24.09.2020. Шоираи ширинкалом, зодаи диёр, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, соҳиби ифтихорномаву нишонҳо Нуқра Суннатниё ҳафтодсола шуданд. Суннатниё яке шоирони тавонои кишвар буда, соҳиби чанд маҷмӯаи шеърӣ аст, ки дар ашъораш васфи диёру талқини хисоли некӯ, эҳсосоти воқеии шоирбинонаро бо каломи шево ба риштаи назм кашидааст.
Шоираи мӯҳтарамро ба иллати солгард таҳният гуфта, ба эшон умри дарозу бобаракат орзумандем. Ба муносибати солгард намояндагони илму фарҳанги диёр таманниёти хешро ба шоира иброз доштаанд, ки намунаи чандро дар зер меоварем.
Зоиршоҳи Давлат
Нуқраи Суннатниё. Ин ному ин шахсият барои ҳар тоҷики худшинос, ки аз шеъри муосир баҳрае бурда, ошнову азиз аст. Ашъораш саршор аз муҳаббату дарду орзуву ормони инсону васфи майҳану ишқи диёр аст. Самимитар аз ашъори ӯ хеле кам аст, ки бар дилҳо нишинад. Чун ҳарф, ҳарфи ӯ фарогири шууру эҳсосу шолудаи андешаҳои ноб аст.
Ӯ зодаи сарзамини Ванҷи мо ва аз нажоди озодзодагон аст. Мутмаинам, ҳар ванҷие ки мушарраф ба суҳбати орифонаи эшон шавад, беихтиёр ӯро ХОЛА хоҳад гуфт, ки пас аз модар барои ҳар касе хола азиз аст. Ӯ як ванҷӣ бо маънои томи ин калима аст. Самимӣ, меҳрубон, дилсӯз, огоҳу рӯшанзамир, модаре бо ҳарфи калон.
Аз бузургвории шахсияти холаи Нуқра ва маонии ноби ашъори гаронвазни ӯ агар рӯзҳову ҳафтаҳо ҳам бигӯем кам аст. Табрикоти самимонаи дӯстони ин гурӯҳи Фейсбукро ба муносибати зодрӯзи шоираи хушкаломамон холаи Нуқраи Суннатниё бо таманниёти содиқонаи умри дарозу сиҳҳату офияти бардавом ва баракат дар кору фаъолияти эшон изҳор карда, умедворем ки бо дастгирии фарҳангиёни бедордилу майҳандӯсти Ванҷ дар мактабу марказҳои фарҳангии ноҳия ин сана ҳар сол бо тантанаву декламатсияи ашъори пурғановати эшон таҷлил хоҳад шуд. Дар зер яке аз охирин сурудаҳои шоир оварда шудааст.
Дуруд
Дилгир шудам, Ватан, зи дурии ту зуд,
Дар нақшаи ман ҷудо шудан аз ту набуд.
Ҳар субҳ, ки парда боз мекард зи шаб,
Хуршеди туам нахуст мегуфт: «Дуруд».
***
Бӯйи гули санҷит беҳ аз атри Фаранг,
Бар обу ҳавои ту дилам гардад танг.
Ҷуз ранги баланди ҷигарии кӯҳат,
Андар ҷигари хеш наовардам ранг.
***
Чи фарқе, ки ба Маскав ё Ҳисорам,
Ҳаводори ҳавои кӯҳсорам.
Агарчи решаам дар қалби санг аст,
Ба шаш сӯ шоху баргу реша дорам.
Иршод Сулаймонӣ
Ҳафтодумин солгарди пурифтихори соҳиби ин ғазали зебову ошиқонаву орифона, шоири хушному самбули покиву иффату нозу самимият, хешованди хуби хубам, Нукра Суннатниёро ба ҳама ошиқони шеъри ноб, табрик арз мекунам:
Кистӣ, эй, ки аз оғоз туро меҷӯям,
Раҳи ман кӯр шуду боз туро меҷӯям?
Медамад аз дили сетор шигарф оҳанге,
Меравам дар дили овоз туро меҷӯям.
Баски дар оина чашмони туро мебинам,
Ман дар ин оинаи роз туро меҷӯям.
Шона чун панҷаи ту даст ба мӯям бикашад,
Ман дар ин ҷилваю пардоз туро меҷӯям.
Андар он шӯъла, ки парвона параш месӯзад,
Мезанам болу шаҳи ноз туро меҷӯям.
Дар сари роҳи ҷаҳон роҳи туро мепоям,
Кистӣ, эй, ки аз оғоз туро меҷӯям!?.
Холид Қудратов
Қариби бегоҳирӯзӣ аз кори хочагидорӣ фориғ шуда, саҳифаи фейсбукро кушодам ва навиштаҷоти додари хеле ҳам қадрдон ва ҳақшиносам Зоиршоро хондам ва хело ҳам хурсанд шудам, зеро он суханҳое, ки мехостам дар ин рузи нек нисбати апаи азиз, мушфиқ, хоксор ва ниҳоят як инсони хеле одию самимӣ ирсол кунам, дар навиштаҷоти додарам Зоиршо пайдо намудам, ташаккури беҳад бародар Зоиршо барои чунин суханҳои самимӣ ва одилона дар ҳақи апаи мушфиқам Нуқрабону (Раҳмхоним).
Дар ҳақиқат апаам Нуқра чунон одами хоксор ва ҳалиме мебошанд, ки касро ба ҳайрат меорад. Ҳар вақт, ки ба диданаш ба Душанбе равам, чу айёми кӯдакиам чунон навозиш ва гирдгардонӣ мекунад, ки танҳо модар ба фарзандаш чунин амалро раво мебинад, хуллас нисбати ҳамаи хешу табор,наздикону дӯстон ва ҳамсояҳояш мушфиқу меҳрубон ҳаст.
Апаҷони азизам, аз Худованди манон барояти саломатии бардавом, дар корҳоят муваффақиятҳои беназир барои фарзандон, наберагон ва додаронат, соябони сар буданро таманно дорам.
Худованд Шумо ва кулли ғарибони берун аз ватанро ба дидори пайвандон ва наздикон мушарраф гардонад.
Дар ин рӯзи мавлудатон ҳамон мисраҳое, ки даҳ сол пеш барои ҷигарбандат Парвиз дар рузи домодиаш навишта будам, пешкашатон менамоям:
Дар ҷабинат Парвизо нури худо бинам ҳаме,
Бо аруси нозанини хушлиқо бинам ҳаме.
Хонадони нав сози хуш муборак гӯямат,
Дар калому гардишат бар ҳақ сано бинам ҳаме.
Дустон ҷамъ омаданд баҳри муборакбодиат,
Қадри ёру дустонат то само бинам ҳаме.
Ҳақ зи ботил дур бошад доимо дар ёди ту,
Бар руҳи поки падар даст бар дуо бинам ҳаме.
Модари хуш лутфи ту шод аст аз лутфи Худо,
Шеъри ӯ чун кимиё бар тан даво бинам ҳаме.
Бо сироталмустақим пайванд бошад насли ту,
Зиндагиатро пур аз меҳру вафо бинам ҳаме.
Доимо пеши Худо дорам умеду орзу,
Душманатро банд-банд аз ҳам ҷудо бинам ҳаме.
Мустаҷо гардад дуоят, Холидо, дар рузи нек,
Бозгаште бар ватан дар лаб дуо бинам ҳаме.
Назари хешро иброз кунед