Диловар Вазиров – полковники милиса, сарвари шӯъбаи ташкилоти корҳои махфӣ-тахлилии Управленияи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пас аз хатми мактаби миёна, солҳои 1972-1974 дар хизмати ҳарбӣ, сипас дар факултаи физика Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (1974-1979), таҳсил намудааст.
Баъди хатми он фаъолияти кориаш дар самти ҳифзи ҳуқуқ ин тавр сурат гирифтааст: 1979-1983 — Управленияи корҳои дохилаи ш.Душанбе, шӯъбаи ноболиғони корҳои дохилаи ноҳияи Марказӣ ба ҳайси инспектори минтақавӣ оид ба корҳои ноболиғон, солҳои 1983-1984-инспектори гурӯҳи профилактикаи кофтукови ҷиноии ноболиғони шӯъбаи корҳои дохилии (ШКД) ноҳияи Фрунзе, 1984-1986-корманди амалиётҳои фаврии Шӯъбаи кофтукови ҷиноии (ШКҶ) ноболиғони Управленияи корҳои дохилаи (УҚД) шаҳри Душанбе, 1986-1988-корманди калони амалиётҳои фаврии кофтукови ҷиноятии назди ШКД ноҳияи Фрунзе, 1988-1990-муовини сарвари ШКД-и ҳамин ноҳия, 1991-1992-муовини сарвари ШКД-и ноҳияи Фрунзе ва корманди калони Саруправленияи назди ШКД оид ба корҳои фаврӣ-кофтуковӣ, беяроқкунии гурӯҳҳои силоҳдори ғайриқонунӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткории хатарнок дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1992-1993-идораи ВКД ҶТ, 1993-1994-корманди Управленияи кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ ва сарвари гурӯҳи ШКҶ-и УКД ш.Душанбе, 1994-1995-корманди калони амалиётҳои фаврии махсуси ШКД-и шӯъбаи УКҶ дар назди ВКД ҶТ, 1995-2002 муовини сардори шӯъбаи махфию таҳлилӣ оид ба корҳои Управленияи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ.
Аз соли 2002 инҷониб вазифаи сарварии шӯъбаи махсуси таҳлилии корҳои Управленияи мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори (УБНОН) ВКД ҶТ-ро ба дӯш дорад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед