Ғарибӣ дарди сахт аст, эй бародар

  Одина, ки акнун имрӯз табаш ба қадри ҳол каме фаромада буд, хаставу афгор ба тарафи тиреза харакат карда,  бо остинаш болои оинаи тирезаро, ки аз сардии ҳаво қирав баста буд, тоза карда, ба берун нигарист. Аз роҳи мошингузар трамвае ғурросзанон ба боло ҳаракат мекард. Дар назди мағозаҳои қатори пушти хона чанд нафаре, ки камзӯлчаҳои зард доштанд, бо белҳои чӯбӣ  барфи шаб боридаро тоза карда, як панҷ-шаш метр аз мағозаҳо дуртар ғарам мекарданд.
  Кампираки миёнақаде, ки дар тан либосҳои ғафси зимистона дошт, бо халтаҳои пурбор оҳиста-оҳиста ва дар болои роҳи яхбаста эҳтиёткорона ба тарафи истгоҳ трамвай мерафт. Каме дуртар панҷ-шаш нафар мардаки миёнсол ба ҳавои сард нигоҳ накарда, шишаҳои оби ҷав дар даст ҷуръа-ҷуръа нӯшида, дуди сигорро ба осмон сар дода, сари ким кадом як масъалае сӯҳбати гарму ҷӯшоне доштанд. Дар дарахти пушти тиреза зоғҳои бешуморе шӯру мағалкунон аз шох ба шох парида, барфи шохчаҳоро ба замин афшонда, беист шӯру мағал мекарданд.
  “Манзараи ҳуснангезу дилгиркунанда” – аз дил гузаронд Одина ва бо қомати хаставу коҳида ба назди плитаи хӯрокпазӣ омада, ба дегча об рехту як миқдор биринҷро ба об партофта, боз ба фикр фуру рафт. Маводи ғизоияшон кайҳо тамом шуда буду се рӯз боз ӯ бо ҳамроҳи Фарҳод фақат биринҷро дар об ҷӯшонда мехӯрданду халос. Ҳоли зори Одинаро, ки қариб ду ҳафта боз дар оташи тобу таб месӯхт, Фарҳод дида, худаш ҳар саҳар пушти дарёфт кардани коре рафта, баъзан ба хона хаставу маюс ва то андозае ноумед бармегашт.  Аз як тарафи дигар Одинаву Фарҳод ду моҳ боз баъд аз оне, ки як миёнрави тоҷик, Аскар гуфтанӣ одам пули коркардаи онҳо ва дигар бачаҳои тоҷикро гирифта ғайб зада буд,  дар ҳамин бинои навсохтаи нотамом дар ҳафтум ошёна, дар як шароити сахту сангин мезистанд.
  Бачаҳои дигар, ки ҳамаашон аз як маҳал буданд, ба тақдирашон тан дода, барои идома додани корашон кайҳо ба дигар сохтмон рафта буданд. Ширкатҳои дигари русӣ, ки акнун корҳои сантехникӣ, электрикӣ ва ғайраро анҷом медоданд, аз Фарҳоду Одина тақозо мекарданд, ки хонаеро, ки худсарона банд карда буданд, барои идома додани корҳои барқароркунӣ тарк кунанд. Аммо аз ночорӣ бачаҳо баҷо-баҷо дар хонаи мазкур зиндагониро давом медоданд, зеро на чорае доштанду на шинос ва на ягон суроғаи аниқи ҷои кор.
  Фарҳод  баъди пешин ба хона баргашта,  ҳолу аҳволи Одинаро, ки як каме беҳтар шуда буд, дида, “Хеле хуб, мошоаллоҳ, аҳволат хеле беҳтар шудааст, парво накун дӯстам, иншоаллоҳ, коре пайдо карда, аввал туро ба ватан равон мекунаму баъдан худам бо дили пуру хотири ҷаъм аз пайи кор мешавам”, гуфта, таскин дод Одинаро. Баъдан, суханашро идома дода, нақл кард, ки имрӯз ҳангоми кофту коби кор аз дур кранҳои борбардори баландро дида, ба ҳамон тараф меравад,  дар назди бино аз посбон дар бораи кору бор пурсон мешавад. Посбони мӯйсафед мегӯяд, ки ба сохтмон дохил шуда, Серёга гуфтанӣ саркорро пайдо карда пурс, сохтмони калон аст, шояд коре пайдо шавад.
  Фарҳод хурсандона дохили сохтмон шуда, Серёгаро пайдо карда, дар бораи кору бор пурсон мешавад. Серёга баъди пурсу поси кори аздастмеомада ва шунидани посухи андовагару деворгар “Майлаш, пагоҳ биё маслиҳат мекунем”, мегӯяд. Аммо дар ҳамин вақт марди сиёҳҷурдаи маламӯй ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, аз асли гап огоҳ мешавад ва пушташро ба Фарҳод гардонда, чанд калима бо Серёга паст-паст радду бадал карда, ба Фарҳод рӯй оварда, ба забони точикӣ мегӯяд: – “Гӯш кун бародар, дар ин ҷо бачаҳои як маҳал бо соат кор  мекунанд, як гурӯҳ, панҷ- шаш моҳ кор карда, гурӯҳи дигар аз Тоҷикистон омада,  инҳоро иваз мекунанд ва кору бори ин сохтмон чанд солест, ки аз тарафи мо банд асту ягон одами бегона дар ин сохтмон кор намекунад”.
  Марди маламӯи сиёҳҷурда, ки бригадири бачаҳои ин сохтмон будааст,  сарашро ба тарафи чап гардонда, дар болои ғарами тахтаҳо ду-се бор туфу пуф карда, суханашро бо як лаҳни хунук идома медиҳад, ки вақтатро беҳуда дар ин ҷо нагузарону аз пайи пайдо кардани кору бори дигар шав. Фарҳод ҳам ночор ғазабашро ба зӯр фурӯ бурда, бо сари хам аз бинои сохтмон бадар меравад.
  Дар назди қаровулхона марди арманитаборе бо лаҳҷаи шикастаи қафқозӣ бо қаровули бинои сохтмон шӯру мағал дошт. “Шумо маро бифаҳмед, – мегуфт ӯ – барои холӣ кардани борам дуву ним соат муаттал истодаам, ман кори зиёд дорам, мана,  – телефонашро то таги бинии қаровул бурда нишон медод, – бин маро клиенти навбатӣ занг зада истодааст”. Бо шӯру мағал таҳдид мекард, ки ҳамин тавр бошад, ман ягон бори дигар ба корхонаи шумо бор намеорам.
  Фарҳод, ки акнун нав аз пеши онхо мегузашт, қаровули пир ӯро дида, фарёд, кард, ки кор кардан мехоҳӣ?. Фарҳод бо аломати розигӣ сарашро ҷунбонд, қаровул тахтае, ки роҳи мошингардро банд мекард,  бардошта, мошини “Газел” вориди бинои сохтмон шуда, ҷои мувофиқеро ёфта, ронандаи арманитабор мошинашро нигоҳ дошт. Баъди нарху наво кардан Фарҳод ба холӣ кардани мошин пардохт. Бори мошин, ки иборат аз лӯла ва маводи сохтмонӣ буд, барои Фарҳод он қадар мушкил набуд ва дар муддати як соат бори мошинро фароварда, ба тартиб тал зада, аз қаровули корхона ду ҳазор рублро гирифта, ба сӯи хона ва дӯсти бемораш шитофт.
  Фарҳод дар таги дилаш хурсанд буд, зеро, ки чанд рӯз боз аз хӯрдани биринҷобаи хушку холӣ дилзада шуда буданд. Одина бо Фарҳод дар қатора шинос шуда будаанд, ҷавони зардинаи сару панҷадору паҳлавонҷуссаи бадахшонӣ, ки зоҳиран камгап буд, дар ин қатора мисли Фарҳод касеро намешинохт, диққати Одинаро ба худ ҷалб карда буд. Онҳо тез унс гирифта, чақ-чақунон сафарашонро идома доданд. Одина мактаби олиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бахши шарқшиносӣ бо баҳои аъло хатм карда буд. Ба забони урду озодона сӯҳбат мекард ва бар зами ин бо таври худомузӣ забони инглисиро аз худ карда буд, ба забони русӣ ҳам озодона ва бехато ҳарф мезад. Фарҳод бошад Донишкадаи тарбияи ҷисмониро хатм карда, дар сабқати самбо ва ҷанги бидуни қоида сазовори ҷои аввал дар чандин мусобиқаҳои дохил ва берун аз кишвар будааст.
  Баъди сарсониҳои чандрӯза дар қатораи овозадори  “Душанбе – Маскав” қатора ба истгоҳи Казанский вогзал расид. Мусофирон шитобон қатораро тарк карда, бархеро пешвозгирандагон пешвоз гирифта бурданд, бархе роҳдида буданду суроғаи муайян доштанд. Дар як дам ҳамагӣ перони вогзалро тарк карда рафтанд. Фаҳоду Одина, ки якум бор ба Маскав сафар карданду касеро намешинохтанд, дар як кунҷи перони вокзал ҳайрон истода, мушаввашхотир ба ҳар тараф назар медӯхтанд.
  Аз тарафи чапи перони вогзал марди миёнсоли дуҳуландоме, дар сараш кепкаи ба қавле то “нӯги бинӣ боркардае” дошту дар дасташ сумкачаи лундае, ки тасмаи сумкаро чанд пече дар банди дасташ дода буд, ҳамрохи як занаки руси дарозқади лоғарандоме, ки абрӯҳояшро аз ҷои табиияшон чанд сантиметр болотар кӯчонда буд, сумкачаи сурхе дар сари китф дошт, ҳангоми роҳ гаштан миёнашро мисли гаҳвораҷунбонак ба пешу қафо ва чапу рост меҷунбонд, ба сӯи онҳо ҳаракт мекарданд. Марди кепкадору занаки ба онҳо наздик шуда, марди дуҳуландом салом дода пурсид – “Шумо тоҷик астед?”. Пас аз тасдиқи Фарҳод сухан оғоз кард, ки ман ҳам тоҷик астам, дар як ширкати сохтмонӣ миёнрав шуда кор мекунам ва агар ягон суроғаи аниқ ва ҷои кори муайян надошта бошед, биёед бо ман меравем, дар он сохтмон бачаҳои тоҷики зиёд кор мекунанд ва музди меҳнати хубе ҳам мегиранд.
  Фарҳоду Одина, ки на ягон шиносе доштанду на ягон суроғаи аниқи ҷои кор чору ночор маҷбур будаанд ба гуфтаҳои ин марди дуҳуландом, ки Аскар ном доштааст, рози шаванд. Кор дар бинои сохтмон, ки иборат аз се даромадгоҳ ва дувоздаҳ ошёна иборат буд,  бо шӯру шавқ пеш мерафт. Фарҳоду Одина дар қатори дигар бачаҳои тоҷик ба коро оғоз карданд, бачаҳо, ки ҳама дар таги дасти Аскар кор мекарданд, ба андова кардани дувоздаҳ ошёнаи даромадгоҳи сеюми бино машғул буданд.
  Фарҳод аз маҳорати андовагарӣ дошт. Ӯ андова мекард ва  Одина обу гили лойи андоваро барояш омехтаву омода мекард. Бачаҳо хама дар ҳамин бинои сохтмон зиндагӣ мекарданд. Ошпази умумӣ доштанд, ки дар як рӯз се бор барои онҳо хӯрок мепухт. Корҳо хуб пеш мерафтанд. Аскари миёнрав рӯзи дароз дар болои сари онҳо таку дав карда, изҳор мекард: – “Тез-тез коро анҷом додан даркор аст, зеро, ки дар сохтмони дигаре кори хубтару музди меҳнаташ аз ин ҷо зиёдтар шуморо интизор аст”. Ҳар замон дастро ба даст зада, “Кор аз даст наравад” гуфта, онҳоро ҳала -ҳала мекард.
  То охири моҳи август бачаҳо як кисми биноро андова карда, супориданд ва соҳиби се-чор танга маош ҳам шуданд. Фарҳоду Одина хурсандона якчанд рубл ба ҳонаҳояшон равон карда, дар таги дил бениҳоят хурсанд  буданд, ки акнун дастёр ва мададгори аҳли ҳонаводаҳояшон шуданд. Қисми маблағи дигаро Аскар барои тахт кардани ҳуҷҷату асноди онҳо гирифт.
  Дар ҳамин бино биргадае, ки иборат аз шаҳрвандони Украин буд, ба ҳайси деворгар кор мекарданд. Ҳарчанд, ки бачаҳои тоҷик бо украинҳо мушкилӣ надоштанд, аммо дар байни онҳо Игнат гуфтанӣ чавони сару панҷадоре буд, ки бештари ҳаммеҳанонаш “Баретс” гуфта, муроҷиат мекарданд. Игнат хеле ҷавони мағрур буд, гоҳ-гоҳе бо бачаҳои тоҷик шӯхиҳои хунук мекард.
  Як рӯзи офтобӣ, баъди хӯроки нисфирузӣ, ки аз рӯи одат бачаҳо муддате чанд дар майдончаи пеши сохтмон маътал шуда, аз ин сӯ-он сӯи зиндагӣ сӯҳбат мекарданд, Игнат дуртар дасту панҷаҳояшро дар оби қубур мешуст, ба назди онҳо омаду шӯхиҳои хунукашро сар кард. Кор ба ҷое расид, ки Игнати густох аз бачаҳо мағрурона даъват кард, ки биёед, чоркаса-панҷкаса бо ман гӯштин гиред.
  Фарҳод бо Одина каме дуртар машғули сӯҳбати гарму ҷӯшоне буданд, аз шунидани ин гапҳои Игнат магар каҳраш омад, ки ба вай руй оварда гуфт: – “Барои чӣ чор касаву панҷкаса?.  Биё  аввал бо ман гӯштин бигир”. Игнат аз шунидани ин даъвати Фарҳод каме дар ҷояш шах монд, сипас даъвати Фарҳодро пазируфт. Тоҷикҳо аз як тараф ва украинҳо аз тарафи дигар ҳову бале карда, дар болои регҳои барои андова оварда Фарҳоду Игнат азми гуштингири карданд. Игнат, ки бисер қавиҷусса буд ва таҷрибаи зиёдтар ҳам дошт, худашро аз ҳамлаҳои пай дар пайи Фарҳоди табиатан ором гурезонда, ба ҳамла гузашта пайт мекофт, ки аз ягон ҷои либоси Фарҳодро қоим бидорад.
  Аммо Фарҳод аз остини Игнат бо дасти чапаш маҳкам дошта, ӯро такони сахте дода, чолокона ва бо як харакат тез аз китфаш маҳкам дошта, ба тарафи худ кашида, ҷуссаашро як нима карда, вайро ба тарафи худ кашида, пуштора кард. Аввал пойҳои Игнат ба осмон баланд рафта, дар як они воҳид тахтапушташ бо сари гарданаш ба болои рег омада заду то ними сару гарданаш дар реги мулоим ғӯтида, пойҳояш ҳам омада сахт ба замин заданд. Партоби Фарҳод чунон сахте буд, ки Игнат баъди он шармандавор ва бо чехраи суп-сурх аз ҷояш хеста, дақиқае чанд сару гардану гушу даҳону бинияшро аз рег тоза мекард ва бисёр дар як ҳолати ноҳинҷор карор гирифт.
  Игнат баъди мағлуб шуданаш аз тарафи Фарҳод дигар гапҳои беҷову ҳавоӣ намезад. Баробари рӯ ба рӯ шудан бо тоҷике боодобона салом дода, шитобон аз пеши бачаҳо дур мерафт. Бачаҳо то охирҳои октябр ӯҳдадории дар пешашон бударо қариб, ки иҷро карда буданд, то қабати ҳафтуми бинои сохтмонро андова карда буданд, вале Аскари миёнрав камтар пешашон меомад ва музди меҳнати якумниммоҳаашонро бо баҳонаи “ҳоло пул нест, парво накарда панҷ қабати боқимондаи биноро ҳам андова кунед, ман пули шуморо як тангаашро гум накарда, аз рӯи ҳисобу ҳасаб танга ба танга медихам”. Илова мекард, ки ман худам ҳам хоҳони тезтар анҷом додани кор дар ин ҷо ҳастам,  зеро аз сохтмони дигаре биё-биё гуфтанҳо ба ҷону ҳолам задаанд.
  Ниҳоят, бачаҳо коро бо тамомӣ тамом карда, супориданд. Аскар ҳам ваъда дод, ки фардо омада пули ҳаматонро гирифта медихам ва ҳамакаса ба бинои сохтмони дигаре меравем. Аммо, мутаассифона, на фардо ва на пасфардо Аскар ба сохтмон наомад, бачаҳо, ки хеле асабонӣ шуда буданд, ба назди прораби сохтмон – мӯсафеди панҷоҳупанҷ-шастсолаи сару либосаш ба мудҳои даврони шуравӣ мувофиқ рафтанд.
