Илҳом Сарабеков

  Илҳом Сарабеков соли 1976 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шуда ва яке аз паҳлавонони маъруфи диёру кишвар аст. Вай унвони қаҳрамонии Тоҷикистонро дар риштаҳои дзюдо ва самбо ба даст оварда, Қаҳрамони Осиё дар риштаи самбо аст.
  Пас аз анҷоми шуғли варзиш Илҳом Сарабеков ба тиҷорат машғул буд. 20 соли охир ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекард. Илҳом Сарабеков шаби 30 апрели соли 2020 дар беморхонаи “Истиқлол”-и Душанбе аз бемории илтиҳоби шуш дар сини 44 солагӣ аз олам даргузашт.
  Бузургмеҳри Илҳом писараш, ки 18 сол дорад, пешаи падарро идома дода, унвони Қаҳрамони самбои Тоҷикистон дар байни наврасон ва ҷавононро ба даст овардааст.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.