Эҳсон Мунавваров

  Кишвари Русистон имрӯзҳо макони муҳоҷирати халқу миллатҳои гуногуни олам ва мазҳари таҷаллои фарҳанги онҳо гаштааст. Миллатҳо ба изҳори ин дар ин кишвар обрӯи баланду паст ёфтаанд. Аҳли илму фарҳанги ин миллатҳо саъйи боло бурдани эътибори миллӣ мекунанд. Тоҷирони онҳо низ дар баробари нафъи шахсӣ дар ғами манофеӣ фарҳангии хеш мебошанд. Масалан, дар шаҳри Маскав – яке аз бузургшаҳрҳои маъруфи ҷаҳон тарабхонаҳое бо номҳои “Узбекистон”, “Чойхона”, “Хоҷа Насриддин” ва ғайра эътибор ёфта, намоишгари фарҳанги миллии убекиянд ва ҳамчунин унвонҳои ширкату муассисоти мухталиф бо номҳои озариву арманиву гурҷӣ, инглисиву фаронсавию итолёвию ғайра ҳокӣ аз ин амранд.
  Мутаассифона, тоҷиру сарватмандони мо аксаран манфиатҳои шахсиро тарҷеҳ дода, дар нисбати манофеи миллӣ бетафовутанд. Аммо ҳастанд афроди ангуштшуморе, ки дар баробари нафъи шахсӣ дар нисбати манофеи миллӣ бетафовут нестанд. Яке аз чунин афроде, ки ифтихори баланди миллӣ дошта, тарғиби фарҳанги миллиро шараф медонад, Эҳсон Мунавваров мебошад.
  Эҳсон мисли ҳазорон ҳаммеҳан ба амри зарурат ба Русия рафта, азоби зиёди ҳаёти муҳоҷириро паси сар кардааст. Ба ақлу идрок тавониста тиҷорати хешро ба роҳ монад ва ӯ имрӯз яке аз тоҷирони муваффақи тоҷики берун аз ватан мебошад. Нахустин ширкати тиҷоратии хешро “Ванҷ Фуд” унвонгузорӣ карда, бо гузоштани рамзҳои миллӣ ва расмҳои табиати диёр дар бастаҳои маҳсулоти фурӯшии он гӯшае аз ватанро дар Русия ва кишварҳои атрофи он муаррифӣ кардааст.
  Ба ин ният маҳсулоти ширкати хешро бо унвонҳои «Дары Таджикистана», “Таджикчай», «Памир», «Бунайчай» номгузорӣ карда, дар бастаҳои онҳо сарвату ғановати кишварро тарғиб мекунад. Ҳамчунин, дар бастаҳои маҳсулоти босифати ӯ зикри Тоҷикистон, Бадахшон, Ванҷ ваҷҳе барои баланд бардоштани обрӯи кишвар мебошад, ки ин маҳсулот дар шаҳрҳои гуногуни мамлакатҳо паҳн шуда, дар намоишгоҳҳои тиҷоратӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
  Ширкати “Ванч Фуд” дар 134 самт иҷозатномаи фаъолияти тиҷоратӣ дошта, зиёда аз 400 номгӯи маҳсулот ва се сол фаъолияти корӣ дорад. Маҳсулоташ дар Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои ИДМ фурӯхта мешавад. Маҳсулоти ин ширкат дар намоишгоҳҳои калони маҳсулоти тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон дар намоиш гузошта шуда, соҳиби қадрномаҳо гаштаанд. Ширкати “Ванч Фуд” узви палатаи тиҷоратии Федератсияи Русия мебошад.
  Бар зами ин Эҳсон ширкати дигари тиҷоратӣ бо унвони “Арзан Ванч Голд” таъсис додааст, ки дар самтҳои гуногун: технологияи интернетӣ, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, баққолӣ, истеҳсоли хӯриши таом, ташкили ярмарка ва намоиши маҳсулот, корҳои нашриётӣ, тамғазании мол ва ғайра иҷозатномаи тиҷоратӣ дорад.
  Эҳсон Мунавваров ҳамчун тоҷири муваффақ ду маротиба ба ҳайси намояндаи Палатаи тиҷоратии Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарӣ корӣ фиристода шудааст.
  Эҳсон Мунавваров яке аз афроди меҳану миллатдӯсту фарҳангпарвари диёру кишвар аст, ки ҳамеша дар ғами миллату фарҳангӣ худӣ буда, ба қадри имкону тавон хидмате барои ин ду адо мекунад. Тавре ки худ мегӯянд, ҳоли зору машаққати бархе аз ҳаммеҳанон дар мулки ғариб андӯҳгинаш менамояд, аз аъмоли бади бархе аз ҳаммеҳанон, ки миллатро бадном мекунанд, сахт озурдаву нороҳат мешавад. Вале худ мекӯшад ба қадри тавон барои баланд бардоштани обрӯи миллат коре анҷом диҳад.
  Эҳсон сазовори номи хеш (эҳсон маънои ато, бахшиш, инъом, марҳаматро дорад) барномаи хайрияи хешро дорад. Ба мустаманду дармондагон дасти ёрӣ дароз карда, дар созмондиҳӣ ва адои корҳои хайр дар миёни ҳаммеҳанони шаҳри Твер пешсаф аст. Ба муҳоҷирони ниёзманд кӯмак мекунад. Ба зодгоҳу хешу табору аҳли диёр имдод мекунад. Ҳамчун шахси мӯъмину муттақӣ ва пойбанди аҳкоми шаръӣ масъулияти динии хешро адо мекунад.
  Эҳсон Раҳмихудоевич Мунавваров зодаи деҳаи Бунайи Ванҷ буда, 2 майи соли 1977 таваллуд шудааст. Мактаби деҳаро хатм карда, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст. Дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Маскав чаҳор сол таҳсил намуда, ба машғулият ба корҳои тиҷорӣ онро то алъон ба итмом нарасондааст. Ҳоло дар шаҳри Твери Федератсия Русия иқомати доимӣ дорад.
  Ҷавонмарди беҳамто, Эҳсон Мунавваров дар таърихи 28.05.2020 дар шаҳри Твер аз олам даргузашт. Худованди мутаъол дар бадали аъмоли некаш дар дунё дар охират аҷру подоши азим ато фармояд!. Аҳли диёр аз даргузашташон сахт андӯҳгин шуданд.

Фирдавсӣ Нуралиён

  Бародари хубе буд, дӯсти содиқе, ба қавлу ваъдааш вафодор, ҳаққи хешутаборӣ риоя мекард, даст ба хайр дошт, нисбати бузургон эҳтиром мегузошт, хурдсолонро сарпарастӣ мекард, кушодарӯ ва кушодагӯ буд, рӯкорӯкӣ сухани ҳақро мегуфт, ҳар чи ки дар дилаш ниҳон буд, ба забон меовард, ҳамнишин ва ҳамсуҳбати хубе буд.
  Чанд рӯз қабл бо Эҳсон суҳбат доштам. Дар зимни суҳбат гуфтамаш, ки худро эҳтиёт кун, ки вазъ дар Русия чандон хуб нест.Ӯ низ маро насиҳат кард, ки худро эҳтиёт кунам ва дар идомаи сухан, гуфт, ки орзу дорам, рӯзе ҳамроҳи ҷумла хешу табор дар Каъба мулоқот кунем, онгоҳ, ин беҳтарин тиҷорати зиндагиям хоҳад буд…
  Аммо, инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун!. Ҳар касе ногузир чашандаи марг аст ва марг ҳақ аст ва касе дар ин гунбади гардун аз марг раҳоӣ надорад ва ин роҳи ҳама офаридагон аст, ки ҳама роҳи фано мегиранду Боқӣ ва Поянда танҳо Офаридгори яктост.Дишаб аз даргузашти ҷонсӯзи Эҳсон  хабарамон карданд, ки аз ин дунё ба сӯи охират рахти сафар баст.
  Хости Худо ин буда аст, ки дар ин баҳори шукуфо хазони аҷал ба баҳори ҳаёти ӯ дар шаби Ҷумъа шабехун занад. Худоё, Раҳимо, Раҳмоно, Омурзгоро, бар биёраки хуби мо – Эҳсон эҳсон кун, қарини мағфираташ гардон ва ғариқи раҳматаш соз!.
  Худовандо, Меҳрубоно, ин меҳмони нави ҷаҳони охиратро, азизи сафаркардаро пазироии накӯ кун ва ӯро бо борони раҳмату омурзиш бишӯй ва дархури биҳишташ гардон ва аз дараҷаҳои баланд баҳрамандаш кун! Медонам, ки ҳеҷ ҷумлае, дарди марги ҷигарбандро сабук намекунад, ҳеҷ таслияте доғи ҷонгудози фарзандро даво намебахшад, аммо дар баробари тақдири Офаридгор чорае ҷуз таслим ва ризо нест. Худовандо, падари бузургвори Эҳсон, Устод Раҳмихудоро, модари меҳрубонашро ва ҳама хонадону хешовандонашро ба андозаи дарёи мусибаташон сабру савоб бидеҳ!
  Покопарвардигоро, дар дили хонаводаи муҳтарамаш ва хешовандону азизонаш сабр бирез!.

Баҳор Мирзоев

Гуфтам, ки ту, эй умр, чаро зуд бирафтӣ?,
Гуфто, ки фалонӣ, чӣ кунам?, умр ҳамин буд” (Ҳофиз).
  Эҳсони пур аз хайру сахо рафт, ӯ пеши Худо рафт. Раҳматии Эҳсон барои ман дутарафа ҷиян мешуд. Аввалин бор ӯро дар сини16-солагияш ба Маскав ман овардам. Аз он рӯзе, ки ба Маскав омад, то рӯзи мурданаш фақат ва фақат ба зиндагӣ мубориза мебурду дар ҳаракату амал буд .
  Ҳамин қадар рӯзҳои сахту вазнин ба сараш омаданд, лекин рӯҳафтода нашуду мубориза бурду ғолиб омад. Дар сохтмон кор кард, ароба ҳам кашид гуруснаву пойи луч ҳам монд, лекин пеши зиндагӣ сар хам накард. Он қадар ҷасорат, ҳаракат, амал, саховату эҳсоне дошт, ки монда шуданро намедонист.
  Марде буд, ки заррае кина ба дил намегирифт. Дар ин умри кӯтоҳи чилудусолаш чунон кӯшишу амалҳо кардааст, фикр мекунӣ, ки сад сол умр дида бошад.
  Дарахти орзуҳояш навакак ҳосил додан гирифт, лекин сад афсӯс!!!. Худованд чидани меваҳои биҳиштро насибаш кунад!. Худованд ба аҳли оилааш ва ҳамаи наздиконаш сабру тоқат ато фармояд. Худованд писараш, Масъуд давомдиҳандаи кор ва номбардори падараш гардад!.
   Эҳсон дар ҳама кор пешсафу фаъол буд. Хонаи Худоро рафта зиёрат карду ба назди Парвардигор ҳам пеш аз ҳама дӯстону шариконаш сафар кард. Хонаи охираташ обод бошаду руҳаш шоду номаш неку!. Эҳсонҷон ҷиян, Худованд қабратро боғе аз боғҳои биҳишт гардонад!.

Азиз Қадамов

  Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд. Хабари дунёи фониро падруд гуфтани ин марди соҳибдилу саховатманд қалби хамаамонро имрӯз сахт такон дод. Эҳсон марди сахӣ, ҳушманд ва бениҳоят инсони дисӯзу мушфиқ ва аз ҷумлаи сарсупурдагони миллати тоҷик буданд, ки дасти саховатмандаш дар ин рӯзҳои барои фарзандони миллат дар мулки бегона мушкил расида буду дар ин рӯзҳои сахт ӯ ҳамеша ба имдоду мадади ҳаммиллатонаш мешитофту ва то ҷое имкон дошт, дар ин самт кӯшишу ғайрат мекард.
  Имруз бо андуҳи гарон ба даргоҳи Парвардигори яктову беҳамто рӯй оварда, даст ба дуъоем, ки ин фарзанди фарзонаи миллатро тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат бигардонад ва ба аҳлу оилааш ва ҷамъи решапайвандонаш сабри ҷамилро ато бифармояд!.
  Дар ин рӯзи вазнину сангин мо ҳама ғамшарику ҳамдарди аҳли оила ва хешу табори Эҳсон Мунавваров мебошем. Ёди ин марди шарифу саховатманд ба хайр бошад!.

