Юнус Юсупов

  yunsyusfЮнус Юсупов радод (ортопед), осебшинос ва мутахассиси дараҷаи олӣ оид ба бемориҳои сутунмӯҳра, аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС, роҳбари илмии Маркази худмаблағгузори ҷумҳуриявии бемориҳои сутунмӯҳра. Уро дар давоми 41 соли фаъолияташ аҳли ҷомеаи мо ҳамчун табиби ҳозиқ, омӯзгори пуртаҷриба мешиносанд.
  Юнус Юсупов соли 1937 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд ёфтааст. Ӯ соли 1962 факултаи бемориҳои кӯдаконаи Донишгоҳи тиббии ба номи ибни Синоро хатм намуда, соли 1963-1965 дар ординатураи клиникӣ, сипас солҳои 1966-1969 дар аспирантура таҳсил карда, баъди хатми он ба вазифаи муаллими калони кафедраи осебшиносӣ ва раддодии Донишкадаи тиббии Тоҷикистон таъин шуд. Аз соли 1988 то соли 1996 дар беморхонаи клиникавии бемориҳои сили №1 ҳамчун мудири шӯъба фаъолият намуд. Аз соли 1996 то соли 2000 инчунин дар кафедраи Донишгоҳи тиббӣ ҳамчун муаллими калон ба донишҷӯён дарс мегуфт. Аз моҳи марти соли 2000 бо фармони Вазорати тандурустӣ ба вазифаи роҳбари илмии Маркази нав ташкилёфтаи худмаблағгузорӣ-ҷумҳуриявии бемориҳои сутунмӯҳра таъин шуда, то кунун машгули кору табобат аст.
  Ёнус Юсупов дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, инчунин муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва 15 гувоҳномаҳои пешниҳоди беҳсозон мебошад. Ӯ аъзои “Ҷамъияти ҷарроҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, дар бисёр конфронсҳои Ватаниву хориҷӣ ширкат варзидааст. Ёнус Юсупов “Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС” буда, бо ифтихорномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.