба ӯ. Бобои Давлатро бо ҳолу бораш намонда, кашола карда, бо худ бурдем. Вақте ки ба назди сари чоҳи лахчасӯз расидем, “қопдози” бечора тамоман аз ҳаракат ва сухан гуфтан монда буду фақат дасти росташро бо ифодаи “Ёрӣ диҳед!” каме бардошта, ишорат мекарду халос. – “Ин қопдоз нест, ин муйсафед фалони ай фалон деҳаст, ки барои лахча омадааст!” – сарзанишамон кард ӯ. Бобои Давлат, ки худ танҳо аз ӯҳдаи берун кашидани муйсафед аз дохили чоҳи лахчасӯз намебаромад, моро барои пайдо кардани шахсони калонсолтари маҳалла равон кард.
  Дар даврони шӯравӣ дар ин вақту соат пайдо кардани шахсони калонсолтар амри маҳол буд, зеро ҳама пиру барно чун яктан аз субҳи содиқ то бегоҳирӯзӣ дар кори колхоз буданд. Фақат чанд нафар бачаҳои маҳалларо, ки дар синфҳои миёнаи мактаб мехонанд пайдо кардему халос. Бо маслиҳати Бобои Давлат ҳамакаса нардбонеро кашола карда, бурда дар дохили чоҳи лахчасӯз гузошта, саъю талош карда, мусафедро аз чоҳи лахчасӯз бароварда, кашола карда, ба сабзазори поёни боғ ба зери сояи туте оварда, башикамбакӣ хобондем, ки аз даҳони муйсафеди бечора хело ҳам сиёҳоба рафта буд. Мӯйсафед тамоман беҳолу бемадор буд, шояд агар то ним соати дигар дер мекардем, муйсафеди бечора дунёи фониро падруд мегуфт. Аммо дар ҳамон замон ҳушёрӣ ва зиракии мо бачаҳои маҳалла муйсафеди бечораро аз марги фоҷиавӣ наҷот дода буд.
  Муйсафеди беҳолу мадорро Бобои Давлат бо кампираш хеле табобат карданд. Баъди дам кашидани як коса шири гарм ва чанд пиёла чойи ширин ҳолаш каме беҳтар шуд. Бобои Давлат ба хотири тағйири либос карданаш як сару либос, иборат аз шалвору куртаи хокистаранге, ки дар ҳарду тарафи поёни куртааш кисаҳои калон дошт, оварда ба ӯ дод. Муйсафеди ҷабрдида баъди оне ки ҳолаш андаке беҳтар шуда буд, аз ҷояш хеста, дар новадони ҷуйбор дасту рӯяшро шуста, тағйири либос карда, аз ҳамаи мо изҳори арзу сипос карда, хари пирашро савор шуда, бе копчаву бе лахча, оҳиста-оҳиста аз назди мо ба дур рафт…

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.