Неъматуллои Нурулло

  Неъматуллои Нурулло яке аз ходимони намоёни матбуоти кишвар буда, дар рушди ин соҳа саҳми сазовор гузоштааст. Неъматуллои Нурулло (Додов Ниҳматулло Нуруллоевич) дар таърихи 20 ноябри соли 1958 дар деҳаи Вскроғи ноҳияи Ванҷ дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №19-и деҳаи Вскроғ дар солҳои 1977 – 1979 адои хизмати аскарӣ намуда, баъдан таҳсилро дар Шӯъбаи рӯзноманигории Факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (дар он замон ба номи Ленин) идома дода, онро дар соли 1985 хатм намудааст.
Пас аз хатми донишгоҳ Неъматуллои Нурулло дар вазоиф ва нашриёти зер фаъолияти корӣ доштанд:
  мухбири маҷаллаи «Хорпуштак» (1986);
  мусаҳҳеҳ, муҳаррири техникии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият», 1986 – 90);
  мухбири калон, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» (1991 — 1994);
  мушовир оид ба корҳои эҷодии ИХТ (1994–95);
  мухбири калони рӯзномаи «Ҷумҳурият» (1998–2006);
  муҳаррири пешбар, мудири шуъбаи АМИТ «Ховар» (2006–2008);
  мудири шӯъбаи Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ (2009–2010);
муҳаррир, муҳаррири пешбари редаксияи таърих, ҳуқуқ, фалсафа ва дини Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (ЭМТ);
  аз 2017 мудири редаксияи «Олимони асри XXI»-и МДСИ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.
  Аз 1980 (ибтидои донишҷӯӣ) оғоз карда, то имрӯз (аксаран бо номи Неъматуллои Нурулло) садҳо мақола дар матбуот ба табъ расондааст. Имрӯз ҳам бо вуҷуди машғулият бо таҳияи китоби бисёрҷилда ва бузургҳаҷми “Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI” (ду нафар дар як редаксия ва ҷилди якумашро дар ҳаҷми 766 саҳифа, (танҳо ҳарфи “А”) соли 2018 ба нашр расонда, ҳоло ҷилди 2 (ҳарфҳои “А” ва “Б”) омодаи чоп аст ва бояд имсол ба нашр расад) мақолаҳои навиштааш дар матбуот нашр мегарданд.
  Неъматуллои Нурулло узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналхалқии журналистон, Аълочии матбуот (2008). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018) мебошад.

Фаъолияти эҷодӣ

  Додов Н. (Неъматуллои Нурулло) дар таҳриру таҳияи мақолаҳои (бахшҳои ҳуқуқ, фалсафа ва дин) ҷилдҳои якум ва дуюми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик саҳм дошта, зиёда аз 50 мақоларо (бахши таърих) аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст, ки дар Донишномаи кӯдакону наврасон ба табъ расидаанд. Дар ин радиф, садҳо мақолаи гуногунмавзуъ дар матбуоти кишвар ба чоп расонидааст, ки намунае аз онҳо ёдрас мегардад:

Аз рӯзгори донишҷӯ:

Дод аз дасти «шапка»! (Ва ё: пул надорӣ ба донишгоҳ набиё!) («Нури зиндагӣ». №24(59). Д., 20 авг. 2009);
Курси асъор баланд шуду хоби донишҷӯ гурехт!..(«Истиқлол». №05(5). Д., 8 окт. 2009).

Ҳайкалгузорӣ ба ҳар шахси наарзанда:

«Ҳайкалбозор» баҳри чӣ?! (Ва ё: ба киҳо бояд ҳайкал гузорем?) («Нури зиндагӣ». №37(62). Д., 10 сент. 2009);
Ҳайкали кӣ баландтар бошад?! («Истиқлол». №02(2). Д., 16 сент. 2009).

Дар мавриди хизмати аскарӣ ба Ватан:

Масъулияти волидон лозим («Ҷумҳурият». Д., 13 янв. 2004);
Хизмати аскарӣ барои ҳар ҷавон шараф аст! («Мароми пойтахт». Д., 10 апр. 2008);
Агар мардӣ, ба аскарӣ биё!! (Ва ё: «облава» ҳаст ё нест?!…) («Фардо». №1(1). Д., 8 апр. 2010);
Волотарин хизмат чист? («Истиқлол». №06(77). Д., 23 авг. 2012);
Марди ҳақиқӣ кист?!… (Ва ё: хизмати Ватан шараф аст!!) («Ватанпарвар». №202(236). Д., 8 февр. 2012);
Аввал хизмати ҳарбӣ, баъд муҳоҷирати меҳнатӣ («Ҷавонони Тоҷикистон». №16(9234). Д., 18 апр. 2012).

