Одинамаҳмад Ёров

  Полковники КБД Одинамаҳмад Ёров 12 декабри соли 1956 дар деҳаи Водхуд таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна, соли 1979 факултаи филологияи руси ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраевро хатм кардааст. Солҳои 1979-1980 муаллими мактаби миёнаи №7-и Ванҷ, солҳои 1980-1982 дастурдиҳандаи кумитаи комсомоли ноҳияи Ванҷ, аз соли 1982 дар Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон кору фаъолият дошт. Соли 1983 мактаби олии Кумитаи бехатарии давлатиро дар ш.Минск хатм намуд.
  Одинамаҳмад Ёров то охири ҳаёт сардории Шӯъбаи кумитаи бехатарии ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Дарвоз ва Аштро ба ӯхда дошт. 6 маи соли 1999 риштаи умри полковники КБД О.Ёров ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Дар давраи кору фаъолияти касбии хеш ӯ худро роҳбари кордону соҳибтаҷриба, ватандӯсти фидокор ва рафиқи мушфиқу ғамхор нишон додааст. Фаъолияти намунавии ӯ аз тарафи мақомоти давлатӣ борҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.