Беҳруз Сабзалиев

  Беҳруз Сабзалиев зодаи деҳшӯрои Язғуломи ноҳияи Ванҷ, (деҳаи Жамаг) дар соли 1976 аст. Шуғли гӯштиро аз давраи мактабхонӣ огоз намудааст. Беҳрӯз баъди хатми Донишгоҳи шаҳри Хоруғ, ба Русия сафар намуда, дар он ҷо ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гаштааст. Феълан дар комплекси варзишии шаҳри Москва дар зери роҳбарии устоди намоёни варзиши Русия, мураббии хизматнишондодаи Федератсияи Русия А.А.Сюпоченко машқ мекунад. Дастовардҳои Беҳрӯз дар Русия чунинанд:
1996 – мусобиқаи минтақавй дар шаҳри Перм оиди тарзи гӯштии дзюдо, ҷои якум;
1996 – мусобиқаи минтақавии Русия дар Челябинск оиди тарзи гӯштии самбо – ҷои аввал;
1997 – мусобиқаи расмии умумирусиягӣ доир ба тарзи гӯштии самбо, ҷои якум; 
1997 – мусобиқаи умумирусиягй доир ба самбо дар шаҳри Тюмен – ҷои аввал;
1999 – мусобиқаи шаҳри Москва – ҷои аввал;
2000 – мусобиқаи байналмиллалй дар шаҳри Москва – аз рӯи намуди дзюдо, дар вазни 86 кг – ҷои сеюм.
  Ин паҳлавон имрӯз дар айни авҷи камолоти варзишӣ буда, ҳамдиёрону мухлисони зиёдаш аз ӯ комёбиҳои нав интизоранд. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.