Фамбулло Давлатов

  Яке аз шахсиятҳои обрӯманд, ки дар ободии диёри Ванҷи пурганҷ ва ВМКБ ҳамеша кӯшидааст, Устод Фамбулло Давлатов будааст. Хусусан, сохтмони биноҳои мактабҳои деҳоти Водхуд ва фермаҳои чорводориву парандапарварӣ, ҳосили фаровони ғалладонаҳо ва зироатҳои полезиро ба даврони раисии ин шахсияти ободкор нисбат медиҳанд.
  Фамбулло Давлатов соли 1922 дар деҳаи Баравни Ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ дар хонадони деҳқони асил Давлатбеки Баравнӣ зода шудааст. Маълумоти ҳафтсоларо дар маркази ноҳия гирифта, баъдан дар шаҳри Хоруғ соҳиби маълумоти миёна гаштааст.
  Баъд чанде дар колхоз кор карда, инчунин, фаъолияти омӯзгорӣ кардааст. Сипас Донишкадаи муаллимтаёркунии Самарқанд, Факултаи география ва биологияро (солҳои 1952 – 1956) хатм кардааст. Солҳои 1956 – 1965 корманди шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Кумитаи вилоятии Ҳизби Комунисти ВМКБ адои вазифа кардааст. Бо тавсияи роҳбари вақти ноҳия, шахси кордону дилсӯз Сайфиддин Раҷабов, ки дастгири ҷавонони лаёқатманд буд, ба корҳои роҳбарӣ ҷалб карда мешавад.
  Аз соли 1965-1970 ба ҳайси директори колхози “Сотсиализм” кор карда, дар ободии диёр саҳми арзанда гузоштааст. Дар сохтмони мактабҳо барои фарзандони аъзои колхоз аз ҳисоби даромади хоҷагӣ кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Идораи колхозро дар деҳаи Лугад ба ихтиёри мактаби ҳафтсолаи №20(ҳоло МТМУ №6)ҷудо кардааст, ки баъди ин ба мактаби 10 сола табдил шуд. Дар деҳаи Баравн сохтани бинои мактаб, дар деҳаҳои Лахш,Узбай низ биноҳои нави мактаб бо ташаббуси ӯ қомат афрохтанд.
  Баъди якҷоя шудани хоҷагиҳо ба хоҷагии “50 солагии СССР” Фамбулло Давлатов то ба нафақа баромадан (соли1982 )ба сифати омӯзгор дар мактаби №6 кор кард. Муаллим шахси хушчақчақ, меҳмоннавоз ва ғаюр буданд. Устод умри пурбаракат дида, дар синни 93 солагӣ, 10 декабри соли 2015 дунёи фониро падруд гуфт. Ёдат бахайр, Устод!. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.