Сарашо Қувватов

Сарашо Қувватов — рекордгузори 62-солаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ

Сарашо Қувватов дар ҷавонӣ

  Сарашо Қувватов яке аз варзишгарони маъруф дар ҷавонӣ бо бадани зебои варзишӣ дар майдонҳои мусобиқаҳои варзишии диёру кишвар ҳунарнамоӣ мекард. Дӯстону ҳамнишинон аз хислатҳои хуби инсонии ӯ ёдовариҳо мекунанд. Бо вуҷуди танумандӣ ҷавонмарди ҳалиму хушмуомила, ҳимматбаланд ва дастгири дӯсту корафтодагон буд.
  Қувватов Сарашо Муминович 9 апрели 1961 дар деҳаи Ғуҷоваст таваллуд шудааст. Дар деҳа ба воя расида мактаби миёнаи №1-ро хатм кардааст. Пас аз хатми мактаб дар қатори ҳамсолон ба хидмати ҳарбӣ даъват мешавад, вале ба сабаби норасоии вазн ӯро ба сафи артиш намепазиранд ва аз шӯъбаи комиссариат пас бармегардонанд.
  Дар он замон хидмати ҳарбӣ вазифа ва шарафи мардӣ ҳисоб меёфт ва барои ба он ноил шудан Сарашо Қувватов рӯ ба варзиш меорад. Бо саъйу талош дар соли оянда ба сафи артиши шӯравӣ дохил шуда, дар шаҳри Волгогради Русия адои хидмати ҳарбӣ мекунад.
  Сарашо Қувватов дар дил орзуи варзишгар шуданро мепарварид. Ба толори варзишӣ меравад, мураббӣ — варзишгари осетин ба ӯ бо нобоварӣ нигариста, мегӯяд, ки беҳуда хешро заҳмат надеҳ, аз ту варзишгар намебарояд. Ҳамин тариқ, мураббӣ чанд маротиба ба Сарашо суханҳои дилшикананда мегӯяд.
  Аммо Сарашо дилшикаставу рӯҳафтода нашуда, ба толор рафтанро идома медиҳад ва он муррабӣ мефармояд, ки ту хоҳиш ва иродаи машқ кардан дорӣ, коратро идома деҳ. Мураббӣ мегӯяд, ки дар ҳар кор асос майлу хоҳиш аст ва агар хоҳиш бошад, инсон бо талош ба ҳадафи гузошта мерасад.
Сарашо таҳти назорат ва баъдан роҳнамоиҳои он мураббӣ бо ҷаҳду ҳавас ба варзиш машғул шуда, қад кашида, бо бадани зебои варзишӣ ба зодгоҳ бармегардад. Мардуми деҳа ва ҳатто хешу табор ӯро дар дидори аввал намешиносанд, зеро вайро пеш ҷавони борику харобандом дида буданд.
  Баъдан, Сарашо Қувватов ба машқи гӯштин машғул шуда, дар назди устодони маъруфи варзиши ноҳия ва ҷумҳурӣ Давлатшо Охиров, Шариф Сулаймонов ва Мурувватшо Бачабеков тамрин кардааст. Дар маъракаҳои гӯштингирӣ ва мусобиқаҳои расмӣ иштирок карда, бо паҳлавонони маъруфи кишвар қувваозмоӣ карда, дар ин ҷода комёбиҳо доштааст.
  Баҳори соли 1997 дар мусобиқаи калон дар шаҳри Хоруғ дар қувваозмоӣ бо яке аз паҳлавонони маъруфи вилоят сутунмӯҳрааш зарб мехӯрад ва барои муолиҷаи он ба шаҳри Маскави Русия меравад. Сарашо Қувватов ҳамчун вобаста ва дилбастаи варзиш ба усули варзишии муолиҷа таваҷҷӯҳ карда, аз духтуру доруву сӯзундору дурӣ меҷӯяд.
  Ба ин сабаб, ба Маркази тиббӣ-барқарорсозии Дикул дар шаҳри Маскав муроҷиат мекунад. Ин яке аз марказҳои машҳури табобатии осебҳои сутунмӯҳра, чурраи (грыжа) мӯҳраҳо, кифоз, сколиоз, остеохондроз мебошад, ки онро Валентин Дикул таъсис додааст.
  Валентин Иванович Дикул варзишгар ва ҳунарманди хидматнишондода ва шоистаи сирки Русия ҳангоми иҷрои гимнастикаи ҳавоӣ ходаи оҳанӣ, ки банди бехатарӣ бар он насб буд, канда мешавад ва ӯ афтода, зиёда аз даҳ ҷои баданаш мешиканад. Бо шикастани сутунмӯҳра, осеби мағзи сар ва дигар аъзо дар беморхона бистарӣ шуда, пас аз ҳашт моҳ дар аробаи маъюбӣ аз он ҷо берун мебарояд. Дар ин муддат ҳатто ду маротиба кӯшиши худкушӣ мекунад.
  Дикул барои ба по хестан барои инкишоф додани мушакҳои пушт, сина ва дастон тамринҳое эҷод карда, адабиёти соҳаро омӯхта, дастгоҳи махсуси варзишӣ сохта, дар каташ насб менамояд. Ба воситаи ин машқу тамринҳо Валентин Дикул баъд аз панҷ сол ба по хеста, роҳ меравад. Баъдан, дар гимнастика чандин рекорд (мисли партофтани гулӯлаҳои оҳанин, дар китф нигоҳ доштани платформа бо мошин ва ғайра) мегузорад. Дар соли 1990 усули табобатии Дикул патент гирифта, марказҳои табобатии ӯ таъсис дода шуданд, ки ба табобату барқарорсозию тавонбахшии сутунмӯҳра пас аз осебпазирӣ ва дигар бемориҳо машғуланд.
  Сарашо Қувватов ба ин марказ рафта, бо Дикул мулоқот карда, мутобиқ ба тавсияҳои ӯ ба машқ мепардозад ва дар ниҳоят аз азияти миён раҳоӣ меёбад. Ӯ сутунмӯҳраро бе кӯмаки духтуру дору ба воситаи варзиш муолиҷа мекунад.
  Сарашо Қувватов мисли Валентин Дикул худро муолиҷа карда, бадани хешро ба ҳадде тарбияту пурқувват мекунад, ки дар синни шастуяксолагӣ рекорди ҷаҳониро мегузорад. Ба Дикул занг зада пешниҳоди хешро мерасонад ва Дикул Президенти клуби байналмилалии рекордгузорон “Интерстронг” В. Шанкинро, ки ба Олмон рафта будааст, ба Маскав мехонад ва ӯ бар гашта, чорабинии рекордгузориро ташкил мекунад.
  Сарашо дар тӯли 1 соату 40 дақиқа дар курсии варзишӣ ба пушт пойҳои хешро 2100 маротиба ба шикам расонда, рекорди навро сабт кард, ки ин дар ин синну сол фавқулода ва ҳайратангез мебошад. Дикули маъруф ҳам изҳори ҳайрат карда, мефармояд, ки ин дар ин синну сол номумкин аст, барои ин корро анҷом додан инсон бояд ду дил дошта бошад.
  Навори ӯро бинандагон дар интернет хеле писандида, аҳсану офаринҳо гуфтанд. Ба толори варзишӣ рафтанро идома дода, ҷавону калонсолонро ба толорҳо рафтану ба варзиш машғул шудан ташвиқ мекунад.

Шаҳодатномаи рекордгузорӣ
Сарашо бо Дикул (аз рост) ва Шанкин аз чап)
Сарашо бо Дикул (аз рост) ва Шанкин (аз чап)

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.