Рӯзҳо мегузаранд, солҳо аз паси ҳам, умр аз гузаштани рӯзу солҳо он қадар бехабар мемонад, ки танҳо хушхабаре метавонад як лаҳзае одамиро ба худ биёрад, то лаҳзаҳои гузаштаро ба хотири ҳастӣ биёрем.
Соли 1985 падари бузургворамон дунёи фониро падруд гуфтанд. Як сол пас бародари хурдиамон Холин (Худованд рӯҳашро шод кунад) азбаски чашмҳои кабуди осмонӣ дошт, ҳама Кабуташ мегуфтанд, аз мо бахшиши зиёде хоста, роҳи Қумсангиро пеш гирифт. Зеро мехост дар онҷо дар пеши устодони илмҳои исломӣ дониши худро равнақ диҳад. Он вақт апаи азизам, шоира Нуқра дар Қумсангир кор ва зиндагӣ доштанд.
Моҳи августи соли 1991 хабари дар садама афтодани бародарамро ба мо расониданд, ки гӯё як дасту пояш шикаставу дар беморхона бистари гаштааст.
Он замон масалаи ёфтани сӯзишворӣ мушкил гашта буд, лекин азбаски ҳодиса ранги дигар дошту мо аз он бехабар будем, бо фармони раиси ноҳия мошини моро зуд пури сӯзишворӣ намуданд ва мо роҳи Қумсангирро пеш гирифтем. Чанд шаб паи ҳам хобҳои ваҳмангез медидам, дар дилам пешомади балоеро эҳсос мекардам, шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, ҳар як мошини аз пеш омадаро бодиққат нигоҳ мекардам.
Соат сеи шаб буд, рӯшноии мошине аз пешамон баромад ва ҳамин, ки аз мо гузашт, ман бародари калониамонро мушоҳида намудам. Ронандаро амри нигоҳ доштанро додам. Мошини пешомада низ қарор гирифту мо берун шуда, наздаш шитофтем.
Худоё, чунин рӯзро барои душманон ҳам нишон надиҳад!. Дар даруни мошин бародарам, лахти ҷигарам, кафанпеч хоб рафта буд. Дар он нимашаб мо бародарону хоҳарон дар гарданҳои ҳам овезону дар фироқи додари ҷавонимаргамон оби дида мерехтему кӯҳу камар ба ҳоли мо гиря доштанд. Раҳматӣ ҳамагӣ 28 сол доштанд.
Пас аз се рӯзи мотамдорӣ барои овардани фарзандонаш ба ноҳияи Қумсангир равон шудем. Садама дар назди хонааш рух дода буд ва аввалин касоне, ки аз ин ҳодиса огоҳӣ ёфта буданд, устоҳои таъмири асбобҳои электронӣ, ки устохонаашон дар назди ҳавлии додарам буд, буданд ва онҳо бо мошинашон раҳматиро ба бемористон бурда буданд.
Вақте ман барои ёрдамашон изҳори миннатдорӣ намудам, онҳо ба ман ҳамдардии худро баён намуда гуфтанд, ки бародар, ба мо Худованд чи гуна ҷон додани марди солеҳро нишон дод, ҷон додани ӯ барои мо дарси ибрат гашт, роҳи моро дар зиндагӣ дигар намуд, вақте садама рух дод, мо тозон ба он ҷо расидем, номашро гирифта аз ҳолаш пурсон шудем, пас аз калимаи Алҳамдулиллоҳ гуфт: — “Худовандо, ман барои талаби илмат, тарки ватан ва хонаводам кардам, ҳар чандон, ки маро лоиқи илмат дидӣ, ба ман додӣ, акнун, ки имрӯз сафари охират дорам, ҳамсар ва фарзандонамро ба ту месупорам”. Пас ба хондани Қуръон шурӯъ намуд, вақте ба ошёнаи дуюми беморхона баромадем, бо калимаи шаҳодат дар забон ҷон дод.
Он замон аз додарҷонам се тифл, се гавҳар, се писар ба ёдгор монда буд, калониаш Фирдавс шашсола, Фарҳод чорсола ва Аҳмаднур ҳамагӣ дусола буданд.
Солҳо бо шитоб даргузар мешуданд, гарчанд аз гузашти додарамон дилреш будем, аммо аз дидори фарзандонаш, ки акнун дар канори мо ба воя мерасиданд, шукрона менамудем ва ҳамсарашро, ки хоҳар надоштам, ҳамчун хоҳари мушфиқу меҳрубон дар тарбияти фарзандон дастгирӣ мекардам.
Ҳоло шукри Худованди манонро мекунам, ки имрӯз бародарзодаҳоям ба воя расида, ҳар яке соҳиби иззат, хона ва аҳлу оилаи худ астанд ва маро падарвор медонанд ва хизматамро ба ҷой меоваранд. Холид Қудратов.
Назари хешро иброз кунед