Тутпуст, туғмут ва себпуст: хӯришҳои маҳаллӣ ва қадимаи мардуми Ванҷ
Дар тӯли таърихи Ванҷзамин мардуми диёр аз қадим ба корҳои деҳқониву боғдорӣ, чорводорӣ ва шикор, ки созгори давр буд, шуғл доштанд. Ин аст, ки аз ҳамон даврон боғдорӣ, ки аслан аз дарахтони тут, зардолу ва себ буд, бештар рушд карда буд. Дар он сӯи дарё ҳам ин кор ҳанӯз роиҷ мебошад.
Ғизои рӯзмараи мардум дар баробари нон тут, тутпуст, тғмт ва себпст буд. Тутпуст дар он вақт нони дуюм шуморида мешуд. Хӯришҳое, ки номбар карда шуданд, дар ҳақиқат аз мева ва зироатҳои серғизо иборат буда, аз ҳама гуна изофаҳои кимиёвӣ пок мебошанд.
Ин аст, ки мардуми пеш хело ҳам солим тануманд ва паҳлавонҷусса буданд. Бемашқу тамрин паҳлавононе буданд, нотакрор. Марди деҳқон агар ба кишт, шикорчӣ агар шикор мерафт, дар лӯнгиаш баробари нон тутпусту туғмут мегирифт ва дар сари замин ё дар шикоргоҳ бо об мехӯрд.
Тутпустро бештар дар осёб орд мекарданд, каму беш ё агар фаврӣ лозим мешуд, дар ҷвозк (ҷувоз) ё бо далясанг мекӯфтанд.Туғмут бошад, аз тут, донаи зардолу ва чормағз таёр мешавад ва тайёр карданаш заҳмати бештар дошта, дар ҷувоз ё бо далясанг кӯфта мешавад. Лаззаташ дар ҳақиқат бешак беҳтар аз шоколад аст.
Себпуст ҳам бо усули тутпуст тайёр карда мешавад. Фақат фарқ он аст, ки тутпуст аз тути хушк (мавиз) ва себпст аз себпораи хушки себ таёр карда мешаванд. Омода ва истифода кардани ин ғизоҳои солим имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва тайёр кардани онҳо бо тараққии технологияи замонавӣ осонтар шудааст. Давлатмир Давлатов.
Назари хешро иброз кунед