Абдулло Тирандозов зодаи Баравни деҳшӯрои Водхуд буда, дар ҷодаи гӯштигирӣ пайрави бевоситаи бобои Тирандозаш мебошад, ки сархайли ҷавонмардони замони худ дар оббозӣ, паҳлавонӣ, шикор ва тирандозӣ будааст. Абдулло дар ибтидои солҳои 70-уми садаи мо таваллуд шуда, баъди ба Душанбе кӯчидани оилаашон дар ин шаҳр ба воя расида, дар мактаби варзиши пахдавонони номӣ Маҳмадшарифи Сулаймон ва Мурувватшо Бачабекову Аҳмад Беков ба камол расидааст.
Ӯ иштирокчии бевоситаи мусобиқаҳои гӯштии миллӣ дар ҷумҳурӣ ва навъҳои дзюдо ва самбо берун аз он буда, дар аксари онҳо зинаҳои баландро соҳиб шудааст ва аз ин сабаб ҳам дар навъҳои мазкур дараҷаи баланди устоди варзиши ИҶШС-ро соҳиб шудааст. Абдулло имрӯз ҳам дар мусобиқаҳои гуногун шарафи варзиши тоҷикро ҳифз менамояд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед