Шамсул Пиров соли 1917 дар деҳаи Жамаги ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Хоруғ гирифт. Аз ин пештар дар ноҳияи Қалъаихумб мактаби махсуси кормандони ҳизбиро гузаштааст. Фаъолияти кориаш аз соли 1934 ба ҳайси омӯзгор ва солҳои 1940-1942 ба вазифаи котиби аввали комсомоли ноҳияи Ванҷ оғозу идома ёфт. Соли 1943 ба Кумитаи ҳизбӣ ба кор гузашта ва ба вазифаи сардории Шӯъбаи ҳарбии назди КҲ ноҳияро ба зимма дошт. Давраи ҷанг, соли 1944-1945 дар вазифаи ҷонишини аввали комиҷроия кор кардааст.
Соли 1946 то соли 1949 ба водии Язғулом ба зодгоҳаш рафта, котибии ҳизбиро ба ӯхда гирифт. Аз соли 1950 то охили солҳои 80-ум ӯ дар вазифаҳои омӯзгор, мудири қисми илмӣ ва директории мактаб кор кардааст. Хизмати намунавӣ ва бисёрсолаи Ш.Пиров бо медалу ифтихорномаҳои зиёде қадр шудааст. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед