Ҷонмаҳмад Ризвонов

  RizjonmahҶонмаҳмад Ризвонов 13-уми январи соли 1912 дар Язғулом, дар оилаи деҳқони камбизоат ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар давраи то наврасиаш сар шудааст. Саводи ибтидоиро дар назди мулло ва сипас дар аввалин мактаби шӯравӣ дар деҳшӯрои Язғулом гирифтааст.
  Соли 1930-1942 муаллими мактаб ва баъди гузаштани таҳсили кӯтоҳмуддати ҳизбӣ (1942-1943) солҳои 1943-1947 вазифаи нозири кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷро ба ҷо овардааст. Қобилияти ташкилотчигиашро ба назар гирифта Ҷ. Ризвоновро соли 1947 ба вазифаи котибии комсомоли ноҳия тавсия доданд. Баъди интихоб шудан ин масъулиятро, то соли 1951 ба ӯҳда доштааст.
  Фаъолияти кории Ҷ. Ризвонов дар солҳои оянда чунин сурат гирифтааст: солзои 1951-1954 раиси колхози Язғулом. Баъди бо тақозои тақдир муҳоҷиркунии сокинони деҳшӯрои Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви вилояти Қӯрғонтеппа аз соли 1954 то 1957 роҳбари сохтмони колхози “Масква” и ноҳияи Куйбишев, солҳои 1957-1962 раиси Ассотсиатсияи ҳосилоти деҳаи “Роҳи сотсиализм”-и колхози “Москва”и ноҳияи Куйбишев.
   Аз соли 1963 Ҷонмаҳмад боз ба ҳамин шуғли ибтидоии фаъолияти меҳнатиаш омӯзгорӣ баргашта, то соли 1976 ин амали некро дар мактаби миёнаи рақами 4-и ба номи Пушкини ноҳияи Куйбишев сарбаландона ба ҷо овардааст. Ҳамчунин 12 фарзанди худро дар роҳи рост одамгарию донишандӯзӣ тарбия намудааст, ки аксарияташон соҳиби маълумоти олианду пешаи падар , яъне хизмати халқу Ватанро ба ҷо меоранд. Ин марди фазилатпеша 23 маи соли 1985, дар синни 73 солагӣ аз дунё даргузашт, вале дар саҳифаи таърихи диёр номаш сабт гаштаву боиси ифтихори авлодон зинда хоҳад монд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.