Нағзиалӣ Маҳмадуллоев

  NaghzmahmaНағзиалӣ Маҳмадуллоев соли 1915 дар деҳаи Жамаги деҳшӯрои Язғулом чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Саводи ибтидоиашро дар назди мулло, сипас дар мактаби шуравӣ гирифтааст. Фаъолияти меҳнатиаш ҷиддан аз давраи наврасӣ оғоз ёфтааст. Дониши касбӣ ва роҳбарии Н. Маҳмадуллоев дар мактаби миёнаи махсуси  кирмакпарварӣ ва мактаби ҳизб сайқал гирифтааст.
  Тамоми фаъолияти меҳнати ӯ то соли 1941 дар кори роҳбарию равнақи кирмакпарварии ноҳия гузаштааст. Солҳои тӯлони мудирии шӯбаи пиллапарварии назди комиҷроияи ноҳия ва агрономии ҳамин соҳаро ба ӯҳда дошт. Бо шунидани оғози Ҷанги Бузурги Ватани ихтиёран ба ҷабҳа дохил шуда, дар Фронтҳои Украина ва Белорусия бо шуҷоату далерии том ҷангида, аз пояш ярадор шуд. Баъди шифо ёфтан муборизро алайҳи фашистон идома дода, то рӯзҳои ғалаба ҷангидааст. Шаҳодати шуҷоати размиаш мукофотҳои зиёти ҳарби мебошад ,ки сазовор гаштааст. Баъди ғалаба Н. Маҳмадуллоеев ба ватан баргашта, дар корҳои барқароркунии баъди ҷангӣ фаъолона иштирок кардааст.
  Собиқаи меҳнати ва ҷангии Н.Маҳмадуллоевро ба назар гирифта,  ӯро ба раисии правленияи колхоз тавсия намуданд. Ба туфайли кордонию ташкилотчигии худ, раис тавонист, ки ин хоҷагии серсоҳаи ноҳияро ба дараҷаи хоҷагиҳои пешқадамтарини ВМКБ расонад. Ин марди пухтакор,ки ба ояндаи дур назар карда метавонист, ба ғайр аз корҳои хоҷагии рӯзмарра, боз шогирдону ворисони зиёдеро аз ҷумла фарзандону ҳамдеҳагон тарбия карда, ба воя расонад. Бесабаб нест, ки зумрае аз онҳо чун мутахассисони соҳибилм тавонистанд кори ин марди шарифро идома бахшанд. Аз ҷумла, чунин ворисонаш Раҳмон Гандумов солҳои тӯлони раиси деҳшӯрои Язғулом, Эмомназар Шайхов раиси ҳамин колхоз, М. Авсаломов агроном ва раиси колхоз, А. Мибишоев раиси маҳала, В.Маҳмадуллоев раиси хоҷагии деҳқони ва бисёр дигаронро ном бурдан мумкин аст. Хизмати ин марди шариф бо мукофотҳои умуми иттифоқу ҷумҳурӣ қадр шудааст.
  Шогирдону ҳамдеҳагон барои пос доштани хотираи неки ин марди меҳнату ҳарб ва мураббии нотакрор бо ташаббуси бо номи ӯ номгузорӣ намудани хоҷагии деҳқонии Язғулом амали айни савоберо чун арзи сипос ба ҷо овардаанд. Имрӯзҳо сокинони хоҷагии деҳқонии “Нағзиалӣ” бо саъйи комил барои пешравии он заҳмат ба харҷ медиҳанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар ояндаи наздик ба туфайли меҳнати ворисон ин хоҷагии номбардори фазанди диёр ба дараҷаи яке аз хоҷагиҳои намунавии ноҳияву вилоят муаррифӣ хоҳад шуд. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.