Хоҷадавлат Давлатов соли 1915 дар деҳаи Убағни деҳшӯрои Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1938 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешавад ва то соли 1947, яъне муддати 8 солу 11 моҳ моҳу 9 рӯз дар хизмати ҳарбӣ ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Соли 1947 маълумоти миёнаро (шабона) дар мактаби миёна ба номи С.М.Киров гирифтааст.
Хоҷадавлат Давлатов аз соли 1967 дар даъвати 11-ум депутати вилояти Қӯрғонтеппа интихоб шудааст. Аълочии собиқ милитсияи Шӯравиро соли 1963 мушарраф шудааст ва соли 1967 бо ифтихорномаи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардидааст. Хоҷадавлат Давлатов соли 1995 вафот кард. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед