Маҳмадбек Қоқов

  Маҳмадбек Қоқов соли 1915 дар деҳаи Рохарви амлокдории Ванҷ дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Аз 13 солагӣ шуғли меҳнати кишоварзӣ ба дӯш дошт. Соли 1935, баъди хатми мактаби 7-солаи маркази ноҳия ба сифати колхозчӣ дар колхозӣ ба номи Андреев расман аъзо шуда, дере нагузашта дар қатори пешқадамон ҷой мегирад. Пухтакории колхозчии ҷавонро дида, моҳи январи 1941 раиси колхоз Бибимо Юсупова ӯро бригадир таъин кард. Дар ин вазифа М. Қоқов то моҳи марти соли 1953 кор карда, дар ҳама ҷиҳат ба муваффаҷият ноил шудааст.
  Фаъолияти баланди меҳнатии ӯ алалхусус дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар солҳои азнавсозии баъдиҷангӣ кушода шуд. Дар ин солҳои душвор бригадаи М. Қоқов нақшаю ӯҳдадориҳоро то 150-200 фоизӣ иҷро мекард. Соли 1953 ӯ ба ҳайси ҷонишини раиси колхоз адои вазифа намудааст. Гарчанде дар ҳамаи нишондиҳандаҳо пешсаф буд, надоштани дониши мукаммали касбиро эҳсос кард. Ин зарурият ӯро соли 1953 ба даргоҳи мактаби 3-солаи кишоварзӣ раҳсипор кард.
  Баъди хатми мактаби номбурда, фаъолияти кории М. Қоқов ин тавр сурат гирифтааст: солҳои 1956 1960 ҷонишини раиси Правленияи колхози “Коммунизм”, 1960-1961 зарурияти баланд бардоштани истеҳсолоти участкаи рақами 3 бо тавсияи раиси колхоз ӯро ба вазифаи сардории бригада нигоҳ доштааст, 1961 1972 агрономи колхози “ Коммунизм ”, соли 1972-1980 бригадири совхози “50 солагии ССР”. Соли 1975 М. Қоқов ба нафақа баромада бошад ҳам, сарварони хоҷагии номбурда ва ноҳия аз ӯ хоҳиш намуданд, ки роҳбарии бригадаро ӯҳда намояд. То рӯзҳои охири ҳаёти худ (соли 1990) амаки Маҳмадбек машғули меҳнати фаъол буд ва барои ҳамдиёронашнамунаи ибрат буд.
  Дар давраи фаъолияти кориаш, ӯ борҳо ба депутатии Шӯрои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (3 даъват) ва чандин даъват депутати ноҳиявӣ интихоб шудааст. Заҳматҳаи тӯлонӣ ва намунавии М.Қоқов ба нафъи халқи диёр ва Ватани азиз бо мукофотҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла, ордени “Нишонӣ Фахрӣ” ва чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст.
  Бале, ӯ дар ҳаёт обрӯманду давлатманд буд. Ин обрӯ дар эҳтирому самимияти ҳамдиёрон ва давлаташ дар 8 фарзанди тарбияи баланди инсонию касбидида таҷассум ёфтааст. Ин номбардорони падар дар чунин вазифаҳо масъулиятнок кору пайкор доранд: Сарабек сардори шӯъбаи ноҳияи Ванҷ, Гулнора ҷонишини раиси Тоҷикматлубот, Назрибек корманди ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ванҷ, Бахтибек корманди кумитаи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимбек соҳибкор. Онҳо бешак давомдиҳандаи умри падар ва ифтихори мардуми диёранд. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.