Аъзамшоҳи Ширговадӣ

  Ба номи Худованди беандоза меҳрубон ва ниҳоят бо раҳм.
Ҳар ки омад ба ҷаҳон аҳли фано хоҳад буд,
Он ки пояндаву боқист Худо хоҳад буд.
  Ин субҳ, хабари бар асари бемории ин шабу рӯз, дар синни чилудусолагӣ ба шаҳодат расидани бародари бисёр меҳрубону ҷавонмард ва пурғуруру дилсӯзи мардуми диёр Эҳсон Мунавваров, – Раиси ширкати “ВАНЧ ФУД» дар Федератсиюни Русияро шунидам, ки дар воқеъ бароям бисёр такондиҳанда ва ғайриинтизор буд.
  Бародари ҷавонмарги мо Эҳсоншо аз ҷумла мардоне буд, ки ҳамеша дар талоши беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми диёр ва муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ дар хориҷ аз кишвар буд. Ӯ бисёр марди заминӣ ва хушахлоқу инсондӯсте буд. Бо вуҷуди ҳама серкориҳо пайваста дар тамос мешуду аз ҳолу аҳволи ҳар як дӯст хабардор мешуд. Дар ҳама маъракаву маросимҳо кушиш мекард, ки аввалин шуда ба корафтоде холисона ёрдам кунад.
  Аз даст додани чунин бародаре дар воқеъ сахту сангин аст:
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд мурданаш осон куҷост.
  Ҷавонмардӣ ва номи неки ин бародари азиз мо иншоаллоҳ солҳо дар қалби дӯстошу дӯстдоронаш ба ҳайси як инсони накӯкору ватандӯсти боимон боқӣ хоҳад монд. Аз боргоҳи Худованд дуъо мекунем, ки бародари ҷавонмаргу гиромии мо Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваровро раҳмату мағфират кунад ва дар Фирдавси баринҷояш диҳад ва ба ҳама наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил ато фармояд.

Абубакр Бачамардов

  Мард намирад ба марг…
  Хабари шуме, ки ин бор хондам. Хабаре, ки метавон дар сӯги азизе ба паҳнаи рухсор гирист. Хабаре, ки моро андӯҳгину ба оҳу ҳасрат овард. Бори гарони ғамшарикиро пушт кардем.
  Ҳоҷӣ Эҳсон Мунавваров шахсияти қарин, ҳамеша дар фикри хешу табор, ёру диёр ва муҳимтар аз ҳама дар фикри кишвари азизи худ буданд, бо бадбахттарин беморӣ ва фоҷеътарин вабо, ки бо номуборакияш зуҳур кард, ин дори фониро падруд гуфта, дар шаҳри Твери Русия даргузашта, аз дидаҳо ба дилҳо рафтанд.
  Марҳум аз шахсиятҳои вадандустдоре буданд, ки ҳар гиёҳу рустании шифобахши диёрро бо беҳтарин усули тиҷорат дар хориҷи кишвар ҳам муаррифӣ мекарданд ва ҳам як намунаи соҳибкори муваффақ буданд. Дар чандин намоишгоҳҳои бонуфуз иштирок намуда, маҳсулоти худро шоиста тарғиб менамуданд. Ба ҳар фарди кишвар мутмаин месохт, ки дар Тоҷикистон агар барномадор бошӣ, аз як рустании оддӣ метавон тиҷорат сохт. Ғояҳои тиҷоратро ба ҳар навъ метавон роҳандозӣ намуд. Вале на ҳама ба он афкор мерасанд. Зеро Худованд тарзҳои тафаккур ва корбасти амалкардро бар ҳама муяссар намекунад.
  Боре бо банда тамос гирифта, изҳор медошт: “Мо бояд коре пеша кунем, ки ҳар фарди мамлакат маърифати соҳибкориро аз ҳар амали кӯчаки худ дарёбад. Чи хел мешавад, ки як хориҷӣ омада ба арзонӣ аз мо харид бинмояду бурда гарон дар бозори беруна ба фурӯш гузорад. Оё мо ин имконро дошта наметавонем?. Мо бояд коркард ва интиқолу фурӯшро аз сари як порча замин, аз як меваи дарахти кишвар ва як бехи растанӣ оғоз кунем. Дар он ҳолат метавон фаҳмид, ки кишвари мо дорои ганҷи фаровон аст”.
  Ҳоҷӣ Эҳсон пеш аз ҳама таваккал бар Худованди бузург намуда, дар ҳар амалашон олиҳимматӣ, саховатмандӣ ва ҷавонмардию шоистагӣ ҳамроҳияшон мекард. Соҳиби қалби ғамхор буданд. Дар ин мушкилтарин вазъ ҳамеша пуштибонӣ мардуми муҳоҷир буданд. Хидмати бедареғашон ба ҳамдиёрон мерасид. Беминнат дар саховат дасти ба хайр доштанд.
Ҳар саховату каромате, ки намуданд, Иншоаллоҳ бо хости Худованд аҷру каромоти он дунёиро насиб мегардонанд.
Бешак панди Саъдӣ барои чунин азизонанд:
Зиндаю ҷовид монд ҳар ки накуном зист.
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.
Равони арҷмандашон шоду хонаи охираташон обод бод!. Ба наздикону пайвандон сабру шикебоӣ мехоҳем!.

Бузургмеҳр Назарзода

   Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун!.
  Даргузашти Эҳсон чунон сангин ва ҷонсӯз аст, ки ба душворӣ ба бовар менишинад, вале дар баробари тақдири Аллоҳ чорае ҷуз таслим ва ризо нест. Ин мотами ҷонгудозро ба писарамакаму хоҳарзодаам Акаи Раҳмихудо ва хонаводаи арҷмандашон ва ба хоҳарзодагону амакзодагонам самимона тасаллият арза менамоям ва барои онон сабри ҷамилу аҷри ҷазил ва барои азизи аз мо риҳлатбаста – Эҳсони пурэҳсон улувви дараҷот, биҳишти барин ва ҳамҷивории Расулуллоҳро талабгорам. Омин ё раббал-ъоламин!.

Ашраф Акрам

  Шумхабаре боз аҳли диёрро такон дод. Дар ин айёми шум алами азизе аз дилҳо нарафта, ки ҳузни дигаре бар қулуб зам мешавад. Марази бадро шеваи рафтор ин буда, ки афроди сараро гирифтор шудаву аз миён мебарад.
  Эҳсон Мунавваров родмарди барӯманди миллату фарҳангдӯст дар хориҷ аз кишвар буд. Ба ақлу идрок кору тиҷорат ба роҳ монда, тавассути он тарғиби меҳану фарҳанги миллӣ ва бо ширкат дар намоишгоҳу ҷамъомадҳо миллатро муаррифӣ мекард.
 Эҳсон родмарде дар адо ва ташкили аъмоли хайр пешрав буд. Дар корҳои хайр саҳми пештару бештарро мегузошт. Дармондаву корафтодагонро дар ғурбат имдод ва ошкору ниҳон хайру сахо мекард. Дасти мададаш то диёр дароз буд. Адои аъмоли солеҳу закоти мол мекард…
  Аммо, чун соири неку солеҳон умраш кӯтоҳу то ба имрӯз буда. Моро чорае ҷуз даст ба дуо бардоштан намонда: Худовандо, дар бадали аъмоли неки дуёяш аҷру подоши азиме дар охират эътояш намо!.
Пайнавишт: Рӯзҳои охири пеш аз бистарӣ шуданаш сӯҳбати тӯлонӣ доштем. Аз мушкилоту пешрафту бурду бохти кораш сӯҳбат намуд. Баъдан,дар бораи фарҳанги диёр гуфтутугӯ карда, дар мавриди пажӯҳиш ва интишори он дар оянда муҳокимаву нақшакашиҳо доштем… Вале, афсӯс, ки умр барои амалӣ кардани нақшаву хостаҳо фурсаташ надод.
  Эҳсон Мунавваров ҳамчун фарди ғамхору дӯстдори фарҳанг ба он дилбастагӣ дошт. Ӯ барои бақо ва пешрафти торнамои Ванҷ имдоди молӣ ва қобили арзиши хешро дареғ надоштааст.

Намунаҳо аз маҳсулоти ширкати “Ванч Фуд”

1 Назар

  1. Ноқобилони даҳр ба ҷое намерасанд,
    Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.
    Гуфтааст азизе.
    Муборак аст, ба миллати мо, ба аҳли диёри Ванҷзамин доштани чунин фарзанди қобилу ӯҳдабаро, ки дар дурдаст, берун аз Ватан муаррифгару намоёнгари дастовардҳои диёри хушманзари хеш аст. Инҳоанд Шаҳодатномаҳои миллати тоҷик!
    Чӣ Эҳсоне, ки инъоми Худо аст,
    Баҳояшро чи гӯям, худ баҳо аст.
    Шаҳодатнома номаш баҳри миллат,
    Сафобахшанда чун обу ҳаво аст.
    Сари болош ҳаргиз хам набинад,
    Ки моро шонаи ӯ муттако аст.
    Ба роҳи зиндагӣ дарде набинад,
    Дили покаш, ки дар роҳи Худо аст.
    Нуқраи Суннатниё
    Узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
    барандаи ҷоизаи адабии ба номи М.Турсунзода

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.