Салом Асоев моҳи маи соли 1933 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1952 ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи ибни Сино дохил шуда, бо итмоми таҳсил ба зодгоҳ баргашт ва то имрӯз ҷои кору иқомати худро дигар накарда, ба ҳамдиёрон хизмат мекунад.
Ӯ аввалин табиби маълумоти олидор дар ноҳияи Ванҷ ва сеюмин шахси тахассуси баланди ин соҳа дошта дар ВМКБ мебошад. Зинаҳои кории Салом Асоев чунинанд: солҳои 1958-1961 дар табобатхонаи марказии ноҳияи Ванҷ чун духтур, 1961-1963 сардухтури ҷарроҳӣ дар Институти тиббии тахассуси дараҷаи ба- ланд(ординатураи клиникӣ), солҳои 1965-1993 ба ҳайси ҷарроҳ ва ҷонишини сардухтур доир ба корҳои санитарӣ, сипас ҷарроҳ-ҷонишин оид ба корҳои муолиҷавӣ хизмат намудааст.
Дар давраи фаъолияти худ С.Асоев даҳ маротиба ба марказҳои калонтарини тиббии Иттифоқи Шӯравӣ рафта, такмили касбу ихтисос кардааст. Ӯ ифтихор аз устодонаш академик А.Пӯлодов, профессор Н.З.Манаков, номзади илм О.Одинамаҳмадов, Талянс, Н.П.Костикова дорад, ки дар рушди касбиаш ҳисса гузоштаанд.
Фаъолияти касбии ӯ худ як шуҷоату мардонагиест, ки сазовори омӯзишу таҳқиқи ҷиддист. Дар солҳои аввали кор, ки баъзаи табобат ва донишҳои тиббӣ дар ноҳия хеле суст буд, ба Салом Асоев лозим меомад, ки ба ғайр аз табобату ҷарроҳӣ боз ба кори ташвиқу тарғиби донишҳои тиббӣ, имконияти он дар муолиҷаи беморон машғул гардад, кудрати дармонбахши табибро дар амал нишон диҳад. Азбаски дар ноҳияҳои ҳамсоя мутахассисон, алалхусус ҷарроҳони соҳибтаҷриба намерасиданд, дар бисёр ҳолатҳо ӯро таъҷилан ба ноҳияи Рӯшону Қалъаихумб барои ҷарроҳҳӣ мебурданд. Корафтодагони ин ноҳияҳо то андозае ба маҳорати касбй ё чи хеле ки мегуфтанд ва имрӯз ҳам мегӯянд, “дасти сабуки” ин табиби ҳозиқ боварй доштанд, ки баъзан аз имконияти ба касал- хонаҳои марказии вилоят ва ҷумҳурӣ рафтан даст кашида, бо дилпуррии том аз ӯ амали ҷарроҳӣ гузарониданро хоҳиш мекарданд.
Зиёданд мисолҳое, ки ӯ дар шароити зимистон, нагаштани нақлиёт пиёда барои ҷарроҳӣ ё табобати таъҷилии деҳаҳои кӯҳии дурдаст, истгоҳҳои муваққатӣ ва доимии геологҳо ё бо даъвати таъҷилии қисмҳои сарҳадӣ то 25-30 километр ва аз ин ҳам зиёд пиёда рафта, бо як самимияти фавқулодда ба дарди беморон дармон мебахшид. Ба кадом намуди ҷарроҳие, ки ӯ рӯ ба рӯ нагаштааст, вале дар ҳама ҳолат хоҳ ҷарроҳии меъда ё рӯда, хоҳ варами кӯрӯда (аппендитсит), ё гурра (грижа) хоҳ гӯшу гулӯ, хоҳ захми шуш, хоҳ шикастабандии мураккаб, хоҳ ҷарроҳии ҳини тавлиди кӯдак ва ғайра бо як боварию тамкини ба худ хос амал мекард. Имрӯз ба солорсолии худ нигоҳ накарда, ин гайрату боварӣ ба нерӯи шифобахши худ дар ниҳоди табиби ҳозиқ Салом Асоев пойбарҷо ва боқист.
Барои хизмати тӯлонию намунавӣ Салом Асоев бо ордени “Нишони фахрӣ”, ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва унвонҳои ифтихории “Духтури шоистаи Тоҷикистон”, “Ҷарроҳи дараҷаи олӣ” ва ғайра мушарраф гаштааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед