Идибек Ризоев

  hdibegrizИдибек Ризоев соли 1915 дар деҳаи Мотравни ҷамоати деҳоти Язғулом дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактабҳои нави шӯравӣ гирифта, солҳои 1936-1937 таҳсилро дар омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғарм идома додааст. Пас аз хатми он ба зодгоҳаш баргашта, дар таълиму тарбияи наврасон ҳиссаи арзанда гузошт. Зиёда аз 20 соли умри бобаракати худро дар роҳбарии мактабҳои деҳшӯрои Язғулом сарф намуд. Соли 1956 ба Шӯъбаи ғоибонаи бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1965 бомуваффақият хатм намуд ва то охири ҳаёт ба касби омӯзгорӣ содиқ монд.
  И.Ризоев дар амалӣ намудани сиёсати созандагии Ҳукумати Шӯравӣ дар кӯҳистони дурдаст фаъолияти баланд нишон додааст. Аъзои ҷамъияти “Дониш”-и ҷумҳурӣ буда, илму фарҳангро байни омма тарғиб мекард. Дар давраи фаъолияти меҳнатиаш шогирдони зиёдеро тарбия намуд, ки имрӯз дар хизмати халқу Ватан ҳиссагузоранд. Ҳукумати Шӯрави хизматҳои ӯро ба назар гирифта бо се ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, ордени “Байрақи Сурхи меҳнат” қадр намудааст.
   И.Ризоев соли 1994 дар деҳаи Матравн вафот кардааст. Хизмати бебаҳои ӯро ба назар гирифта, ҳамдиёрон бо қарори Шӯрои омӯзгорон аз 14 ноябри соли 1994 (№4) мактаби миёнаи №21-ро ба номи Идибек Ризозода гузоштанд.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Омӯзгор ва шахси ғаюр

  Яке аз шахсиятҳои маъруфи Ванҷзамин ва Бадахшон, устод, омӯзгор, ки мардуми солхӯрдаи Ванҷзамин аз мардиву ҷасораташ доимо ба некӣ ёд меоранд, муаллим Идибек Ризоев (Идӣ Ризо) буданд. Муаллим зодаи Язгуломи бостонӣ буданд. Ҳатто бо Котиби аввали ҲК Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров вохӯрдаанд.
  Сабаби ба мулоқоти ин шахсият ва сиёсатмадори ватан мушарраф гаштанаш таърихи аҷибе доштааст. Падари бузургворам, ки бо муаллим ҳамкасб будаву ӯро аз наздик мешинохт нақл намуд, ки Идӣ Ризо чанд боре зан мегирад ва инро дар замони шӯравӣ “нигоҳдорандаи урфу одатҳои қадима” гуфта, муаллим Идибекро, ки узви ҳизби коммунист будааст, дар ҷамъомад-пленуми ҳизбии ноҳияи Ванҷ ба муҳокима кашида, аз сафи ҳизби коммунист хориҷ мекунанд.
  Аз сафи ҳизб хориҷ кардани узви ҳизб дар он давра ба марг баробар шумурда мешудааст. Аз муаллим Идӣ Ризо талаб мекунанд, ки, билети ҳизбиро супор. Ӯ баҳонае карда, билети ҳизбиро намесупорад ва баъди чанд рӯзе сафари Душанбе карда, ба қабули Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон рафта, ба дидор ва сӯҳбати котиби аввал Бобоҷон Ғафуров мушарраф мешавад.
  Бобоҷон Ғафуров аҳволпурсӣ намуда, сабаби омаданашро мепурсад. Идӣ Ризо, ки марде зирак ва ҳушёру босавод будааст, суханро оғоз мекунад: -“Мӯҳтарам котиб, худатон як ба ман назар кунед, ин қадар чеҳраи зебое надорам, вале намедонам як зан мегирам, як сол зиндагӣ карда, баромада меравад, бе зан зиндагӣ нашавад,боз маҷбур мешавам дигар зан гирам, вай ҳам чанде зиста, баромада рафт, чанд бор рафтам, ки ба хона ояд, наомад ва маро дигар қабул накард. Ба фикри Шумо ман чӣ кор кунам?. Кори муаллимӣ, либосҳоямро ягон кас бояд шӯяд, ғизо бояд пазад, хоҷагиро нигоҳ кунад”.
  Котиб мегӯяд: – “Зан гиред!”. Муаллиммегӯяд: – “Ҳоло ду зан гирифтам, дар пленуми ҳизбӣ маро аз сафи ҳизб хориҷ карданд, агар зани дигар гирам, шояд маро паронанд, вале ман билети ҳизбиро насупоридаам ва гуфтам, ки билетро танҳо ба Шумо медиҳам”.
  Аз ин сӯҳбат котиби аввал хеле шод шуда, ба котиби аввали ҳизби коммунисти вилояту ноҳия занг зада супориш медиҳад, то ба муаллим Идӣ Ризо нарасанд ва ӯро ба сафи ҳизб барқарор кунанд ва онҳо чунин ҳам карданд. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.