Кишварҳои пешрафтаи олам ба шарафи илм рушд кардаанд ва ҷомеаҳои ин кишварҳо соҳибони фарҳангҳои воломақому оламгиранд. Тоҷиру сарватмандони ин ҷомеаҳо дар пешрафти илму фарҳангашон саҳми бузург доранд. Дар бисёре аз ин кишварҳо муассисаҳои мӯътабарӣ таълимӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, расонаҳои иттилоотию ташвиқгари фарҳангӣ, осорхонаҳо ва дигар ниҳодҳои илмию фарҳангиро тоҷиру сарватмандон таъсис додаанд, ки муҳимтарин саҳме дар пешрафтагии ин кишварҳо доштаанд. Аммо, мутаассифона, дар кишварҳои қафомонда, ин тоифа дар нисбати илму фарҳанг бетафовутанд, агарчанде шумори кам надоранд.
Дар мо низ тоҷиру сарватмандон ба илму фарҳанг кам мароқ доранд, аксаран дар нисбати он бетафовут мебошанд. Вале, хушбахтона, чунин афроди соҳибилму фарҳанг ба нудрат вуҷуд доранд. Баҳор Мирзоев мисли ҳазорон ҳамватан дар паи рӯзгор ба кишвари Русистон рафта, солҳо ранҷу машаққати ҳаёти муҳоҷиратро аз сар гузаронда, ба ақлу идрок ба андозае соҳиби сарват гашта, имрӯз яке аз тоҷирони муваффақи тоҷик дар он кишвар гаштааст.
Баҳор Мирзоев худ шахси соҳибилму фарҳанганд, аз ин рӯ, ба илму фарҳанг таваҷҷӯҳи хосса доранд ва дар ин ҷода корҳои шоистаи таҳсинро адо намудаанд. Ӯ ба рушди иқтисодии диёр таваҷҷӯҳи вижа дорад. Барои ободии диёр аз ҳисоби хеш маболиғи калон сарф кардааст.
Ба хотири нафъи иқтисодии диёр меваи хушки мардумро харидорӣ карда, бо ҳамли мушкилоти зиёд, убур аз марзҳо ба бозорҳои калони Русия расонда, маҳсулоти маҳаллиро муаррифӣ карда, тоҷирони ин кишварро барои ба ноҳияи Ванҷ омадану бо кишоварзу боғдорон ошно шудану доду гирифти мустақим кардан ташвиқ кардааст, ки ин, албатта, хидмате барои рушди иқтисодии диёр аст.
Мирзоев Абдулбаҳор Ҷабборович 31 январи соли 1970 дар деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи ҳамин деҳаро бо баҳои аъло дар соли 1987 хатм карда, дар ҳамон сол дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон таҳсилро идома дода, пас аз итмоми он ба асари ҷанги шаҳрвандӣ ба Русия ба муҳоҷират рафтааст.
Соли 2005 ба шӯъбаи ғоибонаи Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия, ба Факултаи идоракунии давлатӣ дохил шуда, онро бо муваффақият хатм кардааст.
Алъон дар шаҳри Маскави Русия сукунат дошта, соҳиби чор фарзанд аст. Яке аз аъзоёни фаъоли созмони ҷамъиятии “Муҳоҷирони Тоҷикистон” буда, дар хидмати муҳоҷирон ва ҳаммеҳанони берун аз ватан аст.
Назари хешро иброз кунед