  Прораби пир, ки Александр Василевич ном доштааст, ба бачаҳо мегӯяд, ки ман маблағи ҳаққи кории шуморо ҳамон рӯзи охирон, яъне ду рӯз пеш ба Аскар дода будаам ва Александр Василевич аз сейфи утоқи корӣ қоғазҳои зиёд ва аз он ҷумла гувохиномаи барои гирфтани маблағи қариб як милиену шашсад ҳазор рублро, ки Аскар бо имзову мӯҳру санадаш навишта буд, ба онҳо нишон медихад.
  Бачаҳои бечора хеле дилшикаста мешаванд, ба Аскар гапҳои носазо мегӯянд, таҳдид мекунанд, аммо чӣ суд, Аскар ғайб зада буд, аз ҳама зиёдтар Фарҳоду Одина ғам мехӯрданд,з еро боз дар ин шахре, ки мардумонаш “Ба ашки рехтаи одамон бовар надоран” ва онҳо касеро дар ин ҷо намешиносанд, боз дубора сарсону саргардон мешаванд.
  Баъди рафтани бачаҳои боқимонда Фарҳоду Одина дар ин мулки бегона, ки саршор аз бемеҳрию мурувватҳо буд, дар рӯ ба рӯӣ зиндагии пурмашаққати ғарибона тани танҳо монда буданд, садҳо фикру хаёли ғамангез дар сар доштанд. То андозае  рӯҳафтода гашта буданд.
  Дарди гурдаҳои Одина рӯз аз руз хуруҷ мекард ва рангаш зардтар мегашт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳар рӯз ширкатҳои сохтмонии нав омада, аз онҳо тақозо мекарданд, ки ягона сарпаноҳашон – хонаи сарду хунуке, ки дар қабати ҳафтуми сохтмон буд, тарк карда, раванд. Фарҳоди бечора саломатии Одинаро ба назар гирифта, ҳар рӯз худаш аз пайи кофтани ҷойи кори навбатӣ мерафт ва бегоҳ, баъзан шаб хаставу афгор ва ноумед бар мегашт.
  Умуман, Фарҳод бисёр як инсони хубу худотарс ва хулқу атвори хубе дошт. Зеро дар чунин шарту шароит ӯ ҳам метавонист Одинаро партофта, аз паи кору бораш равад. Аммо Фарҳод баракс, Одинаро ҳаматарафа дастгирӣ мекард, тасаллӣ медод.  Баъзан коре  пайдо карда, сад-дусад рубл ва базан як-ду ҳазор рубл кор карда, барои Одина дору ва дигар маводи ғизоӣ харид карда, меомад.
  Посбони ҳамин бинои сохтмон, ҷавони тахминан биступанҷ-сисолае буд. Бисёр ҷавони назарногир буд, гоҳ-гоҳ шабона ба маскани зисти онҳо даромада, дуди попиросашро дар фазои хона сар дода, беист суол медод ва ҳар лаҳза “Мо миллати кабирем”, гуфта ситоиш мекард. Боре дилашро холӣ карда гуфт:  – “Магар ҳамин Маскав резинӣ ҳаст, ки шумо фақат тӯда-тӯда шуда, ба ин ҷо меойед, намешавад, ки орому осоишта дар ватани худатон кор ва зиндагӣ кунед?”.
  Фарҳод феълан ҷавони ором ва ботамкин буд. Ба ӯ чизе нагуфта, дар банди садҳо фикру андеша буд. Аммо Одина дар ҷавоби посбони  ҷавон посух дод, ки мо ҳарчанде, ки ба инҷо меоем, аз ягон кас тақозои нон ва қути лоямути худро надорем, ҳар як насибае дар ин ҷо пайдо мекунем, бо шарофати обилаи кафи дасти худ ва садҳо меҳнату машаққат пайдо мекунем.  Одина, ки акнун ба шӯр омада буд, беист дар бораи таърихи миллати худ ва баъдан дар бораи таърихи миллати рус нақл карда, аз шоирҳои гузашта ва муосири миллати рус чанд шеъреро аз осори онҳо қироат карда,  нав ба таърихи мардуми Аврупо гузашта буд, ки ҷавони посбон – намояндаи миллати руси кабири назарногир, шояд дар бораи таърихи миллат ва шоирони гузштаву муосири худ тасаввуроте надошт, “Хватит” гуфта, аз ҷояш бархосту манзили онҳоро тарк карда, дигар ба хонаи онхо сар намехалонду майнаи бе ин гиҷу хастаи онҳоро дигар озурдахотир намекард.
