Зиёратшо Пиров

  Ғайратшозода Зиёратшо Пирумшо (Пиров Зиёратшо 15 апрели соли 1957 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1964 ба мактаби миёнаи №4-и Рохарв шомил шуда, онро соли 1974 ба итмом расонидааст. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебошад.
  Моҳи майи соли 1976 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР (ИҶШС) даъват шуда, дар шаҳри Владивосток хизмати низомиро адо кардааст. Аз моҳи июни соли 1978 то моҳи августи соли 1987 дар Шӯъбаи корҳои дохилии комиҷроияи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар вазифаҳои навбатдори фаврӣ ва муффаттиш фаъолият кардааст.
  Аз соли 1987 то моҳи марти соли 1990 иҷрочии Суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ фаъолият намудааст. Аз моҳи марти соли 1990 то моҳи ноябри соли 1998 дар мақомоти прокуратура ба ҳайси Ёрдамчии калони додситониҳои шахри Хоруғ ва шаҳри Душанбе, прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ фаъолият намудааст. Аз соли 1998 то моҳи августи соли 2000 ба ҳайси судяи Суди шаҳри Хоруғ кор кардааст.
  Аз моҳи августи соли 2000 то моҳи апрели соли 2002 дар вазифаи сардори Ситоди Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ванҷ фаъолият дошт. Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи майи соли 2015 сардори Шӯъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси ВМКБ ва роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ кор намудааст. Аз моҳи майи соли 2015 то якуми июни соли 2020 дар мансаби сардори Раёсати адлияи ВМКБ ифои вазифа дошт.
  Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2013, таҳти № 1498 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуда, аз 24 августи соли 2017, таҳти № 924 ба ӯ рутбаи дараҷавии “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3” дода шудааст. Соли 2018 бо амри Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Зиёратшоҳ Ғайратшоҳзода Пирумшо (Пиров Зиёратшо) унвони хизматии генерал-майори адлия дода шудааст.
  Оиладор соҳиби 6 (шаш) фарзанд мебошад.
Ёду номи неки генерал дар қалби дӯстону ҳамкорону ҳампешагон то абад боқӣ хоҳад монд!. Ёдат ба хайр, Генерал!. Хилватшоҳи Маҳмуд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.