Дар соли ҳазору нуҳсаду наваду панҷ дар паи як муноқиша бо гурӯҳи қафқозитаборон, ки аз савдогарони мевафурӯши узбектабор пуштибонӣ мекарданд, аз хонаи истиқоматиямон дар маҳаллаи Тачиллинии шаҳри Новокузнетск маҳрум мондем. Бар зами ин ҳавои сарди фасли тирамоҳии Сибир сахт ошуфтахотирамон карда буд ва намедонистем, ки сари қоқи худро ба кадом дари дигаре бизанем.
Баъди андеша ва чӯрту чамани зиёд ба ёдам омад, ки дар бозорчаи назди заводи металургӣ як панҷсад килло тарбузаро барои фурӯхтан ба русзанаки миёнсоле бо номи Тёт Галя дода будам. Тётгаля бо вуҷуде, ки доимо ба гуфти худашон “под градус”-буд, бисёр зани ростқавл ва кордоне буд, ки гоҳ-гоҳе меваву сабзавоти маро дар бозорчаи назди корхона фурӯхта, пулро мувофиқи маслиҳати пешакӣ аз рӯи нархи муайян кардаи ман тин ба тин баргардонда медод. Ман, ки маҳсулотро ба ӯ арзонтар медодам, дар болои маҳсулоти додаи ман ду сум-се сум зиёдтар монда, фоидаи изофиро барои худаш мегирифт.
Бо бародари бузургам Асо Қадамов ба назди Тётгаля рафтем. Тётгаля, ки аз сарди ҳаво нӯги бинияш сурх гашта буд, дам ба дам дастонашро ба ҳам соиш медод, аз дидани мо “Ҳа, омадед!” – гуфту сумкаашро аз таги мизи корияш бароварда, аз дохили он бастаи қоғазпечеро бароварда, қоғазашро кушода, пулҳоро ба пеши ман “Ма гирифта шумор” – гуфта, гузошт. Аз сардии ҳаво маро ҳам хуши шумурдани пулҳо наомад ва “Не, ман ба шумо боварӣ дорам” – гуфта, пулҳоро ба киссаам гузоштам.
Тётгаля аз сардии ҳаво ба ҳамон тартиби пештара дастҳояшро бо ҳам соиш медод ва гоҳ ба пои чапаш ва гоҳе ба пои росташ такя зада, бо ҳамин тартиб пойҳояшро ба қадре гарм мекард. Ба мо руй оварда гуфт:
- “Агар мева ё сабзавот дошта бошед, биёред, охири моҳ аст, коргарон моҳона мегиранд, Худо хоҳад савдоӣ хуб мешавад”.
Мо ҳам дар ҷавоби Тётгаля кӯтоҳак ва дар як ҳолати маюсона посух додем:
- “Не Тётгаля, ба ин наздикӣ намешавад, аҳволамон хуб нест, аз хонаи истиқоматиямон маҳрум шудем, ҳоло намедонем дар ин сардии ҳаво чи кор кунем, ба мо чун обу ҳаво дар ин шабу рӯз хонаи истиқомати чӣ хеле набошад пайдо кардан лозим аст”.
Тётгаля синчакорона ба мо нигариста, ангушташро бардошта, бо ифодаи “як дам истед” боло карда, хам шуда, аз таги мизи савдогарияш шишачаеро, ки дар энсиклопедияи майхӯрҳои рус бо номи “Чекушка” маълуму машҳур аст, бароварда, ба истакончаи пластикӣ то қатраи охиринаш рехта, нӯшиду бо остинаш лабонашро пок карда, аз зери мизи савдогариаш пораи нони сиёҳеро, ки дар болояш пораҳои моҳии шӯр гузошта шуда буд, гирифта, аввал онро муддате чанд бӯй кашида, ду-се бор газида, бо тамом тановул карда, ба мо рӯй оварда, гуфт:
- “Кампири қудои ман Вера Ҳалимовна дар хонааш танҳо зиндагӣ мекунад. Ду сол шуд, ки шавҳараш бандагӣ кардааст, худаш бошад дар боғчаи бачагона рӯзона ба ҳайси посбон кор мекунад. Каме сабр кунед ман шуморо ба назди ӯ мебарам, фақат шуморо лозим аст, ки барои аз наздик ошно шудан ва дилгарм кардани қудои ман як “Пузир”-ҳамроҳи худ бигиред”.
“Пузир” дар энсиклопедияи шахсони майхӯр и рус аз “Чекушка” дида шишаи арақи нисбатан калонҳаҷмтареро меноманд. Аз ин суханони Тётгаля дар қалби яхбастаи мо, ки оташаки умед фурӯзон гашта буд, гуфтем:
- «Бале, ягон мушкилие надорад, чизе даркор бошад гап занед, мо харидорӣ мекунем”.
Шиносоӣ бо Вера Ҳалимовна дар як фазои барои мо умедворкунанда ҷараён гирифт ва бо садои ҷаранг-паранг барои ошноӣ ба ҳам задани истаконҳои лабрези арақи қудохо оғоз ёфт. Тётгаля беист моро таъриф мекард:
– “Инсонҳои хубанд, як сол шуд боз инҳоро мешиносам, феълу атворашон хуб аст, ту ягон чиз бой намедиҳӣ, ҳар чи набошад дар хонаат тоқаву танҳо зиндагӣ мекунӣ, аз як тараф зиқ намешавӣ, солхӯрдаӣ, инҳо пушту паноҳат мешаванд, кӯмакат мекунанд, биё гапи маро дар замин намон, инҳоро бигир, ман кафил мешавам, агар ягон гапу хабар шавад ман худам ҷавоб медихам”.
Вера Ҳалимовна, ки тақрибан пиразани шаст-шаступанҷсолаи миёнақаде, ки сару симояш бештар ба мардуми Осиёи Миёна монанд буд, акнун аз истеъмоли шароб қалбаш нарму гарм гашта буд, охирин истакони арақи акнун бо тамоми холигаштаро дар дасташ дошта, давр медод. Ба Тётгаля рӯй оварда гуфт:
- “Майлаш Галя мо хешу таборем, ман гапи шуморо дар замин намемонам, аммо бин Худо накунаду ягон гап шавад, худат ҷавоб медихӣ”.
- “Тамом, масъала ҳал, фақат дар ҳузури ман шарту шароити зисту зиндагонӣ ва пардохт кардани маблағи иҷораро ҳалу фасл кунед, бигзор бачаҳо аз ҳамин рӯз эътиборан дар хонаи шумо зисту зиндагониро сар кунанд” – илова кард Тётгаля.
Ҳамакаса ба мувофиқа омадем ва пули маблағи иҷораи хонаи истиқоматиро се моҳ пешакӣ пешпардохт кардем. Хурсандии мо ҳадду канор надошт. Хонаи Вера Ҳалимовна дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматӣ ҷойгир буд, ки иборат аз ду хуҷра, ташноб, ҳоҷатхонаву ошхонаи алоҳида иборат буд. Ҳуҷраҳо барҳаво, тоза ва озода буданд. Ҳуҷрае, ки Вера Ҳалимовна барои мо ҷудо карда буд, дорои се кати хоб, телевизор ва яхдону магнитафон буд. Дар қолине, ки дар тарафи рости девор овезон буд шамшери калонеро дар болои қолин насб карда буданд, ки Вера Ҳалимовна доимо дар лаҳзаҳои сархуш буданаш бо ифтихор нақл мекард, ки ин шамшерро дар даврони Ҷанги бузурги ватанӣ ким-кадом генерале ба шавҳарам Анатолий Ҳалимов барои корнамоиҳояш дар ҷанг такдим кардааст.
Соатҳои дароз дар бораи шавҳараш ба мо сӯхбат мекард. Вера Ҳалиловна аз шавҳараш фақат як духтаре дошт, ки бо шавҳараш Серёга дар ноҳияи Запсиб зиндагӣ мекарданд, гоҳ-гоҳе ба аёдати кампир меомаданд. Зану шавҳар майзада буданд. Серёга ба дараҷае майзада буд, ки дар лаҳзаҳои наёфтан ва истеъмол накардани арақ аз пой ғалтида, морпеч мекард, то як ду қатра арақ дар ҳалкаш намечаконданд, ба худ намеомад. Ба гуфти ҳамсараш Людмила агар дар ҳамин мавридҳо арақ наёфта, дар ҳалқаш намечаконанд, ӯ мемурдааст.
