Саламшо Ҳомидов 28 майи соли 1959 дар деҳаи Рави ноҳияи Ваиҷ таваллуд ёфтааст. Баъди анҷоми таълими мактаби миёнаи №15 Жовид соли 1976 дар китобхонаи ҳамин мактаб оғозӣ шуғли меҳнат намуд. Солҳои 1977-1982 донишҷӯи факултаи сохтмони гражданӣ- саноатии Донишгоҳи политехникии пойтахт. Сипас фаъолияташ ин зайл сурат гирифтааст: 1982-1987 сармуҳандиси шуъбаи сохтмони вилояти Қӯрғонтеппа, 1987-1995-корманди Шӯъбаи мубориза алайҳи дуздии моликяти давлати (ОБХСС) (феълан Управленияи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ-УБЭП).
Аз соли 1995 то алҳол корманди полиси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори гурӯҳи тафтишоти хизматии Раёсати мубориза бар зидди корупсияи полиси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед