Бекпаҳлавон

  bekpalvonЯке аз устодони насли калони гӯштии суннатии Ванҷ ва миллии Тоҷикистон Бек Мӯъминов буд.
  Бекпаҳлавон аз зумраи паҳлавононест, ки баъди Дилдорпахдавону Ҳиммат анъанаҳои таърихиву расмияти ин намуди варзиши миллиро то тавонистаанд, нигоҳ доштаанду барои рушду такомули он саъйи зиёде намудаанд. Ин марди қавипайкар ва аз нозукиҳои гӯштии миллӣ огоҳ, ки аз мактаби авлодии Дилдорпаҳлавон баромада, дар муддати мадиде шарафи варзиши диёрро ҳифз намудааст.
  Бекпаҳлавон соли 1925 дар деҳаи Вравз чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна чанде муаллимӣ намудааст. Ҳарчанд ғалабаҳои ин паҳлавон зиёданд, вале аз ғолибияти ӯ аз болои чунин паҳлавонони номии минтақа монанди Муҳаммадаслам Саидаламови Бадахшонӣ, Азим, Ҳалим аз ноҳияи Ёвон ва чанде дигарон қобили қайду ёдоварист.
  Бекпаҳлавон дар чандин мусобиқаҳои минтақавӣ ғолиб шуда, рӯҳи пешгузаштагонро шод ва боиси ифтихори мухлисони сершумори худ гаштааст. Паҳлавон умри бобаракат дид. Вале марги нобаҳангоми писари дилбандаш Аҳмадпаҳлавон ӯро аз пой афтонд. Соли 2002 аз дунё гузашт, ёдаш ба хайр. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.