Ҷавонпаҳлавони зодаи диёр Маҳмадбек Маҳмадбеков имрӯз (06.05.2021) дар мусобиқаи Kazan Grand Slam 2021, ки аз 5 то 7 майи соли равон дар шаҳри Қазон ҷараён дорад, соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид. Маҳмадбек нахустин тоҷике мебошад, ки дар ин сабқати бонуфузи байналмилалӣ дар риштаи ҷудо чунин натиҷаро ба даст овардааст.
Маҳмадбек Маҳмадбеков дар мусобиқа кишвари Русияро, ки шаҳрванди он буда, таҳти сарпарастии амаконаш – паҳлавонони маъруфи диёр Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо фаъолияти варзишӣ дорад, намояндагӣ карда, дар марҳилаи аввал паҳлавони олмонӣ Зинг Антонӣ, дар даври дуввум ҷудокори озарӣ Рашид Маҳмадалиев, дар давраҳои баъдӣ писарамакаш Сомон Маҳмадбеков – намояндаи Тоҷикистон, паҳлавони арманӣ Фердинанд Карапетян, Тоҳар Бутбули исроилиро дар даври ниманиҳоӣ ва дар рақобати ниҳоӣ Аюб Хаҷаалиеви ҳамватанро шикаст дода, қаҳрамони вазни 73 кг-и ин мусобиқа гардид.
Ба ин муносибат, паҳлавони номвар Маҳмадбек Маҳмадбеков, мураббиёни ӯ Эргаш ва Фотеҳ ва волидайнашро бо ин пирӯзии сатҳи баланд аз самими қалб муборакбод мегӯем. Маҳмадбекпаҳлавон ҳамеша сарбаланду қоиму устувор бошӣ ва роҳат дар фатҳи қуллаҳои баланди варзиш тахту ҳамвор бод!.
Дуруд ба пахлавонони сарзамин ва номус бардорони миллат ба падару модару устодонаш.
Офарин ба модарони пахлавонзойи Ванчзамини бостони