Бандагон дар ин олам мӯҳлати буд ва тӯли умри гуногун доранд. Яке дар тифлӣ, дигаре дар ҷавонӣ, саввумӣ дар пирӣ аз олам мегузаранд. Ин шеваро Холиқ муқаррар карда, бар бандагон дар дунё муддати ҳастӣ дода, то ба ҳаёти мутобиқ ба фармуда ва кирдори шоиста зиндагии хушу босаодати хешро дар дори бақо эҳдос намоянд.
Ба қавли мардум некон дар олам умри тӯлонӣ надоранд ва баҳри даргузашти некӯкору неккирдоре изҳори ҳузн кардаву фусӯс мехӯранд. Номашонро ба некӣ ёд карда, барояшон дуо хайр мекунанд.
Фавти бандагон барои ақрабо мусибату ваҷҳе барои озмоиши онҳо аз ҷониби Парвардигорашон аст, ки ононро дар роҳату заҳмату мусибат меозмояд. Ҳамли мусибат бар ҳама гарон аст. Аммо гаронтар аз ҳама таҳаммули бори мусибат бар волидайн аз фавти ҷигарбанд аст. Маъмулан, волидайн орзу доранд, то пеш аз фарзандон бимиранд ва сӯзи мавти эшонро эҳсос накунанд.
Ҳамли мавти волидайн бар фарзандон саҳлтар аст. Муддате маҳзун ва баъд аз пайи аёли хеш сарсон мешаванд, вале волидайн эҳсоси дарди фарзандро тӯлонӣ мекашанд ва то фавти хеш аз зеҳн дур намесозанд.
Соле пеш дар ин рӯзҳо Аброр бо фавти хеш дили волидайн ва ақраборо реш сохт. Ҷавонмарди хушсурати қоматбаланд, бо ахлоқи ҳамида, бар мардум писандида ҳамагӣ бистусе сол умр дошт.
Ҷавонмарди тануманд, вале ҳалиму боадаб буд. Нармрафтору хушгуфтор буд. Бо одамон зуд унс мегирифт. Дар ҳар ҷое, ки буда, аз ӯ ба муҳаббат ёд мекунанд.
Ҷавонмарди закиву бофаросат буд. Дар донишгоҳи шаҳри Хоруғ, дар факултаи риёзӣ, дар риштаи амнияти компютерӣ таҳсил менамуд. Яке аз донишҷӯёни хубу дар таҳсил пешсаф буд.
Барои пешбурди рӯзгор ба кишвари Русия рафт. Дар он ҷо ранҷуру бемор шуду тобуташ ба деҳа баргашт. Дар 22 марти соли 1997 дар деҳаи Ғуҷовас ба дунё омада ва дар 14 марти соли 2020 аз дунё рафт.
Падару модар аз ӯ ба ҳасрат сухан мегӯянд, аз хӯи хубу хусусиёти аз дигар фарзандон мутафовиташ зикру ёдоварӣ мекунанд. Бегумон, Худованд барои Домулло Адҳам ва янгаи Бону беҳфарзандашонро василаи санҷиш қарор дода ва дар ивази ин мусибати сангин, иншоаллоҳ дар охират аҷри азим эъто хоҳад намуд. 14.03.2020.
Назари хешро иброз кунед