Обанбори Фарҳод дар соли 1947, дар Сирдарё, дар ҳудуди Тоҷикистон сохта шуда, масоҳаташ 48км ва ғунҷоишаш 350 милллион м³ буда, дарозияш 46км, паҳноияш 3,1км ва чуқурияш ба ҳисоби миёна 7м мебошад.
Агарчанде ки ин обанборро дар даврони шӯравӣ ба мӯҳлати чил сол ба Узбекистон барои истифодаи муваққатӣ иҷора дода бошанд ҳам, бо мӯҳлати сипари гаштани чил сол давлати Узбекистон дар фикри бозпас гардондани ин обанбор набуд ва ҳатто даъво мекард, ки ин обанбор дар ҳудуди давлати Узбекистон сохта шудааст ва дар сохтани ин обанбор саҳми узбекҳо бештар аст.
Аз рӯӣ нақли сардори милисаи ноҳияи Нов Рустам Саидов, ки дар ҳайати комиссия оид ба масъалаи баҳсбарангези обанбори Фарҳод ширкат меварзидааст, узбекҳо қатъиян намехостанд обанбори Фарҳодро бозпас бидиҳанд, ҳатто даъво мекарданд, ки обанбор дар ҳудуди замини аҷдодии онҳо сохта шудааст. Аз ин лиҳоз онҳо ба ин обанбор ҳаққу ҳуқуқи бештаре доранд. Баҳс дар сари масъалаи обанбори Фарҳод бо узбекон ба як кучаи сарбастае анҷом меёфт ва бар зами ин аз тарафи кушунҳои сарҳадии давлати Узбекистон марз ва гирду атрофи обанбори Фарҳодро симхорбандӣ карда шуда, пораҳои бетони калонҳаҳӯҷмро кашонда, пеши роҳи обанборро деворбандӣ мекарданд, ки ин амали сарҳадбонони узбек моро то ҷое ба ташвиш оварда буд.
Ба гуфти Рустам Саидов аз тарафи бошандагони деҳаи Бекобод ҳар замон арзу шикоятҳое мерасиданд, ки сарҳадбонони узбек дар ин деҳа сари мардум фишор меоранд ва шахсан чанд бор худам барои ҳалли масъала рафта, чандин шаҳрванди ин деҳаро аз дасти сарҳадбонони узбек халос карда будам.
Рустам Саидов нақл мекунад, баъди як гуфтушуниде, ки мисли ҳамеша бенатиҷа анҷом ёфт, ба ноҳияи Нов баргашта, шахсан барои баргардондани обанбори Фарҳод нақша кашидам. Ҳамаи тарафи амалиёти ба нақша кашидаро як бори дигар дар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, аз 92-нафар милисаи зери дасте, ки доштам 15-нафарашро дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия монда, дигаронашонро бо 20-нафар аскарони 25-ум баталиён, ки ҳамон вақт дар ноҳияи Ғончӣ қарор доштанд ва хизмати ватан мекарданд, барои амалӣ кардани нақшаи дарпешмонда, дар ҳолати омодабош карор гирифтем.
Барои фишор овардан бо ҳолати рӯҳии аскарони узбек, ки шумораашон дучанд аз мо бештар буд, дар як тягач лӯлаи дарозеро кафшер кардем, ки дар шабҳангом ин тӯпи сохтаи мо бисёр ҳам бадвоҳима менамуд. Соати чори саҳарӣ мо ба сӯи обанбори Фарҳод ҳаракат кардем, аз дидани тӯпи бадвоҳимаи мо ва афсарони ришдоре, ки дар сару синаву пешҳои барашон норинҷакҳо овезон буданд, сарҳадбонони узбек ба воҳима афтоданд. Мо бе он ки тире аз тирдон холӣ кунем, ҳамаи аскарони узбекро дастгир ва беяроқ карда, аскарони қаторияшонро сар дода, командирҳояшонро муваққатан то ҳаллу фасл кардани масъала дар як бинои обанбор маҳкам кардем.
