Нӯъмон Ризвонов10 июли соли 1932 дар деҳаи Рохарв, ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи ба номи Ленинро дар соли 1950 дар зодгоҳаш бо баҳои аъло ва факултаи химияю биологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Ленинободро соли 1957 низ чунин хатм кард. Аз моҳи августи соли 1957 ба ҳайси муаллими химия ва биологияи мактаби миёнаи номбурда фаъолияти меҳнатии худро огоз намуд. 24 октябри соли 1958 ӯро бо қарори Бюрои кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ барои кор ба органҳои бехатарии давлатӣ фиристоданд, ки аз он вақт (аз 24 октябри соли 1958) то ин ҷониб дар ин мақомот дар вазифаҳои роҳбарикунанда, дар вилоятҳои Бадахшон, собиқ Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанбе кору фаъолият мебарад.
Аввалин чекисти касбии ноҳияи Ванҷ Нӯъмон Ризвонов дар мактабҳои ин мақомот дар шаҳрҳои Москва, Киев ва Тошкент солҳои 1962, 1970, 1977 ва 1982 таҳсил ва такмили ихтисос кардааст. Ӯ дорои унвони полковники хизмати бехатарӣ мебошад. Дар давоми хизмату фаъолияташ шогирдони зиёде тарбия ва ба воя расонидааст, ки аз байни онҳо 4 генерал (Саидамир Зуҳуров, Сафаралӣ Сайфуллоев, Мирзоватан Ҳасаналиев, Абдураҳмон Азимов) дар мақомотҳои баланди давлативу ҳукуматии Тоҷикистон кору фаъолият доранд.
Алҳол Н.Ризвонов дар мактаби Олии Вазорати бехатарии Тоҷикистон ба тарбияи шогирдон машғул буда, ба онҳо мардонагӣ, ростқавлӣ ва дар ҳама ҳолат манфиати Ватанро ҳимоя намудан талқин мекунад. Н.Ризвонов барои хизматҳои намунавиаш бо ордени “Нишони фахрӣ”, 16 медал, нишонҳои сарисинагии “Аълочии Комитети бехатарии давлатии ИҶШС” ва “Қӯшунҳои сарҳадии Комитети бехатарии ИҶШС”, инчунин 5 ифтихорномаи ин мақомоту ҳукумати ИҶШС, аз ҷумла бо расму навиштаҷотҳо, се соати дастӣ, яктоаш аз ҷониби Раиси Комитети бехатарии давлатии ИҶШС Ю.В.Андропов ва бисёр тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр гардидааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед