Ҷаҳонгир Саидҷамолов

Яке аз ҷавонпаҳлавонони бомаҳорати умедбахши диёр Ҷаҳонгир Саидҷамолов мебошад, ки дар кишвари Русия тамрину фаъолият дошта, бо вуҷуди синни ҷавонӣ дар соҳаи варзиш касби муваффақият кардааст.
Ҷаҳонгир Саидҷамолов соли 1995 дар маркази ноҳияи Ванҷ дар хонаи бобояш Усто Асрор ба дунё омада, то синни чаҳорсолагиаш дар Ванҷ умр ба сар бурда, соли 1999 оилаашон ба шаҳри Душанбе кӯчидаанд. Ҷаҳонгир аз синни шаш солагиаш ба клуби таэквондо рафта, як сол дар он ҷо тамрин кард.
  Синфи якумро дар Душанбе хонда, соли 2005 бо оилаашон ба Русия омаданд ва таҳсилро дар вилояти Владимирскийи ин кишвар давом дод. Ҳамон сол ба мактаби бокс даромада, тамрини худро давом дод. Ҷаҳонгир аз кудакӣ ба бокс шавқу ҳаваси бисёр дошт ва ба мураббии боксаш Евгений Дмитриевич Жилсов хуш омада буд. Ба хотири чустиву бомаҳоратияш ба ҳар чорабинӣ ё мусобиқа аввалин Ҷаҳонгирро мебурд. Ҷаҳонгир доимо дасболо ва бо медалу ҷому ифтихорномаҳо бармнгашт.
  Соли 2016 мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Иваново дохил шуд. Аз он пас хондан ва тамрини худро дар шаҳри Иваново оғоз кард. Аввалан бокс, баъдан ба ҷудо машғул шуд ва мураббиён маҳорати варзишгарии хубашро дида, ӯро ба клуби ММА-и шаҳри Иваново қабул карданд.
  Ҷаҳонгир ба майдон баромада, ҳунари воло нишон дод ва аз синни 19 солагӣ ӯро ба гурӯҳи размгарони касбӣ дохил карданд. Бо Аъзам Ғаффоров якҷо дар ин нави варзиш дар як мактаб дар шаҳри Иваново тамринро оғоз карданд. Азам чанд сол пештар ба Маскав омаду Ҷаҳонгир дар Иваново монд ва бадтар ӯ ҳам ба Москва омаду боз якҷо бо Аъзам тамринро давом доданд.
  Ҷаҳонгир аз синни шаш солагиаш вориди толори варзишӣ гашта, дар ҷавонӣ дар соҳа муваффақ гардидааст. Аз навҷавонӣ шомили варзиши касбӣ гардида, ҳамагӣ чаҳор бохт дошта, дар 16 набард пирӯз гардидааст. 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.