Дар мавриди сифати маҳсулоти истеъмолӣ:

На лаънат, балки офарин бояд шунид (Ва ё: сифат беҳтар нест, ки шумора…) («Фардо». №3(03). Д., 22 апр. 2010);
Хизмати софдилона ё «хирсона?!»…(Оё: аз ҳолати имрӯзаи баъзе фурушгоҳҳо мизоҷон розианд?!…«Паёми Душанбе». №30(1885). Д., 11 апр. 2014).

Дар мавриди пулситонии беасос дар баъзе макотиби миёна:

Пули бурро…наорӣ, ба мактаб набиё! (ва ё чӣ ҳол дорӣ мактаб?!) («Нури зиндагӣ». №23(23). Д., 11 дек. 2008);
Пули «фонд», пули фаррош, пули болт, пули…-ро кай меорӣ? (ё: «сарсухан»-и дарсҳо аз чӣ шурӯъ мешавад?!…) («Миллат». №03(177). Д., 22 янв. 2009);
Муаллими шаҳрӣ аз деҳотӣ чӣ бартарӣ дорад?!…(«Помир». №7(07). Д., 21 апр. 2010);
25 сомонӣ барои чӣ? («Ҷавонони Тоҷикистон». №44(9210). Д., 3 нояб. 2011).

Дар мавриди ҷӯгиҳо:

Найранги ҷугиҳо («Истиқлол». №02(2). Д., 16 сент. 2009);
Ҷугиҳо автобуси махсус доранд (Ё чаро рафтан ба Хуҷамбиё «осонтар» аст, аз рафтан ба Гулбутта…) («Истиқлол». №08(8). Д., 29 окт. 2009);
Ҷавонҷугиҳо ҳам дар «фронт» буданд? («Нури зиндагӣ». №11(36). Д., 12 марти 2009).

Муҳоҷири меҳнатӣ:

«Хандаи» тақдир (қиссаи ду ҷавонмарде, ки сар ба кӯи ғарибӣ зада, ноком ба Ватан баргаштанд) («Ҷумҳурият». Д., 27 февр. 1999);
Ваъдахилофӣ накун, Зоҳир! («Ҷумҳурият». Д., 16 марти 2000);
Замини бобоиро ба кӣ мондем? (Ва ё: ҷавонмардони «заминдӯст»-и мо ба куҷо рафтаанд…(«Ҷумҳурият». Д., 20 майи 2003);
Ба ҷойи изҳори таслият (оё ҳуқуқи инсон дар Руссияи ҳуқуқбунёд риоя мешавад?!…(«Миллат». №52(173). Д., 25 дек. 2008);
Черкизбозор нест, тоҷик ҳаст! (Ва ё: «Фоҷиа» барои савдогарон шуд) («Нури зиндагӣ». №46(71). Д., 12 нояб. 2009);
«Черкиз» баста шуд, «Корвон» кушода аст! («Нури зиндагӣ». №29(54). Д., 16 июли 2009);
Муҳоҷири моро кӣ дӯст медораду кӣ не?! («Дирафш». №2(5). Д., 14 янв.2010);
Агар бихоҳем, ки сарбаланду обрӯманд бошем («Муҳоҷир». №03. Д., 30 апр. 2012).
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ё «гурезпоҳо!» («Муҳоҷир». №09. Д., 26 июли 2012);
Маҳмадулло аз кӣ мегурезад (ё муҳоҷирони меҳнатӣ аксариятанд ё гурезпоҳо?) («Миллат». №29(359). Д., 18 июни 2012);
Кӣ бояд ба муҳоҷирати меҳнатӣ биравад? («Истиқлол». №12(83). Д., 4 окт. 2012).

Бекории ҷавонон:

«Мардикорбозор» дар куҷост?!…- мепурсанд корҷӯён («Истиқлол». №10(10). Д., 12 нояб. 2009);
Яке бекору дигаре «серкор» (Чаро нафақахуре кор меёбаду ҷавони дипломдор не?) («Истиқлол». №07(78). Д., 30 авг. 2012).

Дар боби нодаркории литсейҳои туркӣ:

Литсейҳои туркӣ, дийдори Алӣ Бобоҷон ва тоҷикони камсавод (мақолаи С. Суннатӣ) ва бо чунин сарлавҳа ва рубрикаи «Хонандаро ба раҳгумӣ набаред»-и банда. («Миллат». №50(171). Д., 1 дек. 2008).

Дар мавриди ҳизбҳо ва интихоби вакилон:

Ҳизбҳо аз «хоб» бедор мешаванд?! (Ва ё ҳизби бисёр хуб аст ё кам?!…) («Нури зиндагӣ». №43(68). Д., 22 окт. 2009);
Чаро ҳизбҳои дигар хомушанд? (Ва ё: даври ватанхоҳию миллатдӯстӣ расида) («Нури зиндагӣ». №50(75). Д., 10 дек. 2009);
«Шинохтаҳо» ба Порлумон пешниҳод шудаанд?! (ё «тасодуфҳо» миёни номзадҳо нестанд?!…) («Миллат». №03(229). Д., 21 янв. 2010);
Кадом ҳизб «хоб» рафту кадомаш «бедор» аст?! (Ё назаре ба Порлумони ҷадид) («Фардо». №1(1). Д., 8 апр. 2010);
Кӣ лоиқи вакили Порлумон аст?! («Истиқлол». №5(21). Д., 4 февр. 2010);
Овози ҳизбҳо баланд мешавад («Истиқлол». №09(80). Д., 13 сент. 2012).

Дар бораи забони давлатӣ:

Турку англис дар «Мерве?» (Бояд барои тозагии забон комиссияҳои амалкунанда фаъолтар бошанду аз таҷрибаи Руссия истифода баранд). («Фараж». №05(112). Д., 5 февр. 2009);
«Мерве» «ислоҳ» шуд, «Шанхай»-ю «Ашока» чӣ? (Ва ё камбудиҳо кай ислоҳ мешаванд?) («Нури зиндагӣ». №19(44). Д., 7 майи 2009);
«Шанхай»-ю «Ашока»… «ислоҳ» намешаванд?! Чаро? («Нури зиндагӣ». №29(54). Д., 16 июли 2009);
Забонамонро пуштибонем!!! (Ва ё: забони русиро «танг» накардаанд!) («Нури зиндагӣ». №32(57). Д., 6 авг. 2009);
Дар Душанбе чанд «Истамбул» аст?!…(«Истиқлол». №8(8). Д., 29 окт. 2009);
Ҷарима бастан, рушди забон аст (ва ё ҳифзи забонро аз латишҳо ёд гирем…) (Д., «Миллат»).
Ҳама варзишгарони тоҷик тоҷикиро медонанд?!…(ё: забон-нишонаи асосии миллат аст!) («Истиқлол». №5(21). Д., 4 февр. 2010);
Аввал хеш, баъд дарвеш (ҳуввият) («Истиқлол». №17(88). Д., 15 нояб. 2012);
Нуфузи забони давлатиро фаромӯш накунем!! (Ва ё: Кумитаи забон ва истилоҳот «ба чӣ корҳо машғул аст?!») («Паёми Душанбе». №28(1883). Д., 4 апр. 2014);
Худшиносӣ ё бегонашиносӣ (навиштаҷоти нолозим магар хилофи қонун нест?) («Тоҷикистон». №10(5817). Д., 17 апр. 2014).

Ватандорӣ:

Галутсян тоҷик шудан «мехоҳад», ё…?!…(Ва ё пулдӯстдорӣ ба чӣ роҳҳое намебарад!…) («Дирафш». №1(1). Д., 24 дек. 2009);
Ту кийӣ, ки аз номи Тоҷикистон гап мезанӣ?!! (Ва ё: Эрон шарики табии стартегии мост!!). («Дирафш». №9(12). Д., 11 марти 2010);
ТНТ-ву Галутсян ба кӣ «обрӯ меоваранд?!»..(Ва ё: Додситони Руссия «ҳақро ба ҳақдор мерасонад!») («Дирафш». №9(12). Д., 11 марти 2012);
Артиш бе силоҳи имрӯзӣ, оё артиш аст? («Истиқлол». №17(88). Д., 15 нояб. 2012);
Авҷи нави баҳси Душанбе ва Маскав (Пойгоҳи 201 метавонад моли муштараки Руссия ва Тоҷикистон шавад?) («Миллат». №28(358). Д., 11 нояб. 2012);
Нигаҳбони соҳибистиқлолӣ пеш аз ҳама артиш аст! («Паёми Душанбе». №17(1764). Д., 27 февр. 2013);
Академик ё миллатгадо?! («Паёми Душанбе». №64(1811). Д., 6 авг. 2013);
Бачаи Саққо ва амалиёти Дустум (магар мусулмонӣ ҳамин аст?) («Тоҷикистон». №39(1185). Д., 28 сент. 2016).
Мавриди Истиқлоли энергетикӣ (ҷонибдорӣ аз сохтани неругоҳҳо):
Бозии бузург: аз мингузорӣ то ниругоҳсозӣ (Ва ё шарики хайрхоҳи мо кист?!…) («Миллат». №10(184). Д., 12 марти 2009);
Ишук рост мегуяд?! 4 агрегат бас аст?!…(Бояд Роғун аз рӯи лоиҳа сохта шавад!!) («Истиқлол». №15(15). Д., 17 дек. 2009);
Се ҷониб ба «компромисс» омад, Узбакистон «хомӯш» аст.. (ё то итмоми «Роғуну» «Қамбарота-1» ин баҳсҳо идома меёбанд?!) («Миллат». №24(198). Д., 18 июни 2009);
НБО-и «Роғун» рӯшангари рӯзгори мост! («Ҷавонони Тоҷикистон». №51(9114). Д., 24 дек. 2009);
Бӯҳрони молиявӣ «зӯр» ё «Бӯҳрони «Сангтӯда-1»?! (Ва ё: Ҳаққи худро бояд соҳиб шуд!! («Истиқлол». №14(14). Д., 10 дек. 2009);
Шиори мо: «Роғун»-ро месозем, «Талко»-ро намефурӯшем! («Миллат». №08(182). Д., 26 февр. 2009);
«Роғунсозӣ»- «Пахтачинӣ» нест!! (Ва ё: «Роғун»-ҳаёту мамоти мост!!) («Истиқлол». №14(14). Д., 10 дек. 2009);
Пахта қиммат аст ё одам?! (Ва ё СММ чӣ мегуфта бошад?!…) («Истиқлол». №16(16). Д., 24 дек. 2009);
Арали «бечора»-ву Сарези «бесоҳиб?» («Нури зиндагӣ». №22(47). Д., 28 майи 2009);
«Зангириамонро» ҳам аз дигарон пурсем?!…(«Минбари халқ». №21(690). Д., 28 майи 2009);
«Эрк»-у «Бирлик» боз чӣ мехоҳанд?! («Дирафш». №9(12). Д., 11 марти 2010);
Бахилӣ ҳам ҳадд доштагист!!…(Ва ё: ҳадаф аз ин эътироҳои сунъӣ чист?!) («Фардо». №3(03). Д., 22 апр. 2010);
Даъвоҳои бебунёди ҳамсоя то куҷоҳо парвоз дорад? (Ва ё СММ-и бонуфуз гаправи Ӯзбакистон?)…( «Истиқлол». №10(81). Д., 20 сент. 2012);
НОБ-и «Сангтуда-1» (чаро дар Тоҷикистон фаъолияташро қатъ мекунад?) («Тоҷикистон». №501041. Д., 12 дек. 2013);
«Фолбинии» Л. Явлинский…(Ва ё: зидди нерӯгоҳсозии мо онҳоеанд, ки худ мудом барқ доранд!!…) («Паёми Душанбе». №14(1869). Д., 19 февр. 2014);
Коре кунем, ки бар зарари мо набошад («Паёми Душанбе». №28(1883). Д., 4 апр. 2014).

Даъвати насли наврас ва ҷавон ба касбомӯзӣ:

«Овози тиллоӣ» ҳаст, «дастони тиллоӣ» куҷост?! (Ва ё: беҳтар нест, ки касбҳои муосирро аз худ кунем?!) («Паёми Душанбе». №52(1907). Д., 18 июни 2014).

Вазъи роҳҳо дар ҷумҳурӣ:

«Роҳҳои замонавӣ»-и Ванҷу Дарвозро дидаед?! (Вазорати масъул чӣ мегӯяд?!…) («Помир». №5(05). Д., 07 апр. 2010).

Дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ:

Ваҳдатро кӣ халалдор мекунад (Ва ё: «амакҳои шикам»-ро мешиносед?!..(«Паёми Душанбе». №67(1922). Д., 11 авг. 2014).

Дар мавриди сарҳади давлатӣ:

«Тангӣ»-и даҳмардаҳо «кушод» шуд. Бо айби кӣ? (ё: хонаатро бесоҳиб намон, ки бехона мешавӣ!) («Нури зиндагӣ». №30(55). Д., 23 июли 2009);
Шумо ҷавонмардони асилу сарбаландед!!! (Ва ё: сарҳади Ватан муқаддас аст!) («Ватанпарвар». №10(225). Д., 26 майи 2011);
Ҳамсоя агар вафо кунад, хеши ман аст!! (Ё: сарҳад бояд мустаҳкам бошад!!) («Паёми Душанбе». №66(1921). Д., 8 авг. 2014).

Ватандӯстӣ:

«Хоин» имрӯз кист (вале: ватандӯстон бештаранд…) («Фардо». №5(05). Д., майи 2010);
Муқаддастар аз Ватан чист?!.. (Ва ё: Бе Ватан «бе пару болем» ҳама!!!) («Паёми Душанбе». №62(1712). Д., 29 авг. 2012).

Ҷаҳон ва замон:

Курдистон «зинда шуд» (Агар дар таъсисёбии ин давлат СММ мадад мерасонд, обруяш боз болотар мерафт) («Истиқлол». №08(79). Д., 6 сент. 2012).

Дар бораи ТВ ва родиоҳои хусусӣ:

«Сафина» замимаи РТР аст?!…(телевизиони фарҳангӣ ё фарҳангӣ-рекламавӣ?) («Истиқлол». №01(1). Д., 9 сент. 2009);
Радиоҳои хусусӣ ва бачаҳои сари кӯча («Пайкон». №14(97). Д., 20 апр. 2011);
РТР диданист, вале…(Ё: магар рисолати телевизион воқеъиятнигорӣ нест?!…) («Паёми Душанбе»);
РТР чиро «тез мебинаду» чизеро «ҳеҷ не?! »…( Ва ё: эътиқоди мо ба шабакаҳои ТВ зиёда гашт, ё …?!) («Паёми Душанбе». Д., 20 июли 2012);
Аз ТВ-ҳо чиро интизоранд?!..(«Паёми Душанбе». №61(1808). Д., 26 июли 2013).

Варзиш:

Сохтмони варзишгоҳ: тарафдор — 25 000, зид — 27 нафар (Чаро супориши Сарвари давлат дар н. Ванҷ иҷро намегардад?) («Минбари халқ». №32(701). Д., 13 авг. 2009);
Ҷавонони Ванҷ варзишгоҳ мехоҳанд, аммо 27 оила ба ин зид аст. Чаро? («Ҷавонони Тоҷикистон». №33(9096). Д., 20 авг. 2009);
Ҳақиқати гӯштини тоҷик (ва ё «имтиёз»-у «фаъол»”…, яъне чӣ?!) («Пайкон». №11(94). Д., 30 марти 2011);
Ташаккули дзю-до дар мамлакат ва баъзе «паҳлуҳо»-и чунин мусобиқот («Ҷавонони Тоҷикистон». №27(9193). Д., 7 июли 2011).

Олим ва замон:

Олим бисёр дорем, ихтироъ чӣ? («Миллат». №05(179). Д., 5 февр. 2009).

Оиди «никоҳ» ва танзими расму ойин:

«Мурдаро монда тутхурӣ?… » («Ҷумҳурият». Д., 29 сент. 2001);
«Идгардак» бошад, вале…(Ва ё: «Расми хуби тоҷиконро гум макун!») («Ҷавонони Тоҷикистон». №37(9100). Д., 17 сент. 2009);
Хешу табор гирифтан «савоб аст» магар?!.. («Паёми Душанбе»);
Никоҳи хешутаборӣ дуруст аст? (ё вақти ба Қонуни «Оила» тағйиру иловаҳо даровардан нарасидааст?) («Фардо». №2(02). Д., 15 апр. 2010).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.