Замоне ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар бозори Сенной кор ва фаъолият мекардам. Бо ҳамватане, ки исми шарифаш Амрхуҷа буд, шинос ва оҳиста-оҳиста дӯст шуда будем. Амрхуҷа шахсе буд қавипайкар, бо чеҳраи кушода ва бениҳоят самимиву хоксор. Дӯсти ман Амрхуҷа чун садҳо ҳазор ҳамватанони аз ҷанги бародаркуш ҷон ба саломат бурдаву фирор карда, бо аҳли хонаводааш ба шаҳри Волгоград кӯч мебандад.
Азбаски Амрхуҷа деҳқони асил ва шахси заҳматкаше будааст ва дар пешаи зироаткорӣ маҳорат доштааст, дар як ноҳияи ин вилоят даҳ ҳектар заминро ба иҷора гирифта, бо аҳли оилааш ба парвариши зироатҳои полезӣ машғул будааст. Шурӯъ аз фасли баҳор ба кишту кори деҳқонӣ машғул гашта, дар заминҳои иҷора гирифтааш помидор мекоштаст ва дар нимаи фасли тобистон ҳосили рӯёндаашро ҷамъоварӣ карда, ба қавли худаш аз сари замин мефрухтааст. Аз пули фурӯши помидор рӯёндааш рӯзгори аҳли оилаашро дар ғарибӣ пеш мебурдааст.
Азбаски кор дар замин шуғли мавсимӣ будааст, дӯсти мо, ки бекор истодан наметавонистааст, аз моҳи ноябр то март дар як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамчун посбон кор мекардааст. Чун марди ҳалолкору покиза ва дасташ қалб набудасту ҳам ҷисман бақувват ва тану тӯшадор будааст, корфармояш ӯро ба камоли майл ҳар тирамоҳ дар ин ширкат ба ҳайси посбон ба кор қабул мекардааст.
Рӯзе аз рӯзхо дӯстам Амрхуҷа ба бозор омад. Ин дафъа танҳо набуд, ҳамроҳаш духтараки тақрибан ҳашт-нӯҳсолаи хушсимо ва ширинсурати шармгине омада буд, ки дар тан либосҳои миллӣ ва дар сар руймоли рангин, аз поёни он кокулони дарозбофтае дошт. Бо арзи салому ҳолпурсӣ ва радду бадали чанд ҷумла аз ин тарафу он тарафи зиндагӣ аз дӯстам суол кардам, ки ин духтаратон аст?. – “Не аз куҷо”, — ба сӯи ман шӯхиомез чашмак зада, ба тарафи духтарак, ки аз шарм рухсораҳояш лолагун гашта буданд, нигариста, бо ҳамон лаҳни шӯхиомезаш илова кард: — “Ин тақсир, узбекдухтараке аст, ки мо ӯро аз бозор харидорӣ кардаем”.
Духтаракро, ки акнун шарму ҳаё тамоман фарогир гашта буд, дасти дӯстамро мепучид, ки сӯҳбати шӯхиомезашро хотима дихад. Дӯстам ба соати дастияш нигоҳ карда, бо ман хайрухуш карда, арз кард, ки баъди ним соат басти кори ман сар мешавад ва ман ба ҷои корам бояд бишитобам. Ман, ки ҳисси кунҷкобиам боло рафта буд, ба дӯстам муроҷиат карда гуфтам: — “Аммо аз ду сарӣ нагуфтед, ки ин духтарак набераатон аст ё ки духтаратон?”. Дӯстам посух дод, ки, қисса дароз аст, насиб бошад, рӯзи шанбе ё якшанбе меоям, бафурҷа шишта саргузашти ин духтаркро нақл мекунам. Мо худоҳофизӣ кардем ва дӯстам шитобон аз паси кораш рафт.
Дӯстам аз рӯи қавли додааш рӯзи якшанбе, тақрибан соати ёздаҳ ба бозори мо омад. Мо аз рӯи расму русум ва суннати ниёгонамон ягдигарро гарм истиқбол карда, барои идомаи сӯҳбат сари як пиёла чойи кабуд ба ошхонаи “Насими Гарм”, ки дар дохили бозор воқеъ буд, даромадем. Пешхизмати самарқандии эронитабор, ки қади мавзун ва бинии теғадори баланду чашмони кабуд, чеҳраи кушода ва табассуми махсусаш, ки дар радифи қади сарв ва рӯи гирди сафед, зулфони дар ду бари рӯй ҷилвагар ва чашмони кабуд, бинии борики теғадор ва гардани дарозаш, ки ба ҳамаи ин хубиҳои дарҷкарда сифату симои зоҳирии ӯро дар алоҳидагӣ ҷило ва обуранги бештаре медоданд, моро бо дастони сап-сафед ва ангуштони нозуки дасташ, ки бо аломати “хушомад” пеши бар гузошта буд, гарм истиқбол кард. Ба гӯшае бурда, бо дасташ мизи холиеро нишон дод ва бо овози ширину форамаш “Марҳамат шинетон” гуфта, сипас аз ҷайби пешбанди кабудранги корияш китобча ва қаламро бароварда, чи хӯрданамонро суол кард. Бо дӯстам як чойник чойи кабуд, ду коса лағмон, нимкоса чакка ва нон фармоиш додем. Духтараки пешхизмат фармоиши додаи моро дар китобчааш навишта, аз паси кораш рафт.
Дӯстам Амрхуҷа пиёлаи чойро дар дасташ гирдгардон карда, як қулт-як қулт нӯшида, сӯҳбатро оғоз кард: “Бахори соли 2002 хеле гарм омад, ҳосили помидори парваришкардаамон хуб нашъунамо кард. Бо аҳли оила аз паси кору бори деҳқонӣ ҳамакаса саргардон будем. Бар зами ҳамаи ин кӯшишу ғайратамон дастамон барои анҷом додани ҳамаи корҳо дар саҳро намерасид. Рӯзе баъди ҷумбуҷӯл дар сари замини кишт аз гарми сӯзони офтоб хаставу афгор шудам ва дар дил карор додам, ки чи хеле набошад, бояд каме биосоям.
Дар болои рахти хоб ним соат дароз кашида будам ё набудам, ки дари дарвозаро касе кӯфт. Аз кӯфтагӣ ва хастагии кор дар саҳро хеҷ дилам намешуд, ки аз ҷоям бархезам. Аз аҳли хонаводаам ҳам ҳама дар сари замин буданд, чун даркӯбиҳои пай дар пай хотима намеёфтанд, маҷбур шудам, аз ҷоям бархоста, ба назди дарвоза равам. Дарвозаи ҳавлиро кушода дидам, ки марду зани узбеке бо киёфаи хаста ва бо ҳоли зоре баъди арзи салом ба лахҷаи шикастаи нимрусию нимузбекӣ аз ман хостгори кор шудаанд. Ман онҳоро ба даруни ҳавлӣ даъват кардам.
Рости гап, ба ҳоли онҳо дилам сахт сӯхта буд ва ман ба дастёри иловагӣ ниёз доштам. Бино бар ин сабаб бо онҳо маслиҳат додам, ки ман маоши кори шуморо баъди ҷамъоварии ҳосили помидор ва пура фурӯхтани помидор ба тарзи чакана дода метавонам. Дар айни замон барои шумо фақат шароити зисту зиндагонии муваққатӣ ва се вакт ғизоро то тамомшавии мавсими кор таъмин карда метавонаму халос.
Узбекҳо ба ҷуз розӣ шудан шояд, ки чораи дигаре надоштанд, ба маслиҳати додаи ман “майлӣ” гуфта, розӣ шуданд. Дӯстам аз тақсимча ду-се қошуқ чаккаро бардошта, ба косаи лағмонаш илова карда, се-чор қошуқ лағмон тановул карда, пиёлаи чояшро бардошта, то дами охирини чойи пиёларо нӯшида, аз сари нав пиёларо лабрези чой карда, сӯҳбаташро идома дод.
Дар як кунҷи ҳавлӣ хонаеро, ки бо ҳайси анҷомхона истифода мебурдем аз асбобу усканаи рӯзгор холӣ карда, як кати хобро аз меҳмонхона бароварда, дар анҷомхона васл кардем ва асбобу анҷоми рӯзгор, чизҳо лозимиро бо қадри имкон муҳайё карда, ба анҷомхона бурдем. Дар масъалаи хурду хӯрок ҳам чизе аз ғизоҳое, ки барои худ омода мекардем, баробар бо онҳо тақсим мекардем. Доимо аз ҳолашон хабардор мешудем. Ҳамакаса кӯшиш мекардем, ки дар нисбати ин ду шахс самими бошем, ки мисли мо мусофиру азияткашида ҳастанду мабодое хотирашон аз мо наранҷад.
Аммо узбекҳо ниҳоят камгап буданд ва баръакс доимо кӯшиш мекарданд, ки аз мо канорагирӣ кунанд. Мо фикр мекардем, ки шояд шарм медоранд, лекин вазифаи ба зимма гузоштаашонро доимо аз сидки дил иҷро мекарданд. Аз байн чанд вақт, қариб яку ним моҳ гузашт. Рӯзе аз киштзор дидан карда, мушоҳида кардам, ки қисмати поёнии замини помидор каме офтобхӯрда шудааст ва ҷо-ҷо буттаҳои помидор, ки дар ҳолати нашъунамо қарор доштаанд, ягон-ягон баргҳояшон зард шуда буданд. Аз ин сабаб ба ҷуфти узбек фармоиш додам, ки ҳамин қисмати заминро фавран обёрӣ кунанд. Худам бошам, аз паси ким-кадом коре ба хона бар гаштам.
Аммо дилам хавотир ва вуҷудам ҳам мушаввашхотир буд. Офтоб бедареғ нурпошӣ мекард, ҳавои нисфирӯзӣ бениҳоят гарм ва тафсон буд. Аз байн қариб ду соат гузашт, азбаски ҳолати парешонхотирӣ маро раҳо намекард, аз ҷоям хеста, ба сари замин рафтам. Аз узбекҳо дараке набуд, қисмати поёнии замин ҳам қариб, ки шодоб гашта буд. Шояд аз барои тановули ғизои нисфирӯзӣ бо аҳли хонводаи ман аз мобайни замин роҳро миёнбур карда, ба хона рафта бошанд, аз дил гузаронидам ман.
Акнун мехостам, ки ба хона баргардам, ки овози ғирингосие диққати маро ба худ ҷалб кард. Мумкин сагбача ё пишакбача бошад, чунки дар гирду атроф пишак ва сагҳои бесоҳиб зиёд гашту гузор мекарданд. Аммо овози садои ғирингос тораф баландтар мешуд. Ман ҳам оҳиста-оҳиста ба тарафи садои, ки аз наздикиҳо аз қисмати поёни замини помидор мебаромад, рафтам. Рафтаму дар ҷоям шах шуда мондам. Дар ҷӯяки помидор тифлаки навзоде дар болои чакмани чиркине мехобид, ки аз гармии офтоби сӯзон беҳолу бемадор гашта буд ва бо овози имдодталабона паст-пастак гиря мекард.
Аҷибии кор дар ин буд, ки ҳамаи ҷои замин аз об тар гашта буд, вале ҷое, ки тифлаки бегуноҳ мехобид, хушк буд. Ман куртаи танамро бароварда, тифлакро дар он печонидам ва ӯро пеши бар карда, ба сӯи хона давидам. Аз дидани тифлаки хунолуд ҳамаи аҳли хонаводаи ман дар ҳолати шокӣ афтода буданд. Аз аввал ҳама каме худамонро гум кардем, аммо зан ва духтарам зуд худро ба даст гирифта, тифлакро аз дастам гирифта, ба ҳаммом бурда, шуста, пок карданд. Тифлак каме ба худ омада буд ва орому осуда гашта, майли хоб кардан дошт.Тифлак, ки духтарбача будааст, хело тифли солим ва бақуввате будааст, ки дар сари замин нурҳои офтоби сӯзонро бардошт кардааст, аммо агар камтар дертар мекардам шояд зинда намемонд. Сабаби сиёҳ будани қалбам ва мушаввашхотир буданам ҳамин тифлаки бегуноҳ будааст.
Тифлак доди Худо, ҳадяи ман будааст.Чашмонашро нимпӯш карда, илова намуд дӯстам, ки ҳама замин аз об тар шуда буд ва ҷое, ки тифлак мехобид, бо қудрати Худованди бузург тар нагашта буд ва маро ҳам гӯё касе аз дастам кашола карда, ба сари замин бурд, ман тифлакро дар онҷо ёфта, аз марг наҷот додам. Нахостам, ки тифлакро ба ятимхона супорам, асноди даркориро ҷамъоварӣ карда, тифлакро бо номи худам ҳуҷҷат кардам ва аз бахти ин тифлак духтарам, ки бо шавҳараш бо мо мезист, писарбачаи яксола дошт ва то якунимсола шуданаш аз шири сина таъмин буд.
Дар миёни сӯҳбат ман беқаророна аз дӯстам суол кардам, ки такдири узбекхо чи шуд, онҳо куҷо шуданд?. Дӯстам қадре хомӯш истода, оҳи сарде кашида, посухам дод, ки намедонад.Онҳо шояд зану шавҳар набуданд, аз гапу хабар тарсида, тифлаки бегуноҳро дар сари замин партофта, гурехтанд. Ё шояд, ки зану шавҳар буданд, аммо вазнинӣ ва азоби муҳоҷират ва фақру нодорӣ онҳоро маҷбур кард, ки дар зиндагӣ бори зиёдатӣ гуфта, тифлакро партофта рафтанд. Ба ҳар ҳол намедонам, ки кадом сабабе онҳоро маҷбур кард, ки ба ин амали зишт даст зананд, фақат боре гуфта буданд, ки аз ким-кадом як деҳаи атрофи вилояти Хуҷанд буданд, шояд дурӯғ гуфта бошанд ё рост, Худованди бузург шоҳид асту халос, дигар чизеро дар бораи онҳо намедонам.
Аммо ман ва аҳли хонаводаи ман аз ин атои Худованди бузург хурсандем. Комиларо ҳамаамон фарзандвор дӯст медорем, аз ҳама бештар бо ман унс гирифта, доимо аз қафои ман бобоҷон гуфта медавад. Ҳатто дар ҳамин се-чор моҳе, ки ман дар ин ҷо кор мекунам, маро ҳамроҳӣ мекунад. Бе ман зиқ мешавад, ҳар ҷое равам, аз пасам меравад.
Дӯстам аз рӯи одаташ пиёлаи чояшро гирдгардон карда, бо тамомӣ нӯшида, ба ман руй оварда, бо лабханда гуфт: — “Ана ҷӯраи ҷон, ин буд қиссаи “узбекдухтараки харидаи ман”, аммо ҳамин саргузаштро боре ва дар пеши касе ба ғайр аз ту нақл накарда будам, ту бошӣ якравӣ карда, ба ҷону ҳолам намондӣ, ба ин сабаб маҷбур шудам, ки ин саргузаштро ба ту нарезондаву начаконда нақл кунам”.
Ман ҳам аз тарафи худ ба дӯстам барои сӯҳбати самимӣ ва воқеияш изҳори миннатдории бепоён карда, пешхизмати сарвқади эронитаборро садо карда, маблағи ғизои ошомидаамонро пардохта, бо дӯстам ошхонаи “Насими Гарм”-ро пасопеш тарк кардем. Пешхизмат моро то даҳани дар гусел карда, чарх задаву тоб хӯрда “Боз бетон, нури дида тоҷи сар” гуфта, бо мо худоҳофизӣ карда, бо табассуми махсусаш то аз мадди назар ғоиб гаштани мо рост, маътал истода буд.
Ин саргузашт дар асоси ҳодисаи воқеӣ, нарезондаву начаконда навишта шудааст ва танҳо номи каҳрамонҳои қиссаро дигар карда шудааст.
Назари хешро иброз кунед