Фаъолияти Хазинаи Оғохони IV дар Ванҷ

  Дар давраи тӯлонии ҷанги гражданӣ (1992-1997) дар бисёр мавридҳо қатъ шудани ҳаракати нақлиёт бо роҳи Душанбе-Помир алоқаи байни ноҳияҳои Қаротегину Помирро бо марказ хеле суст карда буд. Имкониятҳои кишоварзии ин ноҳияҳои кӯҳистон хеле маҳдуд буданд ба зимни ин афзудани шумораи аҳолӣ аз ҳисоби гурезагони вилояти Қурғонтеппа ва ноҳияи марказӣ танқисии озуқавиро ба маротиб зиёд намуд.
  Дар чунин ҳолат ягона имконияти пеши роҳи қаҳтиро гирифтан, ёрии башардӯстонаи давлатҳои мутараққӣ буд. Ҳарчанд ин ёрӣ ба андозае эҳсос мешуд, вале дар ин ҷода маводи озуқа ба ноҳияҳои Помир бештар аз ҳисоби хазинаи Оғохони IV интиқол меёфт. Дар ин давра ин ёрии саривақтӣ ва аз панҷаи марговари гуруснагӣ раҳонидани аҳолии минтақа аҳамияти ҳалкунанда дошт. Дар шаклҳои гуногун ба ин ҷо ворид шудани озуқа, тухмӣ, нуриҳои минералӣ ва барои сохтмону таъмири иншоотҳои обёрикунандаи барқ ҷудо кардани маблағҳои муайян, имконият дод. Вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии солҳои 90-уми асри гузаштаи тамоми ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ванҷро мавриди таҳлил қарор дода, аз кӯмаки башардӯстонаи хеле бамавриди Хазинаи Оғохон ба мардуми Помир сарфи назар кардан маънии аз мавқеи ҳақиқатбаёнии таърихӣ дур шуданро дорад.
  Ҳамоҳангсози Хазинаи Оғохони IV дар Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Қ.Қоимдодов дуруст қайд намудааст, ки дар ҳамин лаҳзаҳои барои Бадахшон сарнавиштсоз қуввае лозим буд, то мардуми онро аз гирдоби ноумедӣ бароварда, такони моддиву маънавӣ бахшад. «Яъне мардумро аз гуруснагӣ наҷот бидиҳад, дилашро ба оянда гарм созад ва барои сохтани дунёи нав кӯмак бинамояд. Ин қувваи умедбахш, ки онро ҳукумати Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфт, хазинаи ҳазрати Оғохони IV буд, ки ҳамаро бо кӯмаки бекаронаву беғаразонаи хеш ба оянда дилпур сохт. Ҳазрати воломақом Оғохон дар баробари кӯмаки ғизоӣ, инчунин барномаи пешрафти Помирро бо мутахассисони варзида, тартиб доданд, то мардум битавонанд дар кӯтоҳтарин мӯҳлат аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ раҳо ёбанд.1 Аз шиддати бӯҳрон далеле, ки охири соли 1993 худтаъминкунии ВМКБ дар сатҳи 15 фоиз қарор дошт2, бараъло дарак медиҳад.
  Қобили қайд аст, ки ин барномаи башардӯстонаи Хазинаи Оғохон ба- рои Помир ҳанӯз аз соли 1993 оғоз ёфта, соли 1994 ба барномаи фаъолияти дарозмуддати тараққиёти он табдил дода шуд. Барои иҷрои ин мақсад, Хазинаи Оғохон (ХОХ) дар Бадахшон созмони маҳаллии ғайриҳукуматии Барномаи Кӯмаки Пешравии Помирро (БКПП) ба вуҷуд овард, ки мақсади он натанҳо аз назорат кардани тақсимоти кӯмакҳои башардӯстонаи хӯрокаву сӯзишворӣ, инчунин аз амалӣ гаштани барномаи худтаъминкунӣ ва бо мақсади тадриҷан васеъ намудани имконият ба даст овардани даромад ва сармоягузориҳо дар вилоят иборат буд. Мақсад аз ин тадриҷан раҳоӣ ёфтан аз қашшоқшию камбизоатӣ дар вилоят буд.
  Мувофики барнома Хазинаи Оғохон барои кӯмаку пешравии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи кишоварзӣ, энергетика, тандурустӣ ва маорифи халқ ба мӯҳлати панҷ соли аввал маблағгузориро дар ҳаҷми 21 миллиону 629 ҳазор доллари ИМА муайян намуд3. Вале солҳои оянда вобаста ба вазъи ҷумҳуриву вилоят ва талаби замон ин барнома борҳо таҷлили назар шудаву ҳаҷми кӯмак боз бештару домана- дортар гашта, соҳаҳои саноат, сохтмон ва савдоро низ фаро гирифт.
  Доири ҳаҷми ёрии Хазинаи Оғохон ва сохторҳои ба ӯ ҳамкорӣ дошта, дар Помир чунин далеҳо равшан гувоҳӣ медиҳанд:
  Солҳои 1994-2003 аз рӯи маълумоти расмӣ барои қонеъ намудани талаботи мардуми вилоят ба миқдори зерин маводи ғизоӣ ворид шудааст: орд — 161 643 т; шири хушк — 8 097,8 т; равған — 12 943 т; чой — 97,5 т; биринҷ — 3062,4 т; шакар — 512,5 т; наск — 3 661 т; лӯбиё — 985,6 т; собун 200,2 т; гандум — 17 094 т; картошка — 1 695 т. 4
  Соли 1995 ба вилоят 20 ҳазор тонна орд, 500 тонна равған, 815 тонна шири хушк кашонда шуд. Барои соли 1998 ин нишондиҳандаҳо чунинанд: орд — 12000 тонна, равған — 1 500 тонна, шири хушк — 2 135 тонна, наск — 987 тонна, гандум — 178 тонна, хӯроки кӯдак — 179 тонна. Ба- рои соли 1999 бошад ба ғайр аз дигар маводи дар боло номбаршуда, ба сари ҳар кас 56 кг орд ҷудо карда шудааст. Ҳамин сол 23 ҳазор пойафзоли бачагона низ чун кӯмак ворид шуд. Соли 2000 аз сабаби боло гирифтани зисти мардум аз сатҳи камбизоатӣ ҳаҷми ин кӯмак кам шуд. Баъзе деҳаҳои худро таъмин кунанда аз рӯйхат бардошта шуданд. Ба дигар деҳот вобаста ба талаботи лозимии маҳсулоти ғизоӣ илова ба маҳсулоти истеҳсолшуда ворид мегашт. 5
  Албатта, аз ин кӯмаки бевосита Ванҷ дар канор монда наметавонист. Аз рӯи маълумоти Раиси МСДСП Хазинаи Оғохон дар ноҳияи Ванҷ И.Ниҳмонов, ҳаҷми маблағгузории МСДСП барои иҷрои барномаҳои тарҳрезишуда дар ноҳияи Ванҷ дар давоми фаъолияти кории солҳои 1993-2002, чунин рақамҳоро дар бар мегирад:

Номгӯи барномаҳо

Маблағ доллари ШМА

1

Каналҳо: навсоз

55 710

 

Таъмир

10 383

2

Дюкер

188 425

3

Мактаб

70 160

4

Касалхона ва бунгоҳҳои тиббӣ

118 396

5

МГЭС (истгоҳи барқии хурд)

261 000

6

Хати обгузар

8 997

7

Пиларама (арраи тахтасозӣ)

6 000

8

Роҳ ва кӯпрукҳо

90 461

9

Кишти сабзавот, коркарди сабз ва мева

20 798

10

Боғдорӣ, ҷангал, рушқа

15 493

11

Бузпарварӣ

5 097

12

Мурғ ва мурғи марҷон

11 412

13

Замбӯри асал

3 480

14

Фермаи ширӣ

11 900

 

Ҷамъ

877 712

15

Кредит. Кишоварзӣ (2001-2002)

416 258

 

Техника

11 065

 

Чорводорӣ (маблағ)

19 568

 

Чорводорӣ (натура)

5 827

 

Мурғпарварӣ

65 402

 

Занбӯри асал

4 487

 

Дигар барномаҳои тараққиётӣ

40 797

 

Ҷамъ

572 404

 

ҲАМАГӢ

1 450 116

  Дар самти иншоотҳои сохтмонӣ то кунун саҳмгузории Хазинаи Оғохон равшан ба назар мерасад. Бино ба иттиллои роҳбари Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон, Саидбек Қосимов ба ғайр аз кӯмаки бевоситаи Хазина барои сохтмони биноҳои мазилии аз зилзила осебдидагон, бо маблағгузории Хазина дар ноҳия бинои мактабҳои ибтидоии деҳоти Садвадгу Ванвани поён, як синфхона дар мактаби миёнаи № 22, деҳаи Будун, биноҳои бунгоҳи саломатии деҳаи Баравни Ҷамоати деҳоти Водхуд бо маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудаанд. Ҳамчунин барои ташхисгоҳи байниноҳиявии чорводорӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар таҷҳизоти ба талаботи стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ, харидорӣ шудааст. Ба замми он барои таъмири каналҳои Техарву Удоб, ки чанд сол пеш сохта шудаву таъмирталаб гардидаанд, тибқи як барнома, маблағи зарурӣ ҷудо карда шуд. 5
  Ширкати бевоситаи Хазинаи Оғохон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди тамоми самтҳои хоҷагии халқ дар даҳ соли охир низ бараъло эҳсос мегардад. Самараноктарин ва калонтарин барномае, ки, — қайд намудааст рӯзноманигор Шоҳзода, — Бунёди Оғохон дар ноҳияи Ванҷ дар якҷоягӣ бо маҳомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба анҷом расонид, ин обёрӣ намудани замини 70 гектараи Дашти Язгулом аст, ки ҳоло хонаводаҳои зиёде он ҷо макони зист намудаанд». Дар қатори дигар иншоотҳои муҳими сохтмонии бо кӯмаки Хазинаи Оғохон бунёд гардида, рӯзноманигор гузаронидани оби нӯшокӣ аз тариқи қубурҳои полиэтиленӣ дар деҳаҳои Сабзига, Ускроғ, Потов, Бунай, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу синфхонаҳоро номбар кардааст.7 Ғайр аз ин боз аз ду нерӯгохи хурди деҳаи Пшихарв, ки бо кӯмаки МСДСП-и бунёди Оғохон сохта шудаанд, ёдовар шудан лозим меояд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

 1 Қоимдод Қ. Дидор. — Душанбе, 1994. — С. 51
 2 Собирова К. Вклад Фонда Ага Хана в развитии ГБАО. — Душанбе, 2005. — С.94.
3  Рақамҳои оморӣ аз: Қоимдод Қ. Дидор. — С.54-66 оварда шудаанд.
4  История Горно-Бадахшанской автономной области. — Т. 2. — Душанбе: Пайванд, 2005. — С.183.
5 Рақамҳои омориро доир ба ҳаҷми ёрии башардӯстонаи Хазинаи Оғохон барои ВМКБ ниг.: Собирова К. Вклад Фонда Ага Хана в развитии ГБАО. — С. 49 ва дигар саҳифаҳои китоб.
6  Дар ҳамдастӣ Ванҷро ободтар месозем // Ватан. -2011. — № 11-12 (октябр-ноябр). — С.3. 374
7  Шоҳзода. Саҳми Хазинаи Оғохон дар ноҳияи Ванҷ // Ватан. — 2012. — № 10- 11(октябр-ноябр). — С.6.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.