Кабуд Вазиров дар миёни аҳли илми геологияи тоҷик аз шахсиятҳои номдори соҳа, донандаи асрори пайдошавии чандин кони канданиҳои фоиданоки кишвар, устоди воқеан соҳибкасб ва сахтгиру серталаб шинохта шудаанд. Мавсуф дар як зумра донишгоху донишкадаҳои олии кишвар ба муҳассилин нозукиҳои илми геологияро омӯзондаву дар ин самт чандин шогирдонро ба воя расонидаву ба шоҳроҳи пурпечутоби геология раҳсипор кардаанд. Кунун дастпарварони мактаби ин олими закӣ дар чандин корхонаву муассисаҳои соҳавии кишвар дар пешбурди илми геология ва соҳибистиқлолиятии он саҳми беандоза калон гузошта истодаанд…
Солҳои зиёд дар Пажӯҳишгоҳи геология низ фаьолият кардаву дар омузиши геологияи чандин маьданхо саҳмгузор низ гаштаанд. Муаллифи зиеда аз 200 мақолаву навиштаи илмӣ буда, чанд китоби дарсиву методӣ таьлиф намудаву дастраси мутахассисини ҷавон кардаанд. Дар пиёда сохтани Қонуни забони тоҷикӣ низ саҳми сазовори хешро гузоштаанд. Яке аз аввалин китоби дарсии “Ашёҳои минералӣ”-ро бо забони давлати омодаи чоп карда буданд…
Дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ доим нигоштаҳои он касро мутолиа мекардем. Узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон низ буданд…
Афсус, ки ду сол қабл моро тарк гуфтанд. Мо умед дорем, ки шогирдон кору пайкори нотамоми устодро давомбахш мекарданд…
Худованд манзили охираташонро ҷаннатулфирдавс гардонида бошад, Омин!. Фарҳод Ғафурзода, донишманди риштаи геология. 23-08-2021.
Назари хешро иброз кунед