Паҳлавон кӯдаконро аз ҳамлаи хирс наҷот дод

 “Ҳар касе, ки инсонеро аз марг раҳоӣ бахшад, чунон аст,ки гуё ҳамаи инсонҳоро зинда кардааст” (сураи Моида).
  Дирӯз дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ чанд нафар аз наврасон барои ҷамъоварии ҳезум ба ҷангал рафта буданд. Дар байни ҷангал бачаҳо бо як хирс рӯбарӯ мешаванд.
  Хирс ба яке аз ин бачаҳоро ба номи Парвин Муҳаббатов ҳамла карда, чандин ҷои бадинашро захмӣ мекуна. Дар ин ҳангом муаллими тарбияи ҷисмонии деҳа Рамазон Синонов ба тарафи ҷангал меравад, то наврасони дигаро аз ҷангал берун биёрад. Хирс, ки пинҳон шуда буд, боз дубора тарафи онҳо ҳуҷум карданӣ мешавад, ки Рамазон барои наҷоти ҷони кӯдакон бо ӯ дармеафтад.
 Хирс чанд зарба ба ҷисми Рамазон мезанад ва ӯро сахт захмӣ мекунад, баъдан роҳи гурезро пеш мегирад. Рамазонро ва ҷавонро ба бемористони ноҳия меоранд. Худоро шукр, баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати онҳо муътадил ҳаст. Яке аз дӯстонаш имрӯз аз Рамазон ҳолпурсӣ карда буд, ки бо вуҷуди ҷароҳатҳои вазнин ва дарди ҷонкоҳ рӯҳияааш хеле қаввӣ ҳаст ва бо шухӣ гуфт: – “Дар ҷанг бо хирс ягон “приём” ба кор наомад”. Вале ҳақиқаташ ин ҳаст, ки ӯ хирсро ду бор баусули зебо ба замин зад .
 Рамазон Синонов яке паҳлавонҳои хуби ноҳияи Ванҷ аст. Хатмкардаи коллеҷ ва донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Дӯстону ҳамсабақонаш ӯро ҳамчуни марди далер, хоксор ва бисёр заҳматкаш мешиносанд. Рамазон чанд соле пеш ҳамсарашро аз даст дода буд.Тайи ин муддат ба шуғли муаллимӣ ва устоди деворгару дару тирезтарош кор мекард, то рӯзии панҷ фарзандашро таъмин кунад. Барои паҳлавон Рамазон ва Парвин шифои оҷилу комил таманно мекунем!. Муҳаммадрозиқ Неъматзод. 20.10.2021.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.