Ҳамон шаб кран оварда, вагони назоратии сарҳадбонони узбекро якуним киллометр дарунтар дар ҳудуди марзи Узбекистон гузоштем ва дар ҳамон нимаи шаб рассомеро аз деҳа ҷуста овардем, ки расми рамз ва парчами Узбекистонро аз девори обанбор пок карда, рамз ва парчами Тоҷикистонро дар девори бинои обанбор кашида, рангу бор кард.
Дере нагузашта буд, ки аз тарафи давлати Узбекистон ду БТР ва ҳаштто Ҳаммери зиреҳпӯш ба тарафи мо ҳаракат карданд. Яқин, ки мехостанд сари мо фишор оварда, аз нав обанбори Фарҳодро соҳиб шаванд. Мо дар бисотамон ҳамагӣ 6-7 гранатомёт доштем, амр кардам, ки давраи мудофиавӣ ташкил карда, ҳар як мошини зиреҳпӯшро мавриди нишон қарор бидиҳанд ва бе амри ман тир холӣ накунанд. Худам бошам барои гуфту шунид бо сарҳадбонони узбек рафтам. Онҳо дӯғу пӯписа мекарданд, ки “Ту ки ҳасти?, ту худат як сардори шӯъбаи корҳои дохилии як ноҳия мебошӣ ва ба ту кӣ ҳақ додааст, ки ба масъалаҳои сарҳадӣ дахолат кунӣ?”.
Дар ҷавоби онҳо “Бале, ман сардори милиса ҳастам ва ман барои оромӣ ва тенҷиву амонии ин мардум ҷавоб медихам ва бар зами ин ман аъзои ҳайати комиссияи вилоятӣ оид ба масъалаҳои сарҳадӣ мебошам ва тамоми ваколатро дорам, ки дар ин масъалаҳо дахолат кунам”. Ман ба онҳо панҷ дақиқа вақт барои тарк кардани марзи Тоҷикистонро додам, онҳо бошанд амри маро ҷиддӣ нагирифтанд.
Бинобар ин, ман ба зердастонам амр кардам, ки онҳоро дастгир ва беяроқ кунанд. Дар амалиёти ҳамоншаба, ки аз соати чори шаб то соати даҳи рӯз давом кард, мо ҳамагӣ ҳаштод аскар ва афсар ва як сарҳанги баландрутба, генерал ва майори қушунҳои сарҳадии Узбекистонро дастгир ва беяроқ кардем. Миқдори зиёди яроқу аслиҳа ва аз ҷумла ду БТР ва ҳаштто Ҳаммери зиреҳпӯшро ба ғанимат гирифтем. Баъдан, баъди гуфтушуниди навбатӣ ҳамаи афсарон ва аскарони узбекро ҷавоб додем.
“Хурсанд ҳастам, ки дар як масъалаи рӯзмарра ва ҳаётан муҳиме барои кишвари азизам саҳми ночизи худро гузоштам”, бо ифтихор мегӯяд Рустам Саидов. Дар мавриди соли аз нав баргардондани обанбори Фарҳод ба давлати Тоҷикистон чизе гуфта намешавад, вале Рустам Саидов ба ҳайси сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нов дар соли 1998 таъйин шуда буд, мумкин дар ҳамон сол бошад, ё ки андаке дертар.
Ҳарчанд, ки обанбори Фарҳод дар пайи як амалиёти муштараки марди ғаюру ватандӯст Рустам Саидов ва зердастони ӯ ба давлати Тоҷикистон баргардонида бошанд ҳам, давлати Узбекистон ҳанӯз ҳам ба умеди аз сари нав соҳиб шудани ин обанбори калонтарини Осиёи Миёна мебошад. Ба ҳамин наздикӣ дар як барномае бо номи “Дӯсти санҷидашуда”, ки пахши шабакаи телевизионии Узбекистон буд, изҳор карда буданд, ки обанбори Фарҳод ба давлати Узбекистон тааллуқ дорад ва дар ҳудуди давлати Узбекистон сохта шудааст ва дар сохтмони он саҳми узбекистониҳо бештар аст.
Ин буд нақли корнамои марди ҷасур ва ватандӯст Рустам Саидов ва зердастони ӯ барканда аз як мақолаи русӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯсти ва миллатдӯстии ҷавонон.
Назари хешро иброз кунед