Фармон Шарипов

  Полковники адлия Фармон Шарипов 24 маи соли 1959 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 1987 то соли 1993 дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз моҳи июли соли 1993 дар мақомоти прокурагураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳоло дар вазифаи муовини прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе кору фаъолият дорад.
  Ф.Шарипов корманди фахрии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.