  Коля Баранов саркори сантехникҳо марди росткору ростқавлу поквиҷдоне буд. Коля ва бригадаи онҳо аз ноҳияи Жуковский бо автобус ба кор меомаданд. Коргарони бргадаи Коля аксаран майзада буданд, баъди нисфирӯзӣ бештари онҳо дар ҷои корашон шаробро то андозаеро менӯшиданд, ки аз ҷояшон хестан наметавонистанд. Коляи бечора ҳар бегоҳ даромадгоҳ ба даромадгоҳ ва аз таҳхонав то ба қабатҳои бинои сохтмон кофтукоб карда, онҳоро кашола карда, дар автовбус бор карда, ба хонаҳояшон мебурд. Ба саркории  сохтмон буданаш нигоҳ накарда,  худаш аз ҳама бисёртар кор мекард.
  Акнун кафили дароз кардани мӯҳлати буду боши зиндагонии Фарҳоду Одина дар ин хонаи сарду хунук Коля Баранов гашта буд, ӯ ки бояд дар даромадгоҳи якум корҳои сантехникиро анҷом медод. Барои бачаҳо чанд рӯзи дигар муҳлат дода буд, аммо ба шарте дар рӯзҳои наздик тарк кардани он, зеро ба гуфти ӯ агар дигар кордорҳои ин сохтмон аз ин маскани зисти онҳо хабардор шаванд, он гоҳ аз дасти ӯ ягон кори дигар намеомадааст.
  Бе ин ҳам дар ин хонаи сарду хунук зиндагӣ  кардан ғайри имкон гашта буд, аз як тараф сардии ҳавои зимистона аз тарафи дигар бемории Одина, ки дар чанд рузе фақат биринҷобаи холӣ мехӯрданд,  якбора бадтар шуда буд. Ба ранги зарду комати коҳида чашмони вараму халтазада зам гашта буданд. Субҳидам Фарҳод аз ҷогаҳи хобаш барвақттар хеста, баъди анҷоми таҳорату адои намоз ва дуои дурудароз аз халта ширро гирифта, ширчой кард. Бӯи форами ширчой ба фазои хона паҳн шуда буд. Одина хам аз ҷойгоҳи хобаш хеста, дасту рӯяшро шуста,  дӯстон ду каса бо иштиҳо ширчой хӯрданд.
  Субҳ дамида буд.  Фарҳод хомӯширо халалдор карда, гуфт: – “Парво накун дӯстам, иншоаллоҳ, коре пайдо карда, аввал туро ба ватан роҳӣ карда, пасон худам аз пайи кору бори зиндагӣ мешавам”. Одина, ки ба як нуқта нигоҳ карда, банди фикру хаёл буд, ба тарафи дӯсташ нигариста, бо нимтабассум посух дод: – “Бале дустам, ман дар ҳақиқат дуо мекунам, дар ҳаққи ман бисёр некиҳо кардӣ, насиб бошад, ин хубиҳои туро беҷавоб намемонам”. Фарҳод бо дӯсташ хайрухуш карда, бо умеди ёфтани кор ва ризқу рузии навбатӣ аз хона бадар рафт.
  Он рӯз дар назари Одинаи ранҷур хело дер гузашт, чанд маротиба аз ҷояш бархоста, аз тиреза ба берун нигоҳ кард, аз Фарҳод  дараке набуд, оқибат  Фарҳод қаноатмандона вориди хона шуда, хушҳолона салом дода, арз кард, ки ман ду хабари хуш дорам. Аз шунидани ин суханони дӯсташ дар қалби дардманди Одина оташаки умед фурӯзон гашт. Фарҳод, ки каме хомӯш истода буд, бо як лаҳни тантанавор ба суханпардози гузашт: – “Хабари хуши якум ин, ки маро дар як мағозаи калоне, ки либосҳои варзишӣ мефурӯшад, ба ҳайси посбон  қабул карданд ва аз рӯзи душанбе насиб бошад, ба кор мебароям”.
  Мудири мағоза варзишгар будани Фарҳодро ба назар гирфта, бегуфтугӯ  ӯро ба кор қабул карда будааст. – “Хабари хуши дуюм, ин ки – изҳор кард Фарҳод -ман нав Коля Барановро дар пеши дарвозаи сохтумон дидам,  ҳасрат мехӯрд,  ки як фура шишапахта овардаанд  ва аз дасти ин майзадаҳои ман коре намеояд, фураро то пагоҳӣ холб кардан даркор, ман холӣ кардани фураро бо ивази понздаҳ  ҳазор рубл нарху наво кардам, парво накун дӯстам, понздаҳ ҳазор рубл барои харидории чиптаи ҳавопаймо барои ту басанд аст”.
  Тойҳои шишапахтаҳо гарчанде сабук бошанд, баробари расидан ба бадан онро сӯзонда, касро нороҳат мекунандю Аммо Фарҳод бо як шӯру шавқ аввал тойҳоро чорта-панҷта аз болои фура фароварда, дар болои ароба бор карда, ду каса аробаро тела карда, ба таги шипанги болопӯшида бурда, тал мезаданд. Одина фақат ҳангоми рондани ароба Фарҳодро ёрдам мекарду халос, корҳои асосиро Фарҳод анҷом медод, чунки дӯсти хаставу афгори ӯ бисёр сусту заиф буд. То дами саҳар, тақрибан соатҳои ҳашт фураро бо як машаққату заҳмате холӣ карда, муаттали омадани Коля Баранов шуданд.
  Коля аз холӣ кардани фура бисёр хушҳол шуда буд, баъди изҳори сипоси бепоён дасташро ба кисааш бурда, бастаи пулро бароварда, шумурда, понздаҳ ҳазор рублро ба дасти Фарҳод дода, баъдан чи фикре кард, ки аз мобайни пулхо боз панҷ ҳазор рубли дигарро бароварда, – “Ана инҳо барои кори хубатон”-  гуфта, пулҳоро ба Фарҳод дароз кард. Хурсандии дӯстон акнун ҳадду андоза надошт.
  Фарҳод барои дӯсти бемораш дар рейси ҳамонруза соати ҳашти бегоҳ чипта харида, ба хона баргашт. Акнун бояд анҷоми Одинаро ҷаъм мекард. Одинаи бечора ба ғайри як бозичаи зарофаи мулоим, ки дар мохи сентиябр барои духтарчаи дусолааш Умеда харида буд, чизи дигаре надошт. Аксари либосҳояш, ки аз Тоҷикистон оварда буд, акнун корношоям шуда буданд. Либосҳое, ки барои як ҷой рафтанаш дар сумкааш нигоҳ медошт, ба андозае ғиҷим гашта буданд. Одина ҳамин либосҳояшро ночор ба бар ва зарофаи селофанпечашро сари гардан карда, ҳамроҳи Фарҳод аз сари роҳи пеши мағозаҳо таксиеро дар ивази ҳазор рубл киро карда, ба тарафи фурудгоҳ раҳсипор шуданд.
  Фурудгоҳ серодам буд, ҳамватанони зиёде шӯру мағалкунон ба болову поён рафту омад мекарданд. Одина бо Фарҳод гарм хайрухуш карда, ашки чашмонаш беихтиёр ҷори гаштанд. – “Бародари ҷонам, оё  ман дар зиндагӣ ин хизматҳои туро мегардонда бошам? – гуфт. – “Парво накун дӯстам, иншоаллоҳ ҳамаи мушкилиҳо паси сар гаштанд, ҳамин, ки ба Тоҷикистон омадам, ҳатман аз ҳолат хабар мегирам” – гуфт Фарҳод. – “Ҳатман биё бародар, нури дида тоҷи сар” – гуфта, ашкҳои чашмонашро покунон ба тарафи нуқтаи назоратии марзӣ ҳаракт кард Одина.
  Дар як дам дохили тайёра пур аз мусофирон гашт ва бади чанде командири тайёра эълон ва таъкид кард, ки тасмаҳои бехатариро бандед, чунки баъди чанд дақиқа тайёра ба ҳаво мепарад. Тайёра ҳам баъди чанде ҳаракат карда, аз фурудгоҳ гулдурросзанон ба ҳаво бархоста, дар фосилаи даркорӣ рост шуда, роҳро ба сӯӣ кишвари орзуҳо пеш гирифт.
  Одина, ки динашаб хоб накарда буд, дарди гурдаҳояш сахт азият медододанд, дар оташи тобу таб дарун-дарун месӯхт, тасмаи бехатариро аз миёнаш раҳо карда, пуштакӣ ҷои нишасташро каме хам карда, такя карда, хобаш бурд…

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.