Қваозмоии Ғофилпалвон да маҳракаи мир

  Як қисса дар бораи Ғофилпалвон ай ҳамаком шнавягӣ бием, нақлтун мекнм. Ин воқеа да солои нимаи дуйми асри XIX бидаст. Ҳар сол мири Дарвоз гуштини калуни наврӯзӣ мегзарундаст. Беҳтарин палвоно ҳнарнамоӣ мекаран, некӣ палвонои ванҷӣ прта унвони палвони наврӯзира мегфтан.
  Мир як палвона як сари сол тарбия мекна, мега, бояд имсол ҷоизаи наврӯзӣ дар Дарвоз бмуна. Ғофилпалвон ай сари Ванҷ ва палвоно раакӣ мегара. Якм шава дар маҳаллаи Сари Дуи Гшхун мегзарунан. Барое умаш хувардхтари Бобии Наврузмуҳамад бидаст. Саҳарӣ пеш ай сафар мепрсаш ичӣ ҳавсала дорӣ?. Мега: – “Тағоӣ нӯбатпоӣ мерам, ов намебарам, бушола метовм, дар тоқим овша мекабм”. Кашш мегира мега, ки бҷқ, баъд дҳора мегираву раакӣ мегара.
  Дарвознда наврӯзӣ, тамошо, хшиву хрсандӣ, гӯштин дар авҷ. Хлоса, финал палвони мир ва Ғофилпалвони ванҷӣ пеши табақ мешинан, ки як-ду нволаи бгиран. Ғофилпалвон палвони мира мега, ки бхез тезта бзамту табақи авқота тоқа бхрм. Ду палвони беҳтарини Миригарии Дарвоз дар майдон, змину замон меҷмба. Хомушӣ, паша пар зана, садоша мешнавӣ. Як тараф нимсеру нимбараҳна, вале ва номусу нангу дҳои бзрго дар пушт. Тарафи дигар серу пру да пӯшоки беҳтарин.
  Қваозмоӣ шрӯ мегара, ду бародар, ду ку, ду ҷавонмард, ду майдунзеб, пеш ай саршавии қваозмоӣ рақси паҳлавонира ва як маҳорати олӣ иҷро мекнан. Қарсаки мардм да осмун мепеча. Да майдун палвоно мсобиқара сар мекнан, Ғофилпалвон усули миюннчкира истифода бура, чунон сахте межқа, ки садои ҳариф бадар мегара, вахте ӯйш мекна, палвони мира вушш мерава, ва пушт дароз мекаша. Довар дастша вуч мекна.
  Ғофилпалвон да пеши палвони мир чорзонӣ мекна, мега, ов биёре. Овш мешапа, палвон ва вуш миёя. Ва одоб палвони мира аз таги кашш мегира, ай майдун берун меброра. Баъд ва зонӣ мезана, дстоша мебардораву мега, ки Хдовандо, ҳамаш да дсти туст, амин табақи авқот насиби мн набидаст. Ай гфтани тӯҳфаи наврӯзӣ хддорӣ мекна, лингира сари ктф мекнаву ва ёрош снӣ Ванҷ раҳсипор мегара. Бахтиёр Ҷебов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.