Шеваи тақдир

  Ҳанӯз аз даврони пеш то замони тасхири Ванҷ аз тарафи қушунҳои шӯравӣ дар аввалҳои қарни бистум, амлокдорони маҳалӣ шахсонеро, ки дар муҳофизати водӣ барои амалҳои ҷавонмардона ва ҳифзи якпорчагии водӣ корнамоиҳо нишон медоданд, гиромӣ медоштанд ва ин гуна аъмоли онҳоро бо тӯҳфа ва бахшишҳо қадрдонӣ мекарданд.
  Дар катори тӯҳфаҳо дар аксари мавридҳо қитъаи заминеро дар ин ё он гӯшаи водӣ бо мӯҳру санад тақдим ҳам мекарданд. Мисол, барои корнамоиҳои беназирашон дар муҳофизати Қалъаи Рохарв аз ғосибгарони манғит додани порчаи замин дар маркази маъмурии водӣ шаҳраки Рохарв ба Мирзои Карак (рӯҳу равонаш шод бод) ва ба Наврӯзшоҳ (рӯҳу равонаш шод бод) як қитъаи замин дар маҳаллаи Пуни Дуи деҳаи Гишхун далели ин аст.
  Маҳаллаи Скосми деҳаи Мдехарвро бошад, ба Лашкаршоҳ (рӯҳу равонаш шод бод) барои аз байн бурдани саркардаи дастаи ғосибгари қирғизҳо дар даромадгоҳи водӣ дода буданд. Ин гуна инъомро ба рӯҳонии маъруф Эшони Гулмуҳаммад (рӯҳу равонаш шод бошад) низ раво дидаанд. Ба Эшони Гулмуҳаммад ва аҳлу авлодаш дар маҳаллаи Торшери деҳаи Удоб барои хонаву дар сохтан, дар деҳаи Равгада барои вусъат додани чорводорӣ ва дар деҳаи Роғ барои пахтакорӣ қитъаи замин ҷудо карда, дода буданд.
  Ин гуна имтиёзҳоро барои устоҳои деворгару ва чӯбу оҳангар ва косибони чармгару карбосбоф ва ғайра низ медоданд. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандонаи амлокдорони Ванҷ дар ҳамон замону минбаъд заминае барои тақдири амалҳои ҷасоратмандона ва шуҷоатмандонаи сокинони водӣ гузошта буд.
  То замони ҳукумати шӯравӣ води Ванҷ дар миқёси Тоҷикистони кунунӣ ягона водие будааст, ки ҳокимонаш, яъне миру шоҳонаш дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ будаанд. Маҳз ҳамин пояи ҳукмронии сирф тоҷикӣ ва фазои тоҷикият боиси вуруд ва фирори мағзхо аз дигар минтақахои дуру наздик, минҷумла Афғонистон, Кӯлоб, Қошғар, Вахё ва минтақаҳои гуногуни Узбекистони кунунӣ ба водии Ванҷ гашта буд.
  Касе барои зиндагии доимӣ, касе барои зиндагии муваққатӣ ва корҳои мавсим, касе аз ҷабру зулми беку хоҷаву дигар амлокдорони қавми манғит ба ин водӣ фирор мекард. Гуманизм дар ҳама давру замон дар водӣ арзи вуҷуд доштааст ва мардуми водӣ ризқу рӯзияшонро ҳамеша бо садҳо ҳаммиллати ба Ванҷ фироркарда қисмат мекарданд.
  Дар ҳамон давру замон ба гурезаҳое, ки аз тарафи Шуғнону Рӯшон аз ҷабру зулм ва тохту този афғонхо фирор мекарданд, барои кору бор ва пайдо кардани ризқу рӯзӣ муваққатан заминҳои мириро ба истифода медоданд, ки шоҳи Дарвоз сабаби кам рӯёндани андоз аз ғалладонаро маҳз дар хамин ва ин амалро густохии мири Ванҷ дониста, аз болои ӯ ба беки Балҷувон шикоят ҳам бурда будааст.
  Водии Ванҷ бо ҳама буду набудаш як водии саршор аз ғурури ҷавонмардӣ будааст ва дар ҳама давру замон барои садҳо ва ҳазорон ҳамватани дуру наздики мо як хонаи умеде будааст, ки низоми ҳукумронии соф тоҷикӣ ва фазои амни точикият дар миқёси водӣ, сокинонаш даст ба дасту китф ба китфу дӯстона дар ин водӣ умр ба сар бурдаанд, арзишу анъанаҳои таърихӣ, инсониву имонияшон дар ин водии ба қавле “водии саркашон” шуҷоатмандона то замони шӯравӣ ҳифз карда буданд. Азиз Қадамов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.