Шервонӣ Мабатшоев


Мабатшоев Шервонӣ Ҳувайдоевич нимҳимоятгарӣ тими миллӣ ва яке аз беҳтарин бозингарони кишвар 12 апрели соли 2000 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба футбол шавқ дошт. Аз ин рӯ, дар нӯҳсолагӣ ба Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) дохил шуда, ба тамрини футбол машғул мешавад.

  Шервонӣ бо талоши зиёд зуд ба натиҷа расида, дар ҳайати то 16-солаи кишвар ва дастаи “Помир” (Душанбе), ки дар Лигаи якуми буд, даъват мешавад. Дар ҳайати U16 дар Ҷоми Президентии Қазоқистон мақоми дуввум ва медали нуқраи ҷомро ба даст овард.
  Шервонӣ аввалин қадамро дар лигаи олӣ аз дастаи “Барқчӣ” оғоз мекунад. Соли 2019 ба дастаи “Клуби марказии варзишии артиш” (ЦСКА) гузашта, дар он ҷо ду сол ҳунарнамоӣ мекунанд ва дар ҳайати ин даста медали биринҷии қаҳрамонии футболи мамлакатро соҳиб мегардад.
  Соли 2020 ҳамчун “Кушоиши сол” ва беҳтарин нимҳимоятгари футболи Тоҷикистон эътироф мегардад. Аз 21 июли соли 2020 ба дастаи “Истиқлол» (Душанбе) гузашта, то ҳол дар ҳайати ин даста фаъолияти варзишӣ дорад. Дар ҳайати “Истиқлол” қаҳрамони Лигаи олии футболи кишвар шуда, ҷоизаи Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст.
  Шервониро чаҳор дафъа ба ҳайати тими миллӣ даъват кардаанд. Ҳоло ба ҳайси нимҳимоятгар дар тими миллии футболи Тоҷикистон фаъолият дорад. Шервонӣ 1,83м қад дошта, дар мавқеияти нимҳимоятгарӣ бо рақами 11 ба майдон мебарояд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.