Зубайда Пакаева

  Бонувони фозиларо ӯҳдадориҳои хона ва рӯзгордорӣ дар масири касбу пажӯҳиши дониш монеа нест. Онҳо аз ӯҳдаи ин ҳар ду ба ваҷҳи аҳсан бармеоянд ва ҳатто комёбу муваффақ ҳам мешаванд.
  Яке аз зумраи чунин бонувони фозила ва олимаи диёр Зубайда Пакаева мебошад. Зубайда Пакаева 27 июни соли 1980 дар оилаи омӯзгори маъруфи диёр Худойдод Пакаев дар шаҳраки Рохарв таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1999 ба Факулати шарқшиносии (риштаи ҳиндӣ-урду) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2003 бо дипломи аъло хатм намудааст.
  Ӯро хамчун донишҷӯи фаъол барои идомаи тахсил аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кишвари Ҳиндустон фиристодаанд. Аз соли 2003 то 2004 дар шаҳри Аграи Ҳиндустон дар Донишкадаи забономӯзӣ таҳсилро идома дода, онро бо муваффақият хатм намудааст. Баъд аз бозгаш аз Ҳиндустон дар соли 2004 ба бахши магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро 2006 бо дипломи аъло хатм намудааст.
  Баъди хатми магистратура соли 2007 фаъолияти меҳнатиро дар Факулати шарқшиноси Донишгоҳи милии Тоҷикистон, дар риштаи ҳиндӣ-урду оғоз кардааст. Ҳамзамон, дар баробари таҳсил аз соли 2005 то 2007 дар ширкатҳои ҳиндӣ ва покистонӣ ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият кардааст.
  Соли 2007 дар курси байналмилалии забон англисӣ (“Tata Consultancy Service”) дар шаҳри Деҳлӣ иштирок карда, дар байни намояндагони 55 кишвари осиёӣ бо ҷоизаи иштирокчии беҳтарин, инчунин сертификати байналмилалӣ соҳиб шудааст.
  Аз соли 2007 то соли 2015 ба ҳайси муаллими забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, дар Кафедраи забонхои хориҷӣ фаъолияти корӣ доштааст. Зубайда Пакаева донандаи забонҳои англисӣ, ҳиндӣ, урду ва русӣ мебошад. Ҳамчун муаллими фаъоли донишгоҳ дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар кишвари Ҳиндустон иштирок карда, сазовори сертификатҳои байналмилалӣ шудааст.
  Зубайда 4 июни 2015 рисолаи илмии худро дар бахши адабиёти муосири ҳинд дар мавзӯи “Судҳа Арора — намояндаи насли нави ҳикоянависони ҳиндӣ” дифоъ намудааст. Зубайда Пакаева номзади илми филологӣ мебошад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.