Ҳоли Людмила ҳам аз шавҳараш хубтар набуд, ҳардуяшон қиёфаи хунук ва чашмони халтазада доштанд. Мо онҳоро бад медидем. Аммо ҳардуяшон беғараз буданд, бо мо коре надоштанд. Ҳамроҳи Вера Ҳалимовна дар ошхона дастархон ороста, арақнӯшӣ карда, то як поси шаб сӯҳбат мекарданд, баъзан сӯҳбаташон ба шӯру мағал табдил меёфт. Чунки нуқтаи назари Серёгаи майзадаро занакҳо эътироф намекарданд ва гоҳ-гоҳе ду каса модару духтар ба ӯ дар меафтоданд, дар ин мавридҳо Серёгаи майзада барои барқарор кардани шану эътибори аз дастрафтаи худ ба ҳамлаи лафзи мегузашт. Аммо модару духтар ба вай гузашт накарда, “Бас аст” – гуфта, дукаса часпу талош карда, бурда, дар хонаи хоби кампир мехобониданд.
Бечораи Серёга ба тақдираш тан дода, ночор хоб мерафт. Агар барои харидани арақи навбатӣ пулаш намерасид, ё ки умуман пул намедошт, дари моро кӯфта илтимос мекард, ки бачаҳо имкониятатон бошад, ба ман пул диҳед ва ибораи “Трубы горят”-ро бисёр такрор мекард. Мо ҳам мувофиқи кайфияти ҳоламон гоҳ- гоҳе барои хомӯш кардани “алови лӯлаҳои” Серёгаи майзада ба ӯ се-чор тангаӣ медодем, аммо баъзан, чи хубӣ дар лаҳзаҳое, ки вай аз рӯи одаташ шӯру мағал эҷод мекарду хоби моро мепаронд, дар ягон ҷои мулоимиаш ба хотири кабуд нашудани дасту рӯяш мушти обдоре мезадем, ки аз зарбаи мушт муддате нимхам мешуд ва баъдан оҳиста аз хуҷраи мо баромада, дар пеши зану хушдоманаш шикоят намекард. Чунки боре шикоят карда буд ва зану хушдоманаш ӯро сиёсат карда буданд, ки “Рӯятро сиёҳ накун, бачаҳо бачаҳои хубанд ва ту барқасдона онҳоро дар пеши мо сиёҳ мекунӣ майзадаи занакфеъл”. Ба ин сабаб Серёгаи бечора замин сахту осмон баланд гуфта, доимо токат мекард.
Шӯру мағал ва арақхӯрии бесобиқае, ки Серёга ва зану хушдоманаш гоҳ-гоҳ дар хонаи иҷоравии мо эҷод мекарданд, ҳамааш дарди ба хайре будааст. Вера Ҳалимовна дар шаҳри Покровка хоҳаре дошта будааст, ки як писар доштааст ва писари ӯ милиса будааст. Милиса Володя ном дошта, ҳар моҳе се рӯзӣ барои такмили ихтисос ба шаҳри Новокузнетск меомад, ҳар чанде, ки хадамоти ВКД-и Русия барои онҳо, ки аз ҳамаи гӯшаву канори вилоят меомаданд, дар меҳмонхонае ҷои хоби алоҳида ҷудо карда бошад, Володя дар ин се рӯз зистанро дар шаҳр бо холааш авлотар медонист, чунки ӯ ҳам мисли холааш ҳаводори ашадии истеъмоли шароб буд.
Володя дар ҳушёрияш зоҳиран шахси камгапу ҷиддие буд. Баъди истеъмоли “Огненная вода” (оби оташбор) бисёр сергапу ҷоғ мегашт, соатҳо мелақиду гап мезад ва асло ҷоғаш шалпар намешуд. Ҳузури милиса дар хонаи истиқоматӣ моро ҳам ба қадре нороҳат карда буд. Ӯ ҳатман бегоҳӣ бо ду-се шишаи арақ ба хона бармегашт. Вера Ҳалимовна ҳам дар бисоташ чизе доштаро бароварда, холаву хоҳарзода ба истеъмоли шароб оғоз мекарданд.
Чун Володя сархуш мешуд, соатҳо дар бораи таърихи бойу ғании сохибфарҳангию соҳибтамаддунии миллати рус сухан гуфта, баъдан дар марҳилаи дуюми мастияш ба таърифу тавсифи худаш мепардохт. Баъзан аз амалиёти зидди ҷинояткорон гузарондааш таърифу тавсиф мекард, гоҳ- гоҳе худашро ҳамчун “агенти махфӣ” бо лақаби “Кобра” муаррифи мекард, ки борҳо дар байни гурӯҳои ҷинояткор даромадаву аз дарун сиру асрори онҳоро фош кардааст. Баъзан даъво мекард, ки ӯ дар як гурӯҳи махсуси зудамали ХАФ(ФСБ)-и Русия кор мекунад ва дар паи як амалиёти безараркунии як қумандони афғон дар Афғонистон дар муҳосира афтода, ғайр аз ӯ ҳамаи шариконаш кушта шудаанд. Агарчанде дар муҳосира дар Афғонистон афтода бошад, дар давоми нақлаш илова мекард, ки ӯ дар паи ҳамин заду хӯрди шадид худро дар як регзоре дар Туркманистон зери рег пинҳон карда, ба ҳамин сабаб зинда мондааст.
Аз рӯйи нақлҳояш на Афғонистон ва наТуркманистон ва умуман Осиёи Марказиро надида буд. Гӯё, ки ӯ дар пайи ҳамин заду хӯрд “контузия” гирифта бошаду барои исботи ростии суханҳояш худро дар болои фарши хона партофта, “Алло, алло, позивной Астрахан давайте вертушку!!, вертушка вертушка!” – гуфта, печу тоб мехӯрд. Дар охир “Андрейку убили!” гуфта, дар чакаҳои сараш мушт зада, сарашро дар фарши хона мезад ва бади муддате аз ҷояш бархоста, дар болои курсӣ нишаста, ба гуфти худаш “пять капель” арақро рехта, аз ҷояш бархоста, моро тафтиш мекард, ки оё хобем ё не.
Дар ин сирке, ки ӯ барои мо ба намоиш гузошта буд, аз қафо моро хоб мебурд. Вера Ҳалимовна баъзан то бо тамомӣ истеъмол кардани арақҳои овардаи Володя ӯро шарикӣ мекард, аммо дар дигар ҳолатҳои серҷоғии Володя, ки ба дилаш мезад, “Ман пагоҳии барвахт ба кор меравам” баҳона карда, ӯро танҳо гузошта, рафта, хоб мекард. Моро ҳам ҳузури Володя сахт дилгир карда буд, вақтҳои омадани ӯ дар аввалҳои моҳ моро сахт нороҳат мекард. Ҳамаи суханони дар ҳолати мастӣ нақл мекардаашро аз ёд карда будем. Ба хотири сӯҳбат кардан агар лаб боз мекард, мо аллайкал медонистем, ки чӣ мегӯяд, аммо чораи дигар чун ба ғайри гӯш кардани сӯҳбатҳои ӯ надоштем. Чунки намехостем, ки ягон сухан ва амали беҷои мо боиси ранҷиши хотири нозукаш шавад зеро тасаввур мекардем, ки дар сурати кина гирифтан, қасдашро ҳатман аз мо мегирад ва мо дар фасли зимистони қаҳратуни Сибир аз хонаи истиқоматие, ки ҷоямонро гарм карда будем, халос шавем. Чунки милиса аст ва метавонад дар ҳар маврид аз ҳузур доштани мо дар ин хона ба милисаҳои маҳаллӣ хабар диҳад, аз ин сабаб “Даҳони пӯшида баробар бо сад тангаи тилло” гуфта, тоқат мекардем.
Аз байн хело вақт гузашт, боре аз рӯи одат аввали моҳ Володя бо халтаи полителиении пурбор дари хонаро куфта, салом гуфта, вориди хона гашт. Вера Ҳалимовна хоҳарзодаашро дар ҳузури мо дурӯғгӯ, воҳимачӣ, лаққӣ хонда ғайбат мекард, шояд ин даъфа сахт ёд карда буд, ё ба хотири халтаи пурбори ӯ буд, ки Володяро гарму ҷӯшон истиқбол кард. Ду каса болои мизи хонаро ороставу пероста, ба истеъмоли шароб оғоз карданд.
Володя, ки акнун таги пӯсташ гарм шуда буд, марҳила ба марҳила ба сӯҳбатии гарму чӯшонаш шурӯъ кард. Ягон гапи нав набуд, ҳамааш ҳамон гапҳои пештара, фақат ин даъфа шояд аз сабаби истеъмоли зиёди шароб бошад, ки баъзан калимаҳоро ду ё себорӣ такрор мекард. Гоҳ-гоҳе хомӯш меистод ва ба мо рӯ оварда мегуфт, ки “Ман чӣ гуфтам, ё ки чӣ гуфтани будам?”. Мо, ки сӯҳбатҳои ӯро азёд медонистем, ба ёдаш меовардем ва ӯ боз бо ҷӯшу хурӯш суҳбаташро идома медод.
То як поси шаб лақид, баъди ба худ омадан аз ҳолати “контузияи” навбати, аз ҷояш бархосту барои анҷом додани қазои ҳоҷат “Ман ҳозир омада, сӯҳбатамро давом медиҳам” гуфта, ба ҳоҷатхона рафт. Аз байн хело вақт гузашт, аммо аз ӯ дараке набуд. Моро хоб бурда буд, намедонам чӣ қадар хобидем, нахобидем, ки як замон акаи Асо маро “Э бача, хез!” гуфта, ҷунбонд. Ман чашмҳоямро молида-молида “Чӣ гап шудаст?” гуфта пурсидам. Акаи Асо посухам дод, ки Валодя аз ҳоҷатхона ҳанӯз набаромадааст.
Ду каса рафта дарро кӯфтем, садо додем, касе ҷавоб надод, фазои даруни ҳоҷатхона орому сокит буд. Аз дохили ошхона, ки девори онро бо ҳоҷатхона мепайваст ва дар болои ин девор як тирезаи хурд мавҷуд буд. Курсиеро гузошта, баромада дидам, ки Володя дар болои фарши ҳоҷатхона ништаасту такяашро ба девори ҳоҷатхона зада хобидааст. Чораи дигаре набуд, оқибат ба хулосае омадем, ки Вера Ҳалимовнаро бедор кунем. Кампирро бедор кардем, баъди машварати кӯтоҳе бо кампир ба қароре омадем, ки тирезаи байни ҳоҷатхона ва ошхонаро канда, ба дохили ҳоҷатхона даромада, дари ҳоҷатхонро кушоем.
Баъди ҷунбу ҷӯли зиёде мехҳои тирезаро кашида. бо эҳтиёт шишаи тирезаро як тараф гузошта, ман тавассути дарича ба дохили ҳоҷатхона даромадам. Фарши ҳоҷатхона ва аз ҷумла шими афсарии Володя сар то по тар буд. Дари хоҷатхонаро боз карда, Володяро, ки ҳанӯз ҳам масти хоб буд, кашола карда, ба берун баровардам.
Субҳи содиқ ҳам оҳиста-оҳиста медамид, кампир либосҳои Володяро, ки акнун каме ҳушёр гашта буд ва аз хоб хеста буд, кашида, обгардон кард. Володя сарашро таги кӯрпа карда, сарашро аз шарму ҳаё берун намебаровард. Кампир шими Валодяро обгардон карда, дар ошхона дар болои газ овезон карда, ба хотири зудтар хушк шудани шим оташаки газро фурӯзон кард. Насиби дар пеши мо шарманда шудани Володя будааст, ки шими ӯ то соатҳои даҳи рӯз хушк шуд ва кампираки бечора онро дарзмол карда, ба Володя, ки аз шарму ҳаё сараш ҳамоно таги курпа буд, дод. Володя ҳам бо сари хам аз ҷояш бархоста, либосҳояшро пӯшида, дар ҳамон ҳолати сархамӣ чизе нагуфта, аз дар бадар рафт.
Аз байн як моҳу ду моҳ, се моҳ гузашта бошад ҳам, аз Валодяи лаққӣ дигар дараке набуд. Аз Вера Ҳалимовна боре суол кардем:
- “Валодя куҷо шуд ва чаро дигар намеояд, магар курси такмили ихтисоси ӯ тамом шуд?”.
Вера Ҳалимовна посух дод, ки Валодя баъди мезиданаш дигар шарм медорад, ки ба инҷо биояд, акнун дар кадом меҳмонхонае омада ду-се рӯз қарор мегираду баргашта ба хонаашон меравад. Акнун, ки аз Володя бо осонӣ халос шуда будем, масъалаи Серёгаи домоди кампирро бо як мушти обдор ҳал мекардем. Дигар дар ин хона ягон мушкилии дигаре боиси ташвишу изтироби мо, ки набуд мо нафаси озод кашидему бо дили нияти беғам рӯзгори ғарибонаи худро идома додем.
Ин буд қиссаи навбатии ғарибӣ, ки дар ин ҷо қариб айнан рӯи қаламаш кашидем.
Назари хешро